Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
25.03.2025
in Хабар
0
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ
0
SHARES
111
VIEWS
Share on Facebook

Таҷлили Наврӯзи хуҷастапай, ҷашни бостонии мардуми аҷам бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат, дар толори асосии ин ниҳоди қудратӣ, бо шукӯҳи хосса доир карда шуд.

Дар оғози чорабинии ҷашнӣ доир ба иқдому ташаббусҳои созанда ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон вобаста ба  ҷаҳонишавии Наврӯзи хуҷастапай, вазири мудофиаи мамлакат суханронӣ карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони ин марзу буми аҷдодиро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният кард ва ба онҳо дар хизмати масъулиятноку пурифтихорашон барору комёбиҳоро таманно намуд. Тавре қайд карда шуд, Наврӯз рӯзи пирӯзист, пирӯзии нав бар куҳна, нур бар торикӣ, ростӣ бар дурӯғ ва як расми хуҷастаи фарҳангиест, ки наслҳои имрӯзаро аз як сӯ ба таърих ва аз тарафи дигар ба ояндаи умедбахш мепайвандад ва бо тамоми расму оинҳои хоси худ аз ягонагии маънавӣ ва тамадуни бойи таърихии миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ, байни хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар ҷузъу том, аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқа баргузор гардида буд, ки дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ он натиҷагирӣ ва ғолибони мусобиқа бо Ҷому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир ҳунармандони ансамбли «Шараф»-и Шуъбаи фарҳанги Маркази матбут ва иттилооти Вазорати мудофиаи мамлакат бо барномаи рангини консертӣ баромад намуда, ба чорабинии фарҳангӣ-фароғатии наврӯзии низомиёни мамлакат шукӯҳи хосса зам намуданд.

Қобили зикр аст, ки базмҳои идонаи наврӯзӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, қисму воҳидҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томи тобеи ин ниҳоди қудратӣ, бо оростани дастурхони идонаи наврӯзӣ, ташкилу баргузории барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ, қироати шеъру суруд, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ба мислӣ бандкашиву гуштини миллӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ хеле хотирмону фараҳбахш ҷашн гирифта шуд.

 Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Next Post

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook