Рӯзи Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо даровардани байрақи ҷангӣ ва садо додани Суруди миллӣ тантанавор ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинии идона роҳбарияти Вазорати мудофиа, намояндаи Суди конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар ҳайати шахсии вазорат ширкат доштанд.

Нахуст, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода баромад намуда, таъкид дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳиму таърихӣ дар шароити барои сокинони кишвар бисёр ҳассосу ноустувор таҳия ва аз чониби худи халқ қабул гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони сохибистиқлолӣ арҷ гузорад».
Таҳияи лоиҳаи ин санади мухим ва бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардидани он аз ҷониби халқ дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида буд, зеро дар он муайян намудани шакли идоракунии ҷумҳурӣ, яъне ҷумҳурии президентӣ ва ё ҷумҳурии парлумонӣ яке аз масъалахои муҳим ба шумор мерафт.

Ин санади муҳиму таърихӣ аз давраи кабул то ба имрӯз барои халқи Тоҷикистон хизмат намуда, ҳуқуқу озодиҳон инсон ва шаҳрвандро дар кишвари мо таъмин менамояд. Дар замони сохибистиқлолии кишвар ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба тағйирот ворид гардидааст.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ зикр гардид, ки дар ҷаҳон 179 конститутсия кабул гардидааст ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои дунё шомил мебошад, ки ин боиси ифтихору сарфарозии сокинони кишвар аст.
Конститутсияи мо дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун санади нодири ҳуқуқӣ эътироф гардида, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттахид беҳтарин конститутсия эътироф гардидааст, зеро дар ин санади тақдирсоз, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақоми баланд дорад.

Сипас аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиа ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини ҷудо ва маҷмӯи машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сарбозони қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе доир гардида буд, ҷом ва дигар медалу ифтихорномаҳои вазорат тақдим карда шуд.
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





