Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.07.2024
in Хабар
0
ТАЪИНОТИ КАДРӢ
0
SHARES
239
VIEWS
Share on Facebook

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои мақомоти судӣ, Прокуратура, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Номзадии Мирзозода Неъмат Мирзо ба баррасии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин намудан ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ пешниҳод карда шуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Раиси суди шаҳри Хоруғи ВМКБ, Раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, Судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кадрҳои ҷавону соҳибтаҷрибаи соҳа таъин карда шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзидаю таҷрибадор ба вазифаҳои  Муовини вазири маориф ва илм, Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  Роҳбари Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”, Муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”, Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъин гардиданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ, Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои роҳбарикунандаи ин соҳаҳо таъин карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида ба вазифаҳои сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд, прокурорҳои ноҳияҳои Муминобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Сангвору Рӯдакӣ ва сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  таъин гардиданд.

Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баъзе командирони қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ асосан аз ҳисоби кадрҳои дорои ду ва зиёда таҳсилоти олии ҳарбӣ амалӣ гардид.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбат аз вазъи мураккабу зудтағйирёбанда дар минтақа ва ҷаҳон ва афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ёдовар шуда, ҳозирин ва ба василаи онҳо ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муҳофизони Ватанро ба хизмати содиқонаю софдилона, баланд бардоштани донишу маҳорати касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа ва пурзӯр намудани қудрати дифоии давлат ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳамеша дар ҷойи аввал гузоштани манфиатҳои миллии Ватан аз ҷумлаи талаботи асосии роҳбарияти давлат аз ҳар як хидматчии давлатӣ ва муҳофизи марзу буми Тоҷикистони азиз аст.

prezident.tj

Previous Post

РОҲУ УСУЛҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МАШҒУЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ

Next Post

ОЗМУНИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР КОМИССАРИАТҲОИ ҲАРБИИ МИНТАҚАИ РАШТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОЗМУНИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР КОМИССАРИАТҲОИ ҲАРБИИ МИНТАҚАИ РАШТ

ОЗМУНИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР КОМИССАРИАТҲОИ ҲАРБИИ МИНТАҚАИ РАШТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook