Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.11.2023
in Хабар
0
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
302
VIEWS
Share on Facebook

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо даровардани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва бо садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардид.

Дар ин ҷамъомади бошукӯҳ ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ, хизматчиёни ҳарбиву кормандони ғайринизомии Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок доштанд. Дар ҷараёни баргузории ҷамъомад масъулини Вазорати мудофиа ва намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳайати дар толор буда ва дар симои онҳо тамоми хизматчиёни ҳарбии Артиши миллиро ба солгарди навбатии Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, зимнан аз таърихи парчамдории ниёгонамон ва аҳамияти бузурги ин муқаддасот дар низоми давлатдории мустақили миллӣ ёдоварӣ намуданд.

Дар ҷамъомад зикр карда шуд, ки Парчами давлатӣ нишон аз пойдорӣ ва соҳибихтиёрии давлат аст. Аз ин рӯ арҷгузорӣ нисбат ба он, муқаддас шуморидан ва эҳтиром гузоштан вазифаи ҳар як фарди ҷомеа, алалхусус афсарону сарбозони Артиши миллӣ мебошад. Ҳамчунин қайд гардид, ки мувофиқи Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар қисму воҳидҳои низомӣ низ байрақи ҷангӣ нигоҳ дошта мешавад ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳамчун нишони садоқату вафодорӣ ба халқу Ватани хеш байрақи ҷангии қисми ҳарбии худро эҳтиром намуда, қасам ёд мекунад, ки вазифаҳои хизматиашро мардонавор ва бо сари баланд ба ҷо меорад.

“Парчами давлатӣ рамзи озодӣ ва соҳибистиқлолии миллат” таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бошад, Конфренсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар рафти он афсарону устодони ин муассисаи таълимии низомӣ маърӯзаҳои гуногунро дар мавзӯъҳои “Парчами давлатӣ-рамзи ҳастии миллат”, “Парчам рамзи сарбаландию шуҷоатмандии миллати тоҷик” ва “Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ” пешниҳоди ҳайати шахсӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки воқеан, Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои хоси давлатдории мустақили миллӣ буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбат ба ин арзиши олӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси кишвар мебошад.

Умуман, қайд кардан ба маврид аст, ки ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиаи мамлакат, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, Раёсатҳои навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии тобеи онҳо ҷамъомади тантанавӣ, конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ ва фарҳангиву варзишӣ баргузор гардиданд.

Боқӣ ШАРИФОВ

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Next Post

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook