Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШД ДАРАРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.02.2021
in Хабар
0
ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА МАРҲИЛАҲОИ РУШД ДАРАРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
180
VIEWS
Share on Facebook

Маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ, рушду нумуъи иқтисоди миллӣ ва ба  пешрафту тараққӣ кардани бахшу соҳаҳои мухталифи ҷомеа мусоидат намуда, шароит фароҳам овард. Гузашта аз ин, барои дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратёр гардидани давлати тоҷикон ва дар баробари дигар бахшу соҳаҳои гуногун, тавонову пурқудрат гардидани Артиши миллии кишвар саҳми роҳбари ғамхору тавоно, сиёсатмадори нерўманд,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас ва шоёни таҳсину офарин аст.

Мусаллам аст, ки  пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, муносибатҳои гуногунҷанба, хусусан  муносибатҳои  ҳарбӣ-сиёсиёро хуб ба роҳ монд. Дар ин замина, кишвари мо,  дар мубориза ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, яъне муқовимат бо терроризму экстремизмро  дар арсаи ҷаҳонӣ матраҳ намуд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат барои пешгирӣ аз ин вабои аср, пайваста зимни суханрониҳояшон дар суҳбату мулоқотҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба иҷрои супоришҳои муҳим дар ин самт вазифадор менамоянд:“Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд”-, иброз доштанд  Сарвари давлат дар яке аз вохўриҳояшон бо хизматчиёни ҳарбӣ.

ТАЪСИСИ АРТИШ

ДАР ДОХИЛИ ХАЙМА

Маврид ба зикри хос аст, ки дар рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вазъи мураккабу печидаи ҳарбӣ-сиёсии кишвар аксариятро нигарон карда буд. Сарвари давлат, замоне Қувваҳои Мусаллаҳро таъсис дод, ки дар кишвар низоъҳои дохилӣ авҷ гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ бомаром идома дошт ва ҳар лаҳза ба ҷони Сарвари давлат, дигар ходимону мансабдорон ва дар маҷмўъ, тамоми мардуми кишвар хатар таҳдид мекард.

Раиси тозаинтихоби Шўрои олии кишвар-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сари қудрат омаданашон талош варзиданд, ки барои пойдору ҷовидона мондани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати комили миллӣ Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил диҳаданд. Сарвари давлат, борҳо дар суханрониҳои хеш зикр намуданд, ки Фармони таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳро дар дохили хайма (палатка) воқеъ дар фурудгоҳи Айнӣ  имзо карданд. Бо вуҷуди оне, ки Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри таъиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз 18-уми декабри соли 1992 ба тавсиб расида бошад ҳам, вале 23-юми феврали соли 1993  нахустин гузашти низомӣ ва ё худ паради ҳарбӣ дар майдони «Дўстӣ»-и пойтахти кишвар, имрўза Исмоили Сомонӣ ба таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон замина гузошт.

РУШДУ НУМУЪИ

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Қуваҳои Мусаллаҳи кишвар таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, азнавсозӣ шудааст.  Гузашта аз ин, дар ним соли фаъолияти  Артиши миллӣ, яъне шурўъ аз 26-уми июни  соли 1993 барои ташаккул ва ҷобаҷогузории Қувваҳои Мусаллаҳ  аз ҷониби Сарвари давлат як қатор қонунҳо ба тасвиб расонида шуд. Аз ҷумла,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи мудофиа”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, Қонун “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода” ва Қонун “Дар бораи вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо”.

Дуруст аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва сохторҳои таркибии он  дар ҷойи холӣ, бе ягон заминаи моддӣ-техникӣ, дар шароити ниҳоят мураккабу муташанниҷи  иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки он хоси сиёсатмадор ва роҳбари хирадманду заковатпешаест, ки барои ҳифзи Ватан ва осоиши мардум ҷоннисориҳоро дареғ надоштааст.

Имрўз Артиши миллии кишвар, дар маҷмўъ, тамоми  қисму воҳидҳои низомӣ ҷавобгў ба талаботи замони муосир бунёду азнавсозӣ гардида, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба рушду нумуъ намуд, ки боиси сарфарозист.

 

СОЗАНДАГИВУ

БУНЁДКОРӢ

Сарвари давлат пайваста таваҷҷуҳи хешро ба самти Артиши миллӣ равона намуда, рушду такомули минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  марҳила ба марҳила бунёд гардидида, қисмҳои ҳарбӣ дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ замонавӣ бо риояи санъати баланди меъморӣ, ҳамзамон  ҷавобгў ба талаботи замон бунёд карда шуд. Дар воқеъ, аксари биною иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ замони Иттиҳоди Шўравӣ бунёд гардида буданд. Вале, бинобар сабаби ба талаботи замони муосир ҷавобгў набуданаш маҳз бо супориши Роҳбари давлат пурра азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамзамон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, сохта ба истифода дода шуда истодааст, ки то санаи 9-уми сентябри соли равон шумораашон ба 400 адад мерасад, ки ин нишондод танҳо дар давоми се соли охир аст.

Имрўз дар тамоми қисму воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, хонаи дидорбинии волидайн дар қисмҳои ҳарбӣ бо маром идома дорад.

Итминон  дорем, ки афсарону сарбозони далеру шуҷоъ минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар қисму воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вусъати бештар мебахшанд ва ба хотири ҳифзи Истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

ХУЛОСА

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тўли 28 соли фаъолияташ бо вуҷуди музаффариятҳову муваффақиятҳо ва пешравиҳояш, дар ин роҳи пуршараф, ки мақсаду маромаш таъмин намудани суботу оромии ҷомеа мебошад, фарзандони далеру шуҷоъ ва барўманду ватандорашро аз даст додааст. Аз сарбози қаторӣ, то афсарони олирутба дар ин роҳ қурбон шуданд. Дар роҳи озодӣ, Истиқлолият, Ваҳдати комили миллӣ…

Албатта, аз солҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар то имрўз  хизматчиёни ҳарбӣ барои ҳифзи якпорчагии кишвар ва ҳимояи  Ватани азизамон-Тоҷикистон талош варзидаву мусаллаҳ буданд ва имрўз низ пайваста дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор доранд. Ҳамагон хуб медонем, ки то соли 2015 як қатор хизматчиёни ҳарбӣ дар набардҳои мусаллаҳона ба ҳалокат расиданд ва номи неку корнамоиҳои  эшон умрбод дар хотироти мо нақш мебандад, ҳеҷ гоҳ онҳоро фаромўш намесозем.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гарчанде, ки имрўз ба як нерўйи тавонову қудратманд мубаддал гардида бошад ҳам, дар ин роҳи пуршараф  даҳҳо нафар аз фарзандонашро қурбон намудааст, то фазои  Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ халалдор нагардад. Гузашта аз ин, хизматчиёни ҳарбии кишвар пайваста дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор дошта, намегузоранд, ки нохалафе, бадхоҳе, ноҷавонмарде ба ин сарзамин хиёнат кунад.

Previous Post

ҶОИЗАСУПОРӢ БА ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ

Next Post

ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook