Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
18.07.2023
in Хабар
0
ТАЪИНОТИ КАДРӢ
0
SHARES
301
VIEWS
Share on Facebook

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди шаҳри Душанбе, раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, муовини якум ва муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат, судяҳои суди шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат аз кадрҳои навтаъиншуда талаб карданд, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Ашти вилояти Суғд, шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин, Восеъ ва Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Лахш иваз карда шуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон, бахусус аз ҳисоби занону бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад.

Ҳамчунин дар ҳайати фармондеҳии як қатор ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал дароварда шуд.

Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморида, мубориза бар зидди ҳамагуна ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро аз вазифаҳои асосии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморида, дар ин самт дастурҳои мушаххас доданд.

“Нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир карда, зимни баррасии парвандаҳо ва арзу шикояти мардум бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоед”, таъкид доштанд Сарвари давлат.

Кадрҳои дар ин соҳаҳо таъиншуда, аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, хатмкардагони ду ва ё зиёда донишкадаҳои олии ҳарбӣ, ки зимни адои хизмат аз худ маҳорати касбӣ ва матонату садоқат нишон додаанд, интихоб гардид.

“Зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда мо ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем ва бояд ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти ба дӯш дошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед” таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои таъйингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ карданд.

prezident.tj

Previous Post

МАШҒУЛИЯТҲОИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ-РОҲУ УСУЛҲОИ НАВИ КОРБАРӢ

Next Post

КУШОДАШАВИИ БАСТИ АВВАЛИ ИСТИРОҲАТГОҲИ «БАҲОР»

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КУШОДАШАВИИ БАСТИ АВВАЛИ ИСТИРОҲАТГОҲИ «БАҲОР»

КУШОДАШАВИИ БАСТИ АВВАЛИ ИСТИРОҲАТГОҲИ «БАҲОР»

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook