Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА МУҲИММИЯТИ ОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.05.2024
in Мақола
0
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА МУҲИММИЯТИ ОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗ
0
SHARES
486
VIEWS
Share on Facebook

Асри XXI дар таърихи башарият бо таҳавуллоти бузурги илмию техникӣ оғоз гардид ва ин раванд бо суръати баланд идома дорад. Ҳамарӯз аз кашф ва ихтирооти тозаи илмию фановарӣ, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маълумот пахш мешавад ва дастрасии мардум ба технологияи муосири иттилоотӣ боз ҳам бештар мегардад. Аз ин ҷост, ки асри XXI-ро   асри иттилоот унвон кардаанд. Ин омил сабаб гардидааст, ки иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон ба мафкураи ҷомеа бисёр амиқ ва нишонрас ба мушоҳида бирасад. Ҳатто расонаҳои иттилоотӣ ба майдони мубоҳисаҳои гуногун табдил ёфтаанд.   Аз ин хотир таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба масъалаи асосии таъмини амнияти миллии давлатҳо мубаддал гардидааст.

Ба таҳлили коршиносон дар замони муосир, ки онро ҷаҳонишавӣ ном мебаранд, раванди таъсиррасонии омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як мамлакати алоҳида маҳсуб мебошад. Аз ҳамин лиҳоз дар пойдории сулҳу суботи дилхоҳ давлат, амнияти иттилоотӣ ҳамчун қисми таркибӣ ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин ҳолат, ба паҳлуҳои таъмини амнияти иттилоотии давлат таваҷҷӯҳ намудан аз манфиат дур нест. Дар шароити муосир рушду пешрафт ва ҳатто мавҷудияту бақои давлатҳо ба устувории амнияти иттилоотӣ вобастагии амиқ дорад. Тавре болотар қайд намудем, андешаи умумигардида ва эътирофшуда, ки мегӯянд: «Асри XXI – асри иттилоот аст» бесабаб нест. Албатта, ин воқеияти худро дорад ва идоракунии иттилоот дар ҷаҳони муосир ва шаклгирии равандҳо аҳамияти ҷиддиро касб намудааст. Дар баробари зарфиятҳои мусбати технологияи муосир, ки дар ҷаҳони иттилооти мавриди истифода қарор мегиранд, ҳамчунин ҷанбаи манфии он низ боиси ташвиш ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Зеро ба воситаи паҳн намудани иттилооти нодруруст ва ба манфиати ин ё он гурӯҳ нигаронидашуда, амну суботи ҳар як давлат ва ҷомеа халалдор гардида, оқибат ба бетартибӣ оварда мерасонад ва хусусан ҷавонони ноогоҳро метавонанд, бо бовар кардан ва пайравӣ намудан ба чунин таблиғот, ба доми ашхоси манфитаҷӯ афтонанд.  Аз ҳамин лиҳоз, дар доираи илми сиёсӣ ва системаи амнияти миллӣ мафҳуми амнияти иттилоотӣ яке аз мафҳумҳои калидӣ ба шумор меравад. Амнияти иттилоотӣ ҳолат ва шароите мебошад, ки ҳар гуна хавфу хатар ба дилхоҳ маълумоти муҳим ва сарнавиштсози ин ё он давлат пешгирӣ ва бартараф карда шуда, дастрасӣ ва таъсиргузории гурӯҳҳои таҳрибкор ва ҷиноятпеша ба маълумот, ҳуҷҷатҳо ва ё афкори омма маҳдуд карда мешавад. Тибқи назари коршиносон, ҳадафи  асосии таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар ҳар як давлат аз он иборат аст, ки бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва системаи таъмини амнияти иттилоотӣ дилхоҳ хатару таҳдиди воқеӣ, эҳтимолӣ ва имконпазир ба фазои иттилоотии давлат бартараф ва ба ин васила, якпорчагӣ, суботу оромӣ ҳифз ва рушди устувор дар ҷомеа таъмин карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонӣ саъю кӯшиши хешро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлол равона намудааст.

Бо назардоштаи чунин омилҳои хатарнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дахлдори мамлакат пайваста тадбирҳои муҳиме роҳандозӣ карда мешаванд.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни пешниҳоди  Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту суханрониҳояшон оид ба  амнитяи иттилоотӣ, зиракии сиёсӣ ва афзоиши хатари терроризму экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори назар менамоянд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита чунин таъкид намуданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Олимҷон АЗИЗОВ, 

Заробудин ШИРИНОВ,

 кормандони АМИТ

Previous Post

МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ ДАР САМТИ СӮХТОРНИШОНӢ

Next Post

БОЗДИД АЗ КӮШУНҲОИ САРҲАДИ КДАМ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ИН НАВЪИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БОЗДИД АЗ КӮШУНҲОИ САРҲАДИ КДАМ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ИН НАВЪИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОЗДИД АЗ КӮШУНҲОИ САРҲАДИ КДАМ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ИН НАВЪИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook