Бо мусоидати роҳбарияти вилояти Калинингради Федератсияи Россия ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург медали бозёфтшудаи «Барои хидматҳои ҷангӣ», ки ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ишонов Алим, соли таваллудаш 1923, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, ба Тоҷикистон баргардонида шуд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизмати қаҳрамононаи мавсуф ва ҳифзи мероси таърихӣ намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон медали мазкурро ба набераи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ишонов Алим тақдим намуданд.

Зимни маросим таъкид гардид, ки корномаҳои қаҳрамононаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан буда, гиромидошти хотираи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад.






