Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАВӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.04.2024
in Хабар
0
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАВӢ
0
SHARES
210
VIEWS
Share on Facebook

Бо мақсади таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ аз вазъи кунунии ҷузъу томи Артиши миллӣ, тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти соҳавӣ, бо иштироки ҳайатҳои роҳбарии Вазорати мудофиаи мамлакат, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва командирони қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ҷаласа баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа чанде аз муовинони вазири мудофиа доир ба тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангии навъи қӯшунҳо, қисмҳои низомӣ, чорабиниҳои сафарбарӣ, ҳолати таъмини бехатарии хизмати ҳарбӣ, фаъолияти хадамоти қӯшунҳо, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, натиҷаи санҷишҳои инспексионӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, ҳолати санитарию гигиенӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва оид ба фаъолияти ҳамаҷонибаи Вазорати мудофиаи мамлакат ва бурду бохти ин ниҳоди қудратӣ дар назди ҳозирин маърӯза карданд.

Баъд аз муҳокимаи масъалаҳои ба миён гузошташуда, вазири мудофиаи мамлакат-Шералӣ Мирзо қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар ва дар ҳалли ҳама масоили амниятӣ, диққати аввалидараҷа зоҳир намуда, фаъолият ва бурду бохти сохторҳои низомии мамлакатро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд. Аз ин рӯ таъкид карда шуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ бо иродаи қавӣ дар самти уҳдадориҳои соҳавӣ бояд содиқона рафтор кунад ва нисбат ба иҷрои талаботи вазифаҳои хизматӣ бо масъулияти баланд муносибат намояд.

Дар ин замина, супориш дода шуд, ки он ҳама вазифаҳое, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо хизматчиёни ҳарбӣ зимни ироаи Паёми навбатӣ ва дар ҷашни Артиши миллӣ гузоштааст, диққати аввалиндараҷа равона карда, онро роҳнамои фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор диҳанд ва иҷрои талаботи дастуру супоришҳоро дар мӯҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

Дар охири ҷаласа вазири мудофиаи мамлакат баҳри ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти хизматии ҷузъу том, ташкили хизмати дохилии қӯшунҳо, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, тақвият бахшидани омодабошии ҷангӣ, корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, ташкили машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, дар сатҳи баланд гусел намудани сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом додаанд, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, таъмини онҳо бо шароитҳои зарурӣ, баррасии саривақтии тамоми муроҷиатҳо вобаста ба қабули шаҳрвандон, самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини хоҷагиҳои ёрирасон ва вобаста ба дигар самтҳои фаъолияти  соҳавӣ иштирокчиён ва масъулини дахлдори ин ниҳоди қудратиро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матуботи

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

 

Previous Post

50 ФОИЗИ ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР 10 РӮЗ

Next Post

АНҶУМАНИ ХИРАД ВА РАҲНАМОӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
АНҶУМАНИ ХИРАД ВА РАҲНАМОӢ

АНҶУМАНИ ХИРАД ВА РАҲНАМОӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

11.04.2026
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.04.2026
ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

03.04.2026
ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

02.04.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook