Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТУ ВАЗИФАГУЗОРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.04.2023
in Хабар
0
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТУ ВАЗИФАГУЗОРӢ
0
SHARES
313
VIEWS
Share on Facebook

Бо иштироки ҳайатҳои роҳбарии Вазорати мудофиаи мамлакат, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва командирони қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он вазъи кунунии ҷузъу томи Артиши миллӣ, тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти соҳавии ин ниҳоди қудратӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар ҷаласа  нахуст бурду бохти Вазорати мудофиаи мамлакат ва фаъолияти ҳамаҷонибаи ин ниҳоди қудратӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд. Муовинони вазири мудофиа ва роҳбарони чанде аз раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ, доир ба тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангии Артиши миллӣ, чорабиниҳои сафарбарӣ, ҳолати таъмини бехатарии хизмати ҳарбӣ, фаъолияти хадамоти қӯшунҳо, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, ҳолати иҷрои саривақтии талаботи ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, натиҷаи санҷишҳои инспексионӣ, ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон ва оид ба дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ маърӯза карданд.

Баъд аз муҳокимаи масъалаҳои ба миён гузошташуда, вазири мудофиаи мамлакат қайд кард, ки дар ҳалли ҳама масоили амниятӣ ва баҳри баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалидараҷа зоҳир намуда, фаъолият ва бурду бохти сохторҳои низомии мамлакатро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд. Аз ин рӯ ӯ таъкид намуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ, бо иродаи қавӣ ба Савганди ёднамуда дар самти ӯҳдадориҳои соҳавӣ, содиқона рафтор кунад ва нисбат ба иҷрои талаботи вазифаҳои хизматӣ, бо масъулияти баланд муносибат намояд.

Дар ин замина таъкид гардид, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ва дар ҷашни Артиши миллӣ он вазифаҳоеро, ки дар назди мо хизматчиёни ҳарбӣ гузоштааст, диққати аввалиндараҷа равона карда, онро роҳнамои фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор диҳанд ва иҷрои талаботи дастуру супоришҳоро дар мӯҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд. Илова бар ин, роҳбарияти Вазорати мудофиа супориш дод, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати дифоии кишвар, ташкили пайвастаи машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, машқҳои муштараки ҳарбӣ, дар доираи амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 пурзӯр намудани мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир, баргузории ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни нақшавӣ, дар байни ҳайати шахсӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва оид ба тақвият бахшидани дигар масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат тадбирҳои судманду самарабахшро амалӣ намоянд.

Дар охири ҷаласа, баҳри ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти хизматии ҷузъу том, ташкили хизмати дохилии қӯшунҳо, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳким бахшидани сатҳи омодабошии ҷангӣ, боз ҳам пурзӯр намудани корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, ташкили машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, дар сатҳи баланд гусел намудани сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро дар қисмҳои низомӣ ба анҷом расонидаанд, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар ҷузъу томи навъи қӯшунҳо, таъмини сарбозони навдаъватшуда бо шароитҳои зарурӣ, баррасии саривақтии тамоми муроҷиатҳо вобаста ба қабули шаҳрвандон, самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини хоҷагиҳои ёрирасон ва вобаста ба дигар самтҳои фаъолияти соҳавӣ иштирокчиён ва масъулини дахлдори ин ниҳоди қудратӣ аз ҷониби вазири мудофиаи мамлакат бо дастуру супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник 

 

Previous Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook