Имрӯз дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири мудофиаи мамлакат генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон генерал-майор Муҳаммадризо Оштиёнӣ, ки рӯзҳои 17-18-уми октябри соли равон бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардаанд, доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо асосан масоили вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон, вазъи кунунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, нақшаҳои амалигаштаи ду кишвар дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои самарабахши низомӣ, рушду нумӯи муносибатҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба нақшаю дурнамои ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Эронро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Доир ба масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ- техникии Тоҷикистону Эрон миёни роҳбарони низомии ҳарду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои низомии дуҷониба ва аз муваффақиятҳои дар ин самт ба даст омада изҳори қаноатмандӣ карданд.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник