Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2021 ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.01.2022
in Хабар
0
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2021  ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
355
VIEWS
Share on Facebook

Дар ҳар давру замон баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар аз сатҳи омодабошии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангии сохторҳои қудратии мамлакат, ташкили ҳадафмандонаи хизмати дохилии қӯшунҳо, таҳкими волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъминоти ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳо бо воситаҳои моддӣ-техникӣ, доимо дар партави таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин масоил аз ҷониби ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва низомиёни сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ тадбирҳои судманду саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар ҷаласаи васеи машваратӣ, ки дар толори асосии Вазорати мудофиа баргузор гардид, фаъолият ва бурду бохти ин ниҳоди қудратӣ ва тамоми сохторҳои зертобеи он дар соли 2021, мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифта, нақшаву дурнамои фаъолияти минбаъдаи ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва низомиёни сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ барои соли 2022 муайян ва мушаххас карда шуд.

Аз рӯйи масъалаҳои дар ҷаласа баррасишаванда, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва муовинони вазири мудофиа дар назди ҳозирин маърӯза карда, оид ба ҳолати омодабошии ҷангӣ ва сафарбарии қӯшунҳо, сатҳи тайёрии ҳарбиву ҷисмонии ҷузъу томҳо, вазъи кунунӣ ва ҳолати нигаҳдории силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ ва техникаҳои ҷангӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ, таъминоти ақибгоҳиву рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои фаъолияти  соҳавии Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи онро дар соли 2021 мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор доданд.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, соли сипаригашта бо вуҷуди баъзе аз монеаву мушкилоти мавҷуда, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ, сохторҳои зертобеи он, ҷузъу томҳои навъи қӯшунҳо ва дигар қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа тавонистанд, ки дар фаъолияти соҳавӣ корҳои зиёдро амалӣ карда, нақшаи тасдиқнамудаи соли сипаригаштаро ба пуррагӣ иҷро намоянд.

Дар ин замина, зикр гардид, ки соли 2021 дар баробари тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз, барои Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он бо баргузории як қатор чорабиниҳои сиёсиву низомии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ташкили хизмати дохилии қӯшунҳо, соли хотирмону бобарор ва пур аз навгониҳо буд.

default

Аз ҷумла, ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ташкилу баргузории парадҳои ҳарбӣ, чорабиниҳои ҷашнӣ, бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ, таҳти унвони “МАРЗ — 2021”, аз ҷониби Вазорати мудофиа ба истифода додани зиёда аз 400 бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта ва садҳо чорабиниҳои нақшавии дигар, ки бо иштирок ва таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуданд, низомиёни кишвар дар онҳо бо иштироки фаъолона саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар ҷаласа, инчунин қайд карда шуд, ки соли 2021 дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ҳайати шахсии Вазорати мудофиа,

баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат, дар як қатор машқҳои муштараки васеи низомӣ, ки дар машқгоҳҳои ҳарбии ҳудуди Тоҷикистон ва кишварҳои ба мо ҳампаймон баргузор гардиданд, ширкат намуда, вазифаву уҳдадориҳои ҷангиву хизматии худро дар сатҳи баланд иҷро карданд. Илова бар ин, дар доираи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ҳайати созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ, соли сипаригашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД ва СҲШ низ баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои аъзои ин созмон ҳалу фасл гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа, вобаста ба омодабошии техникаҳои ҷангӣ иброз гардид, ки масъулини Вазорати мудофиа ва навъи қӯшунҳо тибқи нақшаи доимамалкунанда дар машқгоҳҳои низомии тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ, чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, танку тӯп ва тамоми аслиҳаи оташфишони ҷангиро, ки дар артиши миллии мамлакат мавҷуданду истифода мешаванд, мавриди санҷиши пурра қарор дода, камбудиву норасоиҳои ошкоршударо дар ин самт аллакай бартараф намудаанд. Зеро тибқи иттилои масъулин дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, дар баробари тайёрии ҷузъу томҳо ба ҳама гуна вазъияти эҳтимолӣ, ҳолати нигаҳдорӣ ва дар сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ қарор додани авиатсияи ҳарбӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯш, силоҳу муҳиммоти мухталифи низомӣ ва дигар воситаҳои моддӣ-техникӣ бисёр муҳим мебошад.

Таъмини волоияти қонун, иҷрои бечуну чарои талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, омӯзишу аз бар кардани ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи соҳавӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷинояту қонуншиканӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани марърифати ҳуқуқиву интизоми ҳарбӣ дар миёни низомиёни ҳама зинаҳо, яке аз масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷаласа буд.

Дар радифи тамоми самту соҳаҳои муҳими фаъолияти Вазорати мудофиа, инчунин дар ҷаласа ба масоили ривоҷу равнақ бахшидани хоҷагиҳои ёрирасон, вусъат додани самти таъминоти ақибгоҳӣ ва васеъ намудану самаранок истифода кардани ҳар қитъа замини киштзор диққати махсус равона карда шуд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои муҳими соҳавӣ, вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ дар навбати худ баромад намуда, оид ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир ва боз ҳам тақвият бахшидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо ибрози назар кард ва дар доираи ислоҳоту азнавсозӣ,

амалишавии нақшаву дурнамои Қувваҳои Мусаллаҳро вобаста муҷаҳҳаз намудан бо техникаву лавозимоти ҳозиразамони ҳарбӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Баъд аз таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва бурду бохти Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарияти Вазорати мудофиа, доир ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, таҳким бахшидану баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Тоҷикистони азизро яке аз масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа дар фаъолияти тамоми шохаҳои ин ниҳоди қудратӣ баён дошт. Генерал-полковник Шералӣ Мирзо, аз вазъи зудтағийрёбандаи ҷаҳони пуртазод ва таҳдиди хатарҳои глобалӣ, ки имрӯз анқариб бисёре аз кишварҳои сайёраро ба буҳрони амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву низомӣ рӯ ба рӯ намуда, дар ҳолати номуътадил нигоҳ медорад, изҳори нигаронӣ кард ва таъкид намуд, ки мо дар чунин як вазъияти ҳассос набояд аз комёбиву муваффақиятҳои бадастомадаи артиш қаноатманд шавем, балки бо иродаи қаввию нерӯйи дучанд, тамоми самтҳои фаъолияти соҳавии худро боз ҳам тақвият бахшем.

Дар доири нақшаву дурнамои Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли равон ва солҳои минбаъда ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва низомиёни ҳама сатҳу зинаҳои Артиши миллӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор карда шуданд. Бар зами ин, қатъӣ дастур дода шуд, ки бо масъулияти баланд баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва иҷрои дигар вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ нақша-чорабиниҳоро таҳия намуда, омодагии ҳамаҷонибаро дар фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар идомаи вазифагузорӣ пешниҳод карда шуд, ки мо хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо ва мартабаҳо дар соли 2022, бояд таҳти шиори “Таъмини мудофиаи давлат вазифаи муқаддаси мост” амал намоем.

Дар охири ҷаласа, командирони бригардаҳо ва полку баталионҳо, ки соли 2021-ро бо нишондиҳандаҳои хубу назаррас ва ҳамаҷонибаи хизматӣ ҷамъбаст намуда, дар мусобиқаи умумиҳарбӣ ғолиб омада буданд, бо Байрақи сайёри Вазорати мудофиа ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

 сардори Маркази матбуот,

полковник

Previous Post

ОҒОЗИ СОЛИ ХОНИШ ДАР АРТИШ

Next Post

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИИ СААД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ДАР ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИИ СААД

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИИ СААД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook