Кӯдакону наврасон, ҳамчун як бахши ояндаи ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳу дастгирии давлату ҳукумат қарор мегиранд. Ин аст, ки ҳамасола бо фаро расидани давраи таътил, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин вазорату идораҳо ва дигар корхонаҳои кишвар кӯдакону наврасон ба истироҳат дар фароғатгоҳҳои тобистона ҷалб карда мешаванд. Албатта ин омил дар ташаккулу пешрафт ва рушди ҷимониву ақлонии ин қишри ояндасози ҷомеа саҳми босазое мегузорад.
Вазорати мудофиаи мамлакат низ бо назардошти ин ҳадафҳо дар баробари дастгирию қадрдонии афсарон ҳамасола фарзандони онҳоро дар фасли тобистон, ки дар кишвар айёми таътил аст, ба истироҳатгоҳҳои кӯдакона, аз ҷумла ба фароғатгоҳи «Баҳор», ки дар назди ин ниҳоди қудратӣ амал мекунад, ҷалб менамояд.
Имсол низ, баробари оғози давраи таътил, фароғатгоҳи “Баҳор” гурӯҳи кӯдакону наврасонро дар се баст ба истироҳат фаро гирифт. Наврасон рӯзи аввали истироҳатии худро дар ин осоишгоҳ, бо барномаҳои рақсу суруд ва намоишҳои кӯдаконаи омоданамудаи хеш оғоз намуданд. Онҳо бо иҷрои ҳаргуна намоиш ва амалҳои шӯхи кӯдакона хотири ҳозирин ва ҳамсолонашонро шод гардониданд, ки аз чеҳраи ҳар як наврас болидарӯҳию хушнудиро эҳсос кардан мумкин буд. Ҳамчунин баҳри шодию хурсандии онҳо аз ҷониби ҳунармандони ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиа низ барномаи васеи консертӣ, ки фарогири суруду оҳангҳои ватандӯстона буд, намоиш дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар фароғатгоҳи «Баҳор» тамоми шароити зарурӣ, аз қабили ошхона, хобгоҳи замонавӣ, нуқтаи тиббӣ бо таҷҳизоту хизматрасонии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир ва ҳуҷраҳои гуногуни фароғатӣ барои истироҳату фароғати наврасон муҳайё карда шуда, ҳавзи шиноварию майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеҳои истироҳатии он, имкон медиҳад, ки насли навраси низомиёни кишвар дар давоми рӯз бо истифода аз онҳо талаботи маънавию ҷисмонии худро қонеъ гардонанд.
Тавре, масъулини фароғатгоҳи «Баҳор» иттилоъ доданд, дар давоми истироҳати хеш фарзандону пайвандони хизматчиёни ҳарбӣ бо роҳбарии шахсони масъул аз манзараҳои зебову дилкаш ва табиати рангини ин минтақаи кӯҳсори мамлакат низ дидан намуданд.
Боқӣ ШАРИФОВ,
рӯзноманигор