Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҶАҲОНИШАВӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.08.2023
in Хабар
0
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҶАҲОНИШАВӢ
0
SHARES
36
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 

Дар кишвари мо танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи аҳли башар ба он афзун мегардад. Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми дунё тарафдорон ва ҳамфикрони зиёде дарёфт намуда, ҳалли ин мушкил ва масъалаи асосиро дар ҷойи аввали ҷомеаи ҷаҳонӣ гузоштаанд. Бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, баландшавии ҳарорати ҳаво, тӯфону обхезиҳо, сел, зилзила, тармафароӣ,обшавии пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин хотир диққати ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус роҳбарони сатҳи олии мамлакатҳо барои пешгирии он зиёд гардида, аз ҷониби онҳо тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд. Яке аз омилҳое, ки боиси тағйирёбии иқлим мегардад, кӯҳҳо мебошанд. Зеро онҳо аз ҳама бештар ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонанд. Афзоиши аҳолӣ ва дар ин замина норасоии оби нӯшокӣ, ҳамчун мамлакати кӯҳсор камзамин будани кишвар, бар замми он истифодаи оқилонаи захираҳои обии фаромарзӣ ва даҳҳо мушкилотҳои рӯзмарраи дигаре ҳастанд, ки ҳалли онҳо фаъолияти дастаҷамъонаи на танҳо сокинони кишвар ва минтақа, ҳамчунин аҳли башариятро тақазо менамояд.

Тоҷикистони азизи мо мамлакати кӯҳӣ маҳсуб меёбад ва дар ин замина аз раванди тағйирёбии иқлим дар канор нест. Ҳамин аст, ки масъалаи тағийёрбии иқлим дар баробари ҷомеаи башар дар мадди аввали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, зеро баробари тағирёбии иқлим бештар пиряхҳо об шуда, дар натиҷа ба сокинон зарарҳои гуногунро боқӣ хоҳад гузошт. Ҳамчунин, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар радифи дигар давлатҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти экологӣ ва тағирёбии иқлим фаъолона иштирок намуда, як қатор Конвенсияҳои байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳидро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, алалхусус истифодаи оқилонаи ҳавои атмосферӣ ва тағирёбии иқлим барои амалӣ намудани он барномаҳои миллӣ ва стратегияҳо таҳия ва қабул намудааст. Маҳз ҳамин мушкилоти умумибашарӣ Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро водор намуд, то таваҷҷӯҳи сокинони сайёраро барои пешгирӣ ва худдорӣ аз паёмадҳои нохуши ин мушкилотҳо равон намуда, роҳбарони давлату халқиятҳоро ба саҳнаи муколама даъват намояд. Бо талошу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои кишвари моро пайваста эътироф намуда, аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ меёбанд. Албата имрӯз дар миқёси ҷаҳон мушкилоти тағирёбии иқлим ва бомайлон обшавии пиряхҳо яке аз мушкилоти мубрам дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо баромад намуда ташаббусҳои худро ба ҷомеаи ҷаҳон пешниҳод намуд ва имрӯз хушбахтона ин пешниҳодҳо аз ҷониби 157 кишварҳои узви СММ эътироф гардиданд. Талошу заҳматҳои бевоситаи роҳбари давлат дар сатҳи байналмилалӣ баҳри боло бурдани имиҷи кишвар дар миёни созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои узви ин созмонҳо яке аз ҳадафҳои нахустини ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.

Воқеан ҳам, ташаббусҳои Роҳбари давлат оид ба ҳифзи пиряхҳо бори дигар собит намуд, ки кишвари Тоҷикистон дар ҳали мушкилоти тағирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар сайёра яке аз кишварҳои пешсаф буда, баҳри амалӣ намудани корҳои назарас дар ин самт нақши арзишманди худро хоҳад гузошт. Имрӯз тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон баръало мушоҳида мешавад ва ин нигаронкунанда аст. Тибқи арзёбии олимону муҳақиқон бештари обҳои тозаи ошомиданӣ маҳз аз пиряхҳо вобастагӣ дорад, ки нисфи зиёди кишварҳоро ташкил медиҳад, ки дар ин замина онҳо ба якчанд шохоб ташкил шуда, оҳиста-оҳиста ба нестшавӣ омода мерасанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии обшавии пиряхҳо ва кам гардидани офатҳои табиӣ аз ҷумла тағирёбии иқлим корҳои зиёди назаррас ба анҷом расида истодаанд. Аз ҷумла, барои ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардидааст. Инчунин оид ба татбиқи барномаи мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақша-чорабиниҳо оид ба тадбиқи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва амалӣ шуда истодааст. Ҳамчунин чандин иниститут ва марказҳо барои пешигири аз тағирёбии иқлим ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар онҳо муҳақиқону олимон барои паст намудани омилҳои табии кору фаъолият доранд. Бо мақсади тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ Тоҷикистон ба низоми ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо ворид шуд, ки дар омӯзиши онҳо муваффақияти назаррас мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои роҳбарияти оқилпешаву хирадманди худ дар ҳалли мушкилотҳои мубрами саёра нақши мондагор дошта, баҳри амалӣ намудани нақшаву қарордодҳои ба тавсибрасида дар сатҳи байналмилалӣ мақоми арзишмандро соҳиб аст. Албатта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ташаббусҳои худро дар самтҳои гуногун бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба миён гузошт, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби кишварҳои узви СММ эътироф гардидаанд.

Маҳз ин ҳама заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун ташаббускор дар ҳалли мушкилотҳои мубрами сайёра эътироф доранд. Иқдомҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат на танҳо дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик балки дар арсаи ҷаҳонӣ бо хатҳои заррин сабт шудааст. Имрӯзҳо СММ кишвари азизи моро ҳамчун ташаббускори асосӣ дар соҳаи об медонад. Албатта, дар мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон нақши Пешвои миллат басо бузург аст. Воқеан чунин ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллати тоҷикон баҳри наҷоти сайёраву инсоният нигаронида шудааст. Пешвои миллат дар баромади худ, дар Маҷмааи Умумии СММ қайд намуданд,ки 98 фоизи энергияи истеҳсолии Тоҷикистон аз гидроэнергетика буда, аз лиҳози энергияи сабз, иқтисоди сабз Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 13000 пирях буда, дар 45-50 соли охир 1000 пирях аз байн рафтааст. 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Чунин раванд метавонад боиси ба минтақаҳои қутбӣ гузаштани доираи намудҳои биологӣ ва зиёд шудани эҳтимолияти нобудшавии олами наботот гардад. Хулоса тағйирёбии иқлим дар сайёра масъалаи танҳо як кишвар нест. Тағйирёбии иқлим оқибат ба ҳама кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Роҳҳои ҳалли он ба ҳукумати ҳамаи мамлакатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дахл мекунанд. Пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо аз инсон вобастагии калон дорад ва итминон дорем, ки бо пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои олам тадбирҳои заруриро барои пешгирии обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим сари вақт амалӣ мегардонанд.

Мардуми соҳибтамаддуни тоҷикро зарур аст, ки пайрави содиқи Пешвои миллат бошем ва баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳама ташаббусҳои байналмилалӣ чораҳои заруриро биандешем ва дар амалишавии онҳо саҳмгузор бошем.

Алиқул ИЗЗАТУЛЛОЕВ,

устоди ДМТ

Previous Post

ҶАВОНОН ВА РАБТИ ОНҲО БО АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

Next Post

CУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post

CУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

22.09.2023
ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

22.09.2023
ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj