Аз фаъолияти Ситоди генералии Қувваҳои МусаллаҳТоҷикистони тозаистиқлол аз рӯзҳои нахустини касб намудани мустақилият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, баҳри таъмини амнияти халқу давлат ва ҳифзи ормонҳои чандинасраи мардум, яъне Истиқлолият ба ташкилу такмили қудрати дифоии мамлакат диққати махсус равона карда, бидуни ҳеҷ як заминаи моддиву техникӣ дар ҷои холӣ ва аз сифр Артиши миллии худро таъсис дод. Ҳамин тариқ, 18-уми декабри соли 1992 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил карда шуд. Ва 23-юми феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт нахустин паради ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе доир гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон карда шуд.
|
|
|