Таърих

АРТИШ-ШОҲСУТУНИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

Таҷрибаи давлатдории миллату халқиятҳои олам собит намудааст, ки ҳастии ҳар як кишвару ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он бе Қувваҳои Мусаллаҳи пуриқтидори худ вуҷуд дошта наметавонад. Чунки ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлатро таъмин менамояд.

 

Ба туфайли пош  хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар шароити ороми сиёсӣ ва дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, Қувваҳои Мусаллаҳи хешро бунёд карданд ва аз Артиши пурқудрати Шӯравӣ, техникаҳои мухталифи ҷангӣ ва силоҳу муҳиммоти гуногуни низомиро ба мерос гирифтанд. Вале мутаассифона, вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархурдор гардад. Зеро кишвари моро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд. Артиши миллии мо дар шароити бисёр мураккаби низоъи дохилӣ, дар ҷойи холӣ ва аз сифр бунёд карда шуд.

Ҳамин тариқ, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» таъсис дода шуд.

Бо вуҷуди шароити бисёр душвор, соли 1993 бори аввал дар майдони “Дӯсти”-и пойтахт гузашти низомии қисму воҳидҳои навтаъсиси Артиши миллӣ доир гардид, ки аз он рӯз, санаи 23-юми феврал расман Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳар сол, омили асосии ҷашн гирифтани санаи 23-юми феврал, ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ин марбут ба ташкилу баргузории нахустин Паради ҳарбӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Албатта, бунёд ва таҳкиму тақвият бахшидану ба як нерӯйи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол, ки дар марҳилаи гузариш қарор дошту аз як сохти давлатдорӣ ба кишвари соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил меёфт, дар он солҳо кори осон набуд. Чунки Тоҷикистони навбунёд, аввалан барои таъсиси Артиши миллии худ ягон заминаи моддиву техникӣ надошт. Бар замми ин, вобаста ба вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ,  кишвари мо ба буҳрони вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ гирифтор буд.

Новобаста аз вазъияти ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол, дар он солҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу майишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамуд.

Дар давоми ин солҳо, бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои наҷиби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши ҷавони Тоҷикистон давраҳои ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, бунёди навъи қӯшунҳо, қисмҳои низомӣ, марҳилаҳои рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ, татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идории ҳарбӣ ва дар роҳи пурзӯру мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат қадамҳои устувор гузошт ва дар самти ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз ба як нерӯйи бузургу қудратманд табдил ёфт.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, дар доираи ислоҳоту азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳ навгониҳои зиёду назаррас ворид карда шуданд. Хусусан дар сохтори таркибии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои низомӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбии оливу миёнаи тобеи ин ниҳоди қудратӣ ва дигар идораҳои низомӣ, тағийроти куллӣ ба амал омаданд. Аз ҳама муҳим, ин бунёди навъи қӯшунҳо мебошад, ки бо омодабошии баланди ҷангӣ, иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарзандони содиқи ин Ватан, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар бунёди Артиши миллӣ саҳм гузоштаву то охирин нафас ба халқу давлат софдилона хизмат намудаанд, доимо изҳори қадрдонӣ менамоянд ва дар баромадҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Ба тадриҷ, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал ва қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ташкил карда шуданд.

ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, яке аз нахустин нерӯйи мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994-ум яъне баъд аз як соли таъсисёбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ташкил ёфта, он то соли 2005-ум дар ҳайати Артиши миллӣ мустақилона амал мекард. Вазифаи асосии Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии ҷумҳурӣ ин таъмини амнияти сарҳадоти фазоии кишвар ва марзҳои ҷануби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бар мегирад.

Аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, барои ташкили ин ду навъи қӯшун ба ҷуз техникаи валангори корношоям чизе боқӣ намонда буд. Бо дастгирии Сарфарморнденҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ, чӣ дар омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ва чӣ дар барқарорсозии қудрати ҷангии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Илова бар ин, дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона соли 2005-ум ин ду навъи қӯшун, яъне Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида шуда, ба як навъи қӯшун табдил дода шуданд. Айни замон ҳавопаймову чархболҳои ҷангию нақлиётии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мушакҳои муосири мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ, бо омодагии баланди ҷангӣ, аз замин фазои ҷумҳуриро назорат ва аз фазо сарҳадоти заминии кишварро муҳофизат мекунанд.

ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРД

Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ моҳи июни соли 1997 таъсис ёфта, он ҳамчун Раёсат масъулияти идора намудани дивизияҳо, полку бригадаҳо ва ротаву баталионҳои алоҳидаи низомии ин навъи қӯшунро бар уҳда дорад.

Аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард, асосан соли 1993-юм ташкил ёфта, дар тобеияти сардорони гарнизонҳои ҳарбӣ амал менамуданд. Ба тадриҷ тамоми нерӯҳои алоқаманд ба фаъолияти ин навъи қӯшун, аз ҷумла, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои пиёданизом, савораи тирандоз, баталиону полкҳо ва бригадаҳои танкиву артиллерӣ ба ҳайати раёсати Қӯшунҳои хушкигард шомил карда шуданд. Қӯшунҳои хушкигард, аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ин нерӯйи бузурги Артиши миллӣ бо омодабошии доимии ҷангӣ дар ҳимояи марзу буми кишвар ва дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат нақши калон мебозад.

ҚӮШУНҲОИ ЗУДАМАЛ

Қӯшунҳои зудамал, аз ҷавонтарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб ёфта, он моҳи сентябри соли 2003-юм дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии Артиши миллӣ, яъне аз ҳисоби қисмҳои низомие, ки аз соли 1993 то соли 2003-юм дар алоҳидагӣ фаъолият мекарданд, бунёд карда шудааст. Ба ҳайати Қӯшунҳои зудамал бригардаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ, баталиони сулҳҷӯёна, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои низомии таъйиноти махсус ва як қатор ҷузъу томҳои фаврӣ, шомил мебошанд.

Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро доро буда, дар доираи ҳамкориҳои ҳарбии дуҷонибаву бисёрҷониба ва дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста машқҳои муштараки низомиро доир менамоянд. Аксари  қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамал аз ҷумлаи нерӯҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ҳайати шахсии он аз рӯйи барномаи тақвиятдодашудаи омодагии ҷангӣ ба таълиму тарбият фаро гирифта мешаванд.

ҚИСМҲОИ НИЗОМИИ АЛОҲИДА

Ба ғайр аз се навъи қӯшуни Артиши миллӣ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ низ фаъолият менамоянд.

Аз ҷумла, Полки таъминотиву идоракунӣ, муҳандисӣ-сапёрӣ, баталиони сохтмонӣ, госпиталҳои ҳарбӣ, қисмҳои низомии таъминотӣ, Литсейю Донишкадаи ҳарбӣ, кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар идораҳои низомӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии мамлакат ташкил ёфта, вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъйинот ва хусусияти таъсисашон, уҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангиро иҷро мекунанд.

ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ОМОДАБОШИИ ҶАНГӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.

Ин аст, ки ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ фаъолияти соҳавии худро ҳамасола дар асоси нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ ва зимни давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ роҳандозӣ менамоянд. Ин аст, ки дар асоси нақшаи тарҳрезигардида, вобаста ба самтҳои фаъолияти соҳавӣ, тамоми чорабиниҳои низомиёни кишвар дар давоми сол ба таври назариявию амалӣ марҳила ба марҳила ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Тадбирҳои муҳим дар ин самт пеш аз ҳама, ба тақвият бахшидани ҳамоҳангии Вазорати мудофиа бо сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, таҳкиму густариш додани ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеаро дар бар мегирад.

Дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ва баҳри амалӣ намудани самтҳои фаъолияти соҳавии Вазорати мудофиа, ки доираи васеъи маҷмӯи чорабиниҳои гуногунҷанбаи низомиро дар бар мегирад, ҳамасола дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва дар ҳамоҳангии наздик бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё худ захираҳои эҳтиётӣ, пайваста машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардида, дар якҷоягӣ, бо сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи низомӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим, ки тамоми тадбирҳои амниятиро дар самти ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз фарогир аст, дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Дар давоми мавҷудияти Артиши миллӣ, сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиаи кишвар, аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои низомӣ, аз қабили нишонгир-снайперҳо, тирандозони силоҳу муҳиммоти мухталифи ҷангӣ, парашутистон, минаҷӯён, нишонгиру ронанда, экипажи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода намуда, ба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣ ё худ чун захираҳои сафарбарӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба қайд гирифтаанд.

 ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ҲАРБӢ

Ривоҷу равнақи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи мамлакат низ бо кишварҳои дуру наздики хориҷ ва дар ин замина, татбиқ намудани як қатор вазифаву уҳдадориҳои ин ниҳоди баландпояи қудратӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳавии Вазорати мудофиа арзёбӣ мешавад. Зеро дар даврони Истқлолияти давлатӣ, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо зиёда аз 50 кишвари олам дар асоси созишномаҳои ба тасвибрасида, меъёрҳои муқарраргардидаи соҳавӣ ва дар самти табодулоти иттилооту таҷрибаомӯзӣ сол ба сол густариш меёбад.

Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, ҳар сол тибқи нақша, дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

 

ПУРРАГАРДОНИИ 

 ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

 БО АФСАРОНИ КАСБӢ

Дар ҳар давру замон тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангии Артиши миллӣ, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва умуман, пешрафти фаъолияти назарраси ҳар як соҳа, бо кадрҳои болаёқат ва мутахассисони кордону варзида рушду камол меёбад.

Имрӯзҳо сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои ба мо дӯсту ҳампаймон, бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. Айни ҳол, Донишкадаи ҳарбӣ маҳз бо дастгирии бевоситаи Сарфармоондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон бо бинову иншооти ҳозиразамони таълимӣ, шароити муосири дарсӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникии пешрафта ҷиҳозонида шуда, ба як пойгоҳи мукаммалу муҷаҳҳази омодакунии афсарони оянда табдил ёфтааст.

Ҳамасола Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро аз рӯйи 18 ихтисоси низомӣ беш аз 200 нафар афсарони касбӣ хатм менамоянд, ки то ин дам, аз ҳисоби ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ, зиёда аз 4 ҳазор нафар афсарони касбӣ ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар шомил гаштаанд. Таҳсили донишҷӯён дар Донишкадаи ҳарбӣ ба таври ройгон ба роҳ мода шуда, бинову иншоот ва синфхонаҳои дарсии он дорои тамоми шароити муосири таълимӣ мебошад. Илова бар ин, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон, шумораи донишҷӯёни низомӣ марҳила ба марҳила зиёд карда шуда, дар ин муассисаи ҳарбӣ ҷалби ятимон бо роҳандозӣ намудани имтиёзҳои гуногун боз ҳам афзун гаштааст. Ин аст, ки ҳар сол 20% квотаҳои қабули довталабон баҳри таҳсил дар Донишкадаи ҳарбӣ барои қабули ятимони кул ва бепарасторон пешбинӣ гардидааст.

Ба ғайр аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, ҳамзамон афсарон ва курсантони тоҷик ҳамасола ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Покистон, Чехия баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Айни ҳол дар академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии кишварҳои ба мо дӯсту ҳампаймон, 600 нафар курсант ва наздик ба 150 нафар шунавандагон таҳсили илми низомӣ менамоянд.

Дар баробари Донишкадаи ҳарбӣ, инчунин дар тобияти Вазорати мудофиа Литсейи ҳарбӣ низ амал мекунад, ки тарбиятгирандагон ба он дар синни 15-солагӣ шомил мешаванд. Омӯзиши зинаҳои нахустини таълимоти фанҳои гуногуни низомӣ дар Литсейи ҳарбӣ 2 солро дар бар гирифта, тарбиятгирандагони он баъд аз хатми ин муассисаи миёнаи таълимӣ барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии кишварҳои хориҷи ба мо дӯст фиристода мешаванд.

Дар раванди тайёр намудани мутахассисони сатҳу зинаҳои гуногуни низомӣ, соли 2014-ум дар тобеияти Вазорати мудофиаи мамлакат мактаби омодакунии прапоршикҳо таъсис дода шуд, ки ба он сарбозоне, ки якуним сол хизмат намудаанд ва ё шаҳрвандоне, ки баъди хизмати аскарӣ дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарор доранд ҷалб гардида, баъди хатми курсҳои 4-моҳаи ин мактаб онҳо низ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Бо ҳамин тартиб, дар давоми фаъолияти босамари мактаби прапоршикӣ, беш аз ҳазор нафар хатмкунандагони он бо шаҳодатномаи тахассусӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

 

РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Воқеан, сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ бешак аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Вобаста ба ин, дар сохтор ва тобеияти тамоми навъи қӯшунҳо ва қисму воҳидҳои низомӣ муовинони фармондеҳону командирон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ амал мекунанд, ки масъулини ин соҳа дар ҳама гуна вазъият вазифадоранд, ки таълиму тарбияи ҳарбӣ-сиёсии низомиёни кишварро баланд бардошта, тафаккури онҳоро ба хизмати ҳарбӣ мутобиқ намоянд, тарбияи ватанпарастӣ ва маърифати ҳуқуқии афсарону сарбозонро боз ҳам тақвият бахшанд ва аз ҳама муҳим, руҳияи ҳайати шахсиро ҳангоми тайёрӣ ба ҷанг қавӣ гардонида, дар тамоми қисмҳои низомӣ интизоми намунавиро дар байни хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ҷорӣ намоянд.

Баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳо масъулини вобастаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он, Консепсияи корҳои сиёсӣ- тарбиявиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ роҳнамои фаъолияти рӯзмарраи худ намуда, дар самти таъмини ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, ҷорӣ намудани қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.

Маҳз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмин намудани қисмҳои низомӣ бо шароити ҳамаҷониба, тақвият бахшидани ҳамкориҳои самарабахш бо аҳли ҷомеа, ҷорӣ намудани талаботи ойинномаҳои умумиқӯшунӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва роҳандозӣ кардани як қатор корҳои мушаххаси ҳарбӣ-ватанпарастӣ боис гардиданд, ки сол ба сол сафи ихтиёриён баҳри хизмат дар сафи Артиши миллӣ афзун гардида, сатҳи содиршавии ҷиноят, қонунвайронкунӣ ва дигар рафторҳои ғайриойинномавӣ  дар  ҷузъу томҳо коҳиш ёбад.

СОХТМОНУ АЗНАВСОЗИИ  БИНОВУ ИНШООТИ ТАЪЙИНОТИ ҲАРБӢ

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар доираи сиёсати пешгирифтаи иқтисодии роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти созандагиву бунёдкориҳо ва анҷоми корҳои сохтмонӣ, барои пешбурди хизмати рӯзмарраи низомиён ва майишату фароғати онҳо, бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, бо тамоми шароити рӯзмарраи хизмативу майишӣ ва ҳам таълимиву фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳудуди тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ сохтмони қисмҳои низомӣ ба нақша гирифта шуда, он дар муддати кӯтоҳ бо меъёру талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ мавриди истифодаи ҳайати шахсӣ қарор дода мешаванд.

Зимни ташкилу азнавсозии қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи мамлакат, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи асосии ҳайати роҳбариву фармондеҳии ин ниҳоди қудратӣ пеш аз ҳама ҳадафмандона ба муҳайё намудани шароити муосири таълимӣ, заминаҳои хуби моддиву техникӣ, хизмативу майишӣ ва ҳам фароғатии ҳайати шахсӣ равона карда мешаванд. Ин аст, ки тайи чанд соли охир ҳатто дар қароргоҳи дурдастарин қисмҳои низомӣ, биноҳои маъмурӣ, шаҳракҳои гуногуни ҳарбӣ ва дигар иншооти гуногуни ёрирасон мавриди баҳрабардории ҳайати шахсӣ қарор дода шудаанд.

Дар доираи бунёди иншооти аҳамияти ҳарбидошта, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ, бо мақсади саривақт доир намудани ҷамъомаду машғулиятҳои таълимӣ, баромадҳои саҳроӣ, размоишҳои муштараки васеи ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои низомӣ дар ҳудуди тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ, марказҳои таълимӣ ва машқгоҳҳои мукаммалу муҷаҳҳази низомӣ, бунёд карда шуданд. Ташкили машқгоҳҳо ва фароҳам овардани тамоми шароити ҳозиразамони ҳарбӣ дар он имконият медиҳад, ки на танҳо ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, балки дигар сохторҳои қудратии мамлакат низ аз он самаранок истифода баранд. Дар баробари дигар чорабиниҳои нақшавӣ, санҷиши техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳарбиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Дар замони муосир вобаста ба пешрафти технологияи навин баҳри идора намудани нерӯҳо дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг дар тобеияти Вазорати мудофиа Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, амал мекунад, ки ҳангоми таҳдиди ҳама гуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад ва он бо марказҳои маъмурии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад. Ба ғайр аз ин, нуқтаҳои сайёр низ амал менамояд, ки ҳангоми сар задани муқовимати мусаллаҳона, чунин нуқтаҳои сайёр ба минтақаҳои таъйиншуда фавран интиқол ёфта, рафти амалиёти ҷангиро таҳти назорат мегиранд ва онро идора менамояд.

Дар доираи вусъат додани раванди созандагиву бунёдкориҳо ва анҷоми корҳои сохтмонӣ, дар давоми ин солҳо аксари биноҳои маъмурии комиссариатҳои ҳарбӣ низ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуданд. Биноҳои комиссариатҳои ҳарбӣ бо шароити муосир сохта шуда, тибқи нақша онҳо аз утоқи кории афсарону ҳайати шахсӣ, мавзеи аз муоинаи тиббӣ гузаронидани даъватшавандагон, утоқи қабули шаҳрвандон, толори маҷлисӣ, нуқтаи навбатдории фаврӣ, системаи алоқаи замонавӣ, видеокамераҳои мушоҳидавӣ ва бо дигар таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Илова бар ин, дар дохили биноҳои мазкур барои гузаронидани ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва баргузории дигар чорабиниҳои низомӣ, тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва узви оилаҳои онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар партави таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи чанд соли охир дар ҳудуди вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат зиёда аз 600 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома доранд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи созандагиву бунёдкориҳо ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат, дар баробари баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ, инчунин сохтмону азнавсозӣ ва бунёди зиёда аз 400 бинову иншооти аҳамияти ҳарбидоштаро ба нақша гирифта буданд, ки то ин дам аллакай дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ, аз маҷмӯи умумии 400 бинову иншооти ба нақша гирифташуда, феълан 80 фоизи он пурра ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодаи ҳайати шахсӣ қарор дорад. Илова бар ин, ба масъулини дахлдори Вазорати мудофиа дастур дода шудааст, ки дар ҳар як қисми низомӣ боғи 30-солагии Истиқлолиятро бунёд намуда, гӯшаҳои махсусро бо гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои ороишӣ зебу зинат бахшанд. Аз аввали соли 2021 баҳри истиқбол аз ин санаи муҳими таърихӣ, ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ шиореро, таҳти унвони “Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нерӯйи тоза, омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем” қабул намуданд.

ДАСТУРУ СУПОРИШҲО ДАР ПАЁМ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», изҳор доштанд, ки ба рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ, тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу Ватан, тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар, сатҳи омодабошии ҷангии Артиши миллӣ таваҷҷуҳи махсус равона намоянд. Ҳамчунин, Вазорати мудофиаро вазифадор намуданд, ки дар самти азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳияву роҳандозӣ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус, таъмири техникаи ҳарбӣ, таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ, ташкили чорабиниҳо вобаста ба афзоиш додани захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомаду машғулиятҳои ҳарбии саҳроӣ ва машқҳои низомӣ тадбирҳои зарурро амалӣ намоянд.

Дар ин замина, аз ҷониби ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат, навъи қӯшунҳо ва дигар масъулини дахлдори тобеи ин ниҳоди қудратӣ дар доираи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нақша-чорабиниҳои соҳавӣ аллакай таҳияву тасдиқ гардида, иҷроиши он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.

РУШДИ ВАРЗИШ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии Артиш амал мекунад. Клуби мазкур ба ҳайси яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ, ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил буда, дастаҳои он аз рӯйи 14 навъи варзиш амал менамоянд. Боиси хушнудист, ки ҳайати дастаҳои Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиа аз замони ташкилёбӣ ва зимни иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу дохилии кишвар 570 медали тилло, 371 медали нуқра, 407 медали биринҷӣ ва дар маҷмуъ, соҳиби 1348 ҷоизаи ифтихорӣ гардида, обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ баланд бардоштаанд.

Дар воқеъ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон санҷишҳои вазнинро пушти сар карда, таҷрибаи зиёдеро касб намуд ва таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хизматчиёни харбӣ дар руҳияи садоқат ба Ватан, Конститутсия, Президенти кишвар, Савганди ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва дар ҷодаи дигар вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, ба кафили бехатарии давлату миллат ва таъминкунандаи хаёти осоиштаи мардуми Точикистони азиз табдил ёфтааст.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА, 

сардори Маркази матбуот,

полковник

Охирин хабарҳо