Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
06.09.2024
in Хабар
0
ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ
0
SHARES
112
VIEWS
Share on Facebook

Ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ, ки ҳамасола дар саросари кишвар ба таври хотирмону самимӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, 33-юмин солгарди ин санаи муҳиму сарнавиштсози миллиро хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат низ дар баробари мардуми шарифи Тоҷикистон бо омодагии ҳамаҷониба ва рӯҳияи баланди идона таҷлил намуданд.

Таҷлили ин санаи фархунда дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар ҷамъомадҳои низомиёни кишвар бо риояи муқаррароти оинномавӣ ва басо ҳам самимиву хотирмон сурат гирифт. Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати мудофиа дар назди ҳайати шахсӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва пурарзиштарин дастоварди таърихии мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо ба даст овардани ин музаффарият миллати тоҷик баъди ҳазор соли таърих дар интиҳои қарни 20 дубора ба давлатдории мустақили миллӣ ноил гардид. Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу субот ва осоиштагии мардуми сарзаминамон-ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро ташкил медиҳад, мо бояд бо садоқат ва шарафи беназир ба халқу Ватан хизмат намоем, то ки мардуми шарифи Тоҷикистон ифтихорманд аз артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва Истиқлоли давлатии хеш бошанд!

Ҳамин тавр, баромадкунандагон Истиқлолу озодиро сарманшаи ҳамаи хушбахтиҳо, амалигардии орзуву ормонҳои миллӣ ва роҳи расидан ба ҳадафҳои бузургу созанда маънидод карда, қайд намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун рукни асосии давлатдории мустақили миллӣ ва такягоҳу пуштибони Истиқлоли давлатӣ дар таъмини амнияту субот ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ нақши асосӣ дорад.

Баъд аз суханрониву табрикотҳои самимӣ дар қисмати дигари ҷамъомади тантанавӣ барои хизматҳои софдилона, саҳмгузорӣ дар суботу оромии ҷомеа ва ба муносибати 33-юмин солгарди Итиқлоли давлатӣ як қатор хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки низомиёни кишвар ҷашни фархундаву пурифтихори соҳибистиқлолии меҳани азизи хешро дар пойгоҳи тамоми ҷузъу томи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташкили чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва дар маҷмӯъ бо рӯҳияи баланди идона таҷлил менамоянд.

Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник

Previous Post

ОЗМУНИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

Next Post

РУШДИ ИҚТИДОРИ МУДОФИАВӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РУШДИ ИҚТИДОРИ МУДОФИАВӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

РУШДИ ИҚТИДОРИ МУДОФИАВӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook