Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҚДИМИ “ШОҲНОМА” ИҚДОМИ БЕНАЗИР АСТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.02.2024
in Хабар
0
ТАҚДИМИ “ШОҲНОМА” ИҚДОМИ БЕНАЗИР АСТ
0
SHARES
336
VIEWS
Share on Facebook

Давоми як ҳафта бештар аст, ки дар ҳама доираҳову ҳалқаҳои адабиву илмӣ ва, умуман, дар миёни кулли ҳамватанон дар бораи як мавзуъ – иқдоми тақдими “Шоҳнома” аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан рафта истодааст. Ҷомеа ин навидро хеле нек қабул кард ва он рӯз ба рӯз ҳамовозии бештар пайдо намуда истодааст. Бешубҳа, ин тасмим давоми дигар иқдомҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи соҳибмаърифат намудани ҷомеа мебошад.

Тақдими “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи тоҷик ин хидмати беназир дар тӯли қарнҳо барои халқи соҳибтамаддуни мо мегардад. “Шоҳнома” барои шинохти имрӯзу гузаштаи халқи мо уфуқнамост. Ҳамзамон, дар чандин ҷилд бо тиражи 2-3 миллион нусха ба нашр расонидани ин шоҳасари безавол хароҷоту масрафи молии андак нест. Яъне қатъи назар аз ҳама масрафҳо ҳадафу мароми Роҳбари давлат боз ҳам маърифатманд гардонидани халқи куҳанбунёди тоҷик аст, ки дар натиҷаи ноадолатиҳои таърихӣ аз махзани илму адабу фарҳанги миллӣ дар фосилаҳо қарор гирифта буд.

Ҳамагон огаҳанд, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як хонадони тоҷик чандин миллион нусха китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҳадя гардид. Ин дастовези маънавӣ халқи тоҷикро рӯҳбаландиву садоқати бештар бахшида тавонист. Дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ, ки дар равандҳои он бархӯрди фарҳангҳо бештар ба назар мерасад, нашр гаштани ин китоб ва тақдими он тадбири саривақтист. Зеро, дар ин раванд фарҳангҳои бузург фарҳангҳои кучакро фуру мебаранд ва ғафлату бетафовутиҳо боиси аз байн рафтани  миллатҳову халқиятҳои алоҳида мегарданд. Иқдоми навбатӣ низ дар ҳошияи ҳамин ҳадаф – таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ қарор мегирад.

Боиси қаноатмандист, ки дар Ватани маҳбубамон зина ба зина мутолиаи китоб ба як анъанаву ҷараёни бузург табдил ёфта истодааст. Яъне алакай маълум гардидааст, ки  китобдӯстиву китобхонии миллӣ ин худ ватандориву ватандӯстӣ мебошад ва дар баробари ин ҳатман олами бузурги маънавияту ахлоқро фаро мегирад. Бо шарофати ин иқдоми Роҳбари давлат акнун дар мисоли “Шоҳнома”-и безавол барин асарҳо мо ба олами гузаштаи худ ошно мешавему хаёлан сафар менамоем. Дар ҳар як достон, ҳар як манзара, ҳар як макону замони асар мо ватанрову асолати худро меёбему мешиносем. “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ бо нишон додани симои ҳама қаҳрамониҳо ин бедор кардани муҳаббати ватандорӣ ва дӯст доштани ватан аст. Албатта, ба таври комилу густурда ташхиси тамоми ҷузъиёти “Шоҳнома”-и безавол вазифаву рисолати бузурги муҳаққиқони соҳаи адабиётшиносӣ мебошад. Хуб аст, ки то ин замон дар ин самт таҳқиқоти гуногуне аз ҷониби олимони адабиётшиноси мо сурат гирифтаанд. Аммо ин иқдом боз ҳам шумораи муҳаққиқону завқмандони асарро бештар карда метавонад.

Бо андак мутолиа низ метавон пайхас намуд, ки “Шоҳнома” дар баробари қаҳрамониву ватандӯстӣ фарогирандаи садҳо мавзӯи ахлоқист. Ҳеҷ китобе ба монанди “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ уфуқҳои васеъро дар интихоби мавзӯот фарогир нест. Донишу ақл, некиву бадӣ, иффату покдоманӣ, муҳаббату адоват, садоқату хиёнат, қаҳрамониву ватандорӣ ва амсоли ин муҳимтарин мавзуъҳое мебошанд, ки шоири бузург – Абулқосим Фирдавсӣ дар партави ҳар як достон нозукона матраҳ намудааст. Муҳимтар аз ҳама, мутолиаи оммавии “Шоҳнома” ин таҳкимдиҳандаи худшиносии миллии халқи тоҷик мебошад.

Садсолаҳо ва ахиран 70 соли замони Шӯравӣ моро аз асолати аҷдодӣ дур афканда буданд. Тақдими «Шоҳнома» ин марҳами захми садсолаҳост. Миллату халқи китобхон ҳамеша муваффақ аст. Набудани китобу аҳамият надоштани он дар ҷомеа ин холигаҳе дар ҳаёти халқ мебошад ва инро Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк менамоянд. Хондани китоб зиндагии моро, гуфтору пиндору кирдори моро тағйир медиҳад ва дар муқобили ҳама ҷараёну таҳдидҳои мафкуравӣ садди устувор мебошад. Он андеша дуруст аст, ки чигуна шахс будани инсонро ду омил муайян менамояд: …нахуст ҳалқаи афроде, ки дар миёни онҳо қарор дорем ва баъдан  китобҳое, ки онҳоро хондаем. Яъне китобе дар мисоли “Шоҳнома” мураббии бузург аст. Зеро,“Шоҳнома” забонро меомӯзад, “Шоҳнома” тарбия менамояд, “Шоҳнома” қаҳрамониро дар ботинҳо мепарварад ва “Шоҳнома” шаҳодатномае дар қадимиву бостонӣ будани халқи тоҷик мебошад.

Аҳли фазлу адаб аз ҳама бештар дарк мекунад, ки иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат чӣ қимату чӣ ҳикмат дорад. Ин иқдом барои ҳазорсолаҳои дигар аҳамияти вижа хоҳад дошт. Мавҷудияту бақои ҳазорсолаҳои миллати куҳанбунёди моро таъмин хоҳад кард. Табиист, ки тақдими ин китоб ба ҳар як хонадони тоҷик ба ваҷҳи мутолиа  мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб дарк менамоянд, ки “Тоҷикон” ва “Шоҳнома” бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии  миллӣ мебошанд.

Як мушоҳидаи чанд соли охир шояд барои аксар аҳли зиё маълуму равшан бошад. Чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ дар давоми чор соли охир бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти китобхонӣ роҳандозӣ гардидаанд. Эҳсос мешавад, ки мардум ба таври муназзам рӯ ба китобхонӣ оварда истодаанд. Дар заминаи ин озмунҳову чорабиниҳо чанд соли охир китоб хондан ва умуман маърифати мутолиа дар ҷомеаи мо раванду суръати хосеро касб кардааст. Ин ҷараён як заминаи наву умедбахш дар таҳкими маорифи миллӣ низ мебошад.

Ин озмунҳову тақдими китобҳои пурқимати аҷдодони мо ҳадафу марому нақшаҳои амиқеро дар ниҳоди худ нигоҳ медоранд. Ин ҳама чораву тадбирҳо танҳо барои имрӯз нест ва натоиҷу маҳсули он баъдтар маълуму возеҳ хоҳад гардид. Рӯзе ҳатман  шоҳид мешавему мебинем, ки ин ҳама миллатсозии навини мо ва рафъи захму реши ҳазорсолаҳост.

Дар партави ин иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон ҳаст, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултетҳои филология, журналистика, забонҳои Осиёву Аврупо, таърих ва ғайра маҳфилҳои доимоамалкунандаи шоҳномахониро роҳандозӣ кард. Ҳамчунин дар доираи озмунҳои донишгоҳӣ метавон озмуни беҳтарин ровии “Шоҳнома”-ро ташкил намуд. Мавриди зикр аст, ки шогирдону устодони донишгоҳи миллӣ дар ҳама ин гуна озмунҳо пешсафанд ва дар минбаъда низ намунаи ибрат мегарданд.

Хуллас иқдоми навбатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳрики бузурге дар таҳкими маънавиёту фарҳанги миллӣ ва бақои давлатдории тоҷикон хоҳад буд. Иқдоми Пешвои миллат руҳи Фирдавсиро шод кард. Иқдоми тақдими “Шоҳнома” ин тақдими хазинаи пурбаҳо ба миллати тоҷик аст.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,

Устодони ДМТ

Previous Post

ВОХӮРИИ МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ БО ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Next Post

КИБЕРТЕРРОРИЗМ: ТАҲДИДИ АСРИ ХХІ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КИБЕРТЕРРОРИЗМ: ТАҲДИДИ АСРИ ХХІ

КИБЕРТЕРРОРИЗМ: ТАҲДИДИ АСРИ ХХІ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook