Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.01.2025
in Хабар
0
ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
228
VIEWS
Share on Facebook

Бо дарназардошти хизмат ва вазифаву уҳдадориҳои масъулиятноки хеш дар самти корҳои тарбиявӣ ва таъмини ҳолати равонии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат масъулин ё худ афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ пайваста ба ҷамъомадҳои методӣ-таълимӣ ва конфренсияҳои илмӣ-амалии соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Ҷамъомади методї-таълимие, ки ин навбат дар “Кохи афсарон” бо иштироки ҳайати роҳбарии мақомоти корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои низомӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷузъу томи низомӣ доир гардид, дар қисмати назариявии он аз ҷониби намояндагони бахшу соҳаҳои гуоногун ва олимону муҳаққиқон як қатор мавзуву масъалаҳои ҳалталаби рӯз мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи ҷамъомад иштирокчиён вобаста ба фаъолияти гуоногунҷанбаи афсарони соҳа дар самти ташкили корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, дар мавзӯъҳои “Нақши арзишҳои маънавӣ дар ташаккули ҳуввияти афсарону сарбозон”, “Шоҳнома ва ғояи меҳанпарастӣ”, “Риояи тартиботи ҳуқуқӣ-асоси комёбӣ дар фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ”, “Таъминоти ахлоқӣ-равонӣ ва аҳамияти он дар фаъолияти қӯшунҳо” баромад намуда, ҳамзамон бо дарназардошти вазъи ҳарбї-сиёсии минтақа ва ҷаҳон масоили марбут ба ин самтро дар доираи мавзӯъҳои пешниҳодгардидаи вазъи ҳарбӣ-сиёсии амниятӣ ва иттилоотии Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террориству экстремистӣ ва оқибатҳои он мавриди муҳокима ва таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Албатта, дар раванди тазодҳои сиёсӣ ва буҳронҳои маънавӣ масъалаи мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқӣ, интизоми ҳарбӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии ҳайати шахсӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи афсарони  ин самти фаъолият мебошад.

Дар рӯзи дуюми баргузории ҷамъомади навбатӣ афсарони соҳаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни он дар пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаҳои таълимии намоишӣ, дастгоҳу таҷҳизоти ҳарбӣ-ҳавоӣ ва техникаи авиатсионии ин навъи қӯшун дидан намуданд. Дар ин фурудгоҳи ҳарбӣ ба иштирокчиёни ҷамъомад оид ба сохт, таркиб, таъйинот ва амали ҳайати ҳавонавардони ҳавомаймову чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ маълумот дода шуд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷамъомад 12 нуқтаи таълимии намоишӣ ташкил гардида буд, ки он зарурият ва ҳамоҳангии фаъолияти афсарони самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бо дигар хизматчиёни ҳарбӣ, алалхусус ҳавонавардону ҳайати техникии онҳоро дар бар мегирифт.

Дар идомаи машқҳо амали баргаштани ҳавонвардони низомӣ баъд аз иҷрои вазифаҳои ҷангии бар уҳдадошта намоиш дода шуд. Дар ин марҳила афсарону равоншиносони самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва табибони ҳарбӣ вазифаву уҳдадориҳои худро доир ба амалҳои ҳарбӣ-иҷтимоӣ, интиқол ва ёрӣ расонидан ба захмиён, барқароркуниву сабукнамоии равонӣ бо ҳавонавардон ва муҳандисони техникиро нишон доданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг ба таъмини ҳолати равонӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, ҳолати ахлоқию равонӣ ва тайёрии ҷамъиятию гуманитарии ҳайати шахсӣ масъул буда, ҳамзамон фаъолияти босамари корҳои марбут ба ҳимояи иҷтимоиву ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаҳои онҳо, афроди ғайринизомӣ, таъминоти иттилоотӣ ва фарҳангиву фароғатиро низ бар зимма доранд. Дар ҳама гуна ҳолат ва вазъияти хизматӣ онҳо вазифадоранд, ки тибқи талаботи оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ чорабинии тантанавиро бахшида ба ҳавасмандгардонии ҳайати шахсӣ ташкил намоянд.

Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник 

 

 

 

Previous Post

ҶОИЗАСУПОРӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Next Post

ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ

ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook