Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА РУТБАҲОИ НАВБАТИИ ҲАРБӢ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ВА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.02.2023
in Хабар
0
ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА РУТБАҲОИ НАВБАТИИ ҲАРБӢ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ВА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
0
SHARES
127
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

21 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлоли мо бемайлон тараққӣ карда, Ватани маҳбубамон сол ба сол ободу зебо ва некӯаҳволии халқамон беҳтар шуда истодааст.

Ҳамаи ин дастовардҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд, ки ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмин гардида истодааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ва матонату ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, қонунияту тартибот ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша қадршиносӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, бо медали “Хизмати шоиста”, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани рутбаҳои олии ҳарбӣ, махсуси навбатӣ ва навбатии ҳарбӣ ба як гуруҳ хизматчиён низомӣ аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия дода шуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, хизмати бархе аз хизматчиёни низомӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат” ва як гуруҳ афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо медали “Хизмати шоиста”, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарон, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии ҳарбии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат ҳамаи онҳоеро, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ гардиданд ва тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карданд.

Дар охири маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, низ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

president.tj

Previous Post

МО ОЯНДАИ ВАТАНЕМ!

Next Post

ҶАМЪОМАДИ БОШУКӮҲИ ҶАШНӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАМЪОМАДИ БОШУКӮҲИ ҶАШНӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАМЪОМАДИ БОШУКӮҲИ ҶАШНӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

20.03.2023
КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

20.03.2023
ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

17.03.2023
ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ ДАЪВАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

15.03.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj