Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ — ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
05.03.2026
in Хабар
0
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
27
VIEWS
Share on Facebook

Занон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа, дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ саҳми муносиб доранд ва бо заҳмату талош дар ҳама бахшу соҳаҳо кору фаъолият менамоянд. Яъне, онҳо намунаи олии хастанопазирӣ ва рӯҳи матину устувор дар хизмати халқу Ватан мебошанд. Аз ҷумла, хизмати занону бонувон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар шоистаи ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарди кишвар мебошад. Зеро онҳо низ чунин масъулияти бузургро бар дӯш гирифтаву дар ҳифзи оромиву субот ва муҳофизати Ватан бо ҷасорат хизмат менамоянд.

Ба ин шарафи бузург ва гиромидошти зан–модар дар Вазорати мудофиаи мамлакат маҷмӯи чорабиниҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки мӯҳтаво ва ҳадафи асосии онро эҳтиром ва қадршиносӣ ба хизматҳои шоёни ифтихори занону бонувони низомӣ ташкил медиҳад.

Дар чорабинии пуршукӯҳ, ки бахшида ба Рӯзи Модар дар пойгоҳи Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ–ҳавоӣ  ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза ва занону бонувони низомӣ доир гардид, зимни он баромадкунандагон бо ифтихор доир ба нақши занон дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва саҳми занону бонувони низомӣ дар тинҷиву оромии мамлакат суханронӣ намуданд.

Зимнан вобаста ба бузургии модарон гуфта шуд, ки зан-модар бахшандаи ҳаёту бақои насли башар ва оинаи рузгору олиҳаи зебоӣ мебошад. Дар массири таърих симои зани тоҷик  хачун  диловару мубориз, озодихоху адолатпарвар, боифату фурутан ва кадбонуву хунарманд дар эчодиёти бузургоннамон  хеле барҷаста тасвир ёфтааст. Маҳз ба оғози бедории табиат, яъне фасли баҳор рост омадани ин рӯзи фархунда аз муқаддасу бузургӣ ва сарчашмаи ҳаёт будани  модар шаҳодат медиҳад.

Барои саҳмгузориҳои арзанда ва хизмати содиқона ба халқу Ватан, инчунин бо мақсади қадршионсии хизмати суботкоронаи ин қишри созандаву ободгари ҷомеа, ба иштирокчиёни ин ҳамоиши тантанавӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ бо иштироки васеи ҳунармандон ва дастаи ҳунарии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода баргузор гардид, ки он туҳфаи арзанде ба занон – хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томи Вазорати мудофиаи кишвар буд.

Previous Post

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Next Post

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

11.04.2026
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.04.2026
ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

03.04.2026
ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

02.04.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook