Ҷомеаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар кишварҳои сулҳхоҳи минтақа ва ҷаҳон дар мубориза алайҳи ҳама зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир қарор дошта, сохторҳои марбутаи давлативу қудратии он баҳри пурзӯр намудани муқовимат бо терорризму экстремизм тадбирҳои заруриро пайваста роҳандозӣ менамоянд. Дар доираи татбиқи нақша чорабиниҳо, оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷониби низомиёни мамлакат низ дар ин давра ҷамъомаду машѓулиятҳои гуногуни нақшавӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, машқҳои муштараки ҳарбӣ ва як қатор чорабиниҳои судманду самарабахш ташкилу ба роҳ монда мешаванд.
Аз аввали моҳи апрели соли 2023-юм дар асоси Нақшаи тасдиқнамудаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади амалан санҷидани иҷрои вазифаву ўҳдадориҳои ҷангӣ, бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Хатлон ва ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машѓулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ ташкилу ба роҳ монда шуданд.
Ин чорабинии муҳими ҳарбӣ-сиёсӣ дар 5 марҳила, ба таври назариявию амалӣ доир гардида, дар марҳилаи якум сатҳи тайёрии ҷангии ҷузъу томи ҳудуди вилояти Хатлон ҳангоми бонги хатар ва гузаронидани тамоми қўшунҳои ин гарнизон ба дараҷаҳои омодабошии баланди ҷангӣ, амалан мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Дар марҳилаҳои дуюм ва сеюми машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон, бо назардошти шумораи аҳолӣ, қувваҳои эҳтиётӣ ё худ шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои дар сатҳи лозима ташкил намудани ин чорабинии муҳими низомӣ заруранд, дар нуқтаҳои муайяншудаи ҷамъшавӣ гирд оварда шуданд. Аз ҳисоби захираҳои сафарбарӣ ташкилу густариш додани қисмҳои ҳарбии таъйиноташон гуногун ва вобаста ба ихтисосҳои низомӣ пуррагардонии ҷузъу томи навтаъсис сурат гирифт.
Ҳамзамон, дар доираи баргузории ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ки марҳилаи чоруми ин размоиши низомиро дар бар мегирифт, раисони 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, комиссарони ҳарбӣ, сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ин минтақаҳо, дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии қўшунҳои хушкигард ва дар машқгоҳи ҳарбии “Сумбула” ба дарсу таълимоти гуногуни назариявӣ ва ба ҷамъомаду машѓулиятҳои амалии ҳарбии саҳроӣ ҷалб карда шуданд.
Инчунин барои қабул намудани қарорҳои дахлдор оид ба густариш додани нуқтаҳои фармондеҳӣ, коркарду тарҳрезӣ намудани унсурҳои зиддитеррористӣ, пешбурди амалиёти муштараки ҷангӣ, идора кардани қўшунҳо ҳангоми таҳдиди ҳатарҳои воқеъӣ, тарзи дуруст истифода бурдани қувваю воситаҳои моддӣ-техникӣ ва дар самти иҷрои дигар вазифаҳои бисёр муҳими ҳарбӣ, дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии қўшунҳои хушкигард ва бинои комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон Ситоди муштараки ҳамоҳангсозӣ байни сохторҳои қудратӣ ташкил шуда буд. Илова бар ин, ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомотӣ ба машқҳо ҷалб гардида ва омўзиши мавзўъҳои ба он пешбинишуда, таҳти назорати роҳбарияти Вазорати мудофиа қарор дошта, он аз ҷониби масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ идора мегардид.
Бо ҳамин тартиб марҳилаи 5-ум ё худ даври ниҳоии размоиши муштараки амалиётӣ-стратегӣ, рўзи 7-уми апрели соли 2023-юм дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”, бо иштироки вазири мудофиаи мамлакат, намояндаи ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин гарнизон ва дигар шахсони расмӣ, ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.
Зимни ҷамъбасти даври ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, вазири мудофиаи кишвар ва намояндаи ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия дар назди ҳайати иштирокчиёни тамринҳои васеи низомӣ баромад карда, вобаста ба таваҷҷўҳи доимии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу суботи мамлакат, амнияти давлату миллат, сиёсати дифоии кишвар, таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракӣ, сайқали маҳорати касбиву омодабошии доимии ҷангӣ ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлатамон ибрози андеша намуданд. Оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди низомии Тоҷикистону Россия, дар самти пайваста ташкилу ба роҳ мондани тамринҳои васеи низомӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Баъд аз тақдими медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокчиёни фаъоли ин чорабинии ҳарбӣ, гузашти низомии ҳайати шахсӣ доир шуд, ки он анҷомбахши даври ҷамбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ дар гарнизони Хатлон гардид.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник