Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
26.03.2025
in Хабар
0
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ
0
SHARES
32
VIEWS
Share on Facebook

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки беш аз даҳ сол аст ҳамчун муждаи сулҳу дӯстӣ ва ҳамдиливу ягонагии сокинони сайёра дар сатҳи байналмиллалӣ таҷлил мегардад, ҳамасола дар ватани Наврӯз-Тоҷикистони азиз ин ҷашни аҷдодӣ бо тозакориҳо ва ободу зебо гардонидани гӯшаву канори кишвари маҳбубамон истқбол ва ҷашн гирифта мешавад. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари мардуми шарифи диёр ҷашни таърихии хешро бо арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгони шарафмандамон дар ҳамаи қисму воҳидҳои низомӣ ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Маросими баргузории тантанаҳои идона дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо пешвози дастаҷамъомани “Маликаи баҳор”-у “Бобои деҳқон” ва ба ҷо овардани дигар оину суннатҳои хоси Наврӯз оғоз гардид.

Бо ворид гардидани “Маликаи баҳор” ва “Бобои деҳқон” ба базмгоҳи наврӯзии ҳайати шахсии ин боргоҳи илму маърифат, ки он ҳам яке аз рамзҳои мубораку муаззами Наврӯз аст, сараввал меҳмонон ва роҳбарияти донишкада аз сатҳи ташкили чорабинии идона, оростани дастархони Наврӯзӣ бо ҳафт сину ҳафт шин ва ба дигар унсурҳову чорабиниҳои доирнамудаи афсарону устодон ва таълимгирандагони Донишкадаи ҳарбӣ баҳогузорӣ намуданд.

Дар баробарии муаррифӣ ва маънидод намудани дастархони оросташуда бо ҳафтсину ҳафтшини хоси ҷашни Наврӯзу баҳори аҷам, ҳамчунин афсарону устодон ва курсантони ин мактаби олии низомӣ бо ҳунару маҳорати воло ва базми суруру шодмонии наврӯзӣ, лаҳзаҳои ҷолибу хотирмонро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Роҳбарияти Донишкадаи ҳарбӣ ва ҳайати меҳмонон зимни сухани табрикотии хеш қайд карданд, ки Наврӯз рамзи ҳамбастагӣ, дӯстиву рафоқат ва эҳтиром ба ҳамдигар буда, бо чунин суннату анъанаҳои мондагораш ба ҷашни байналмиллмӣ табдил ёфтаву имрӯз кишварҳои зиёд онро ҷашн мегиранд. Ҳамин тавр, бо ифтихори бузург ба иштирокчиён ва дар маҷмӯъ ба ҳамаи фарзандони муҳофизи Ватан дар кори ҳимоя аз шаъну шарафи мардуми худ ва пос доштани ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамин барору комёбиҳо таманно карда шуд.

Воқеан, Наврӯз, ки аз пуршукӯҳтарин ҷашнҳои мо тоҷикон ба ҳисоб меравад, имрӯзҳо гиромидошту арҷгузорӣ ва ҷашн гирифтани он дар сатҳи ҳаёти фарҳангиву сиёсӣ, иҷтимоии ҷомеа ва алалхусус аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ низ мавқеъ ва ҷойгоҳи сазоворро ишғол намудааст.

Васфи баҳору наврӯз ва ҳам Модар-Ватан дар суруду оҳангҳои дастаҳои ҳаваскор аз ҳисоби донишҷӯёни донишкада ва дигар ҳунармандон базмро рангинтар ва иштирокчиёнро шоду мамнун гардонид.

Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник

Previous Post

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

Next Post

НАВРӮЗИ МЕҲАН БО ДЕСАНТЧИЁНИ ВАТАН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАВРӮЗИ МЕҲАН БО ДЕСАНТЧИЁНИ ВАТАН

НАВРӮЗИ МЕҲАН БО ДЕСАНТЧИЁНИ ВАТАН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook