Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА РУТБАҲОИ ҲАРБӢ БА ХИЗМАТЧИЁНИ НИЗОМӢ ВА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
04.09.2024
in Хабар
0
ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА РУТБАҲОИ ҲАРБӢ БА ХИЗМАТЧИЁНИ НИЗОМӢ ВА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
0
SHARES
128
VIEWS
Share on Facebook

4 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати сазовор дониста шуданашон бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбию махсус табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду пешрафти ҷомеа ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон андешаронӣ карда, ҳамаи ин дастовардҳоро самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд, ки аз ҷумла бо шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмин гардида истодааст.

Таъкид гардид, ки Роҳбарияти давлат хизмати содиқона ва матонату ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, қонунияту тартибот ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша қадршиносӣ мекунад.

Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ, ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, 1 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 кас бо ордени Спитамен дараҷаи II, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 34 кас бо медали Ҷасорат, 47 нафар бо медали хизмати шоиста ва 2кас бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ” ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники хадамоти гумрук, генерал — лейтенанти адлия, генерал-майори милитсия, генерал-майор, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал майори адлия, рутбаи навбатии ҳарбии генерал — майори гвардия  ва генерал-майори хадамоти гумрук дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд.

Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ тамоми донишу малака ва таҷрибаву тавоноии худро барои ободии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар сафарбар месозанд.

prezident.tj

Previous Post

САЙРУ САЁҲАТИ САРБОЗОНИ ЯТИМИ КУЛЛ ДАР МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИВУ ИСТИРОҲАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Next Post

ОМОДАГИИ НИЗОМИЁН БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОМОДАГИИ НИЗОМИЁН БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ОМОДАГИИ НИЗОМИЁН БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook