Масъулини мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ҳамчун ниҳоди назоратии фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ ва иҷрои дақиқи қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ чорабиниву вохӯриҳои судманд доир намуда, зимни он мавзуву масъалаҳои гуногунро вобаста ба самтҳои фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии кишвар мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Ин навбат намояндагони Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ вохурӣ намуда, зимни он ташаккул додани донишҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, тарбияи ҳайати шахсӣ дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро муҳокима намуданд. Аз ҷумла, дар рафти чорабинӣ кормандони ин ниҳод таъкид карданд, ки дар раванди тазодҳои замони муосир ва густариши гурӯҳҳои террористиву ифротӣ масъалаи инкишоф додани ҳолати ахлоқӣ ва маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ аз ҳарвақта бештар мубраму муҳим гаштааст.
Бо дарназардошти масъалаҳои зикргардида қайд карда шуд, ки афсарони самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва дигар афсарони соҳаро зарур аст, ки бо дарки волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахс фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва дар ин замина пешгирии сатҳи содиршавии ҷиноятҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар доираи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда боз ҳам пурзӯр намоянд.
Боқӣ ШАРИФӢ,
подполковник