21 августи соли 2025 вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, аз бинои кории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, вохӯрии имрӯзаро имкони мусоид барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба арзёбӣ намуданд.
Ҳайати меҳмонон сараввал аз бинои корхона дидан намуда, ба онҳо муаррифии фаъолияти корхона, имкониятҳои кории КВД «Шаҳри ҳушманд» ва лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ ва пешниҳод гардид.
Мақсади татбиқи ин лоиҳа аз беҳтар намудани ҳамкории муассисаҳои шаҳрӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, суръатбахшии хизматрасониҳои давлатӣ ва таъмини шаффофияти равандҳои идоракунии шаҳр иборат аст.
«Паёми Душанбе»





