Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАШАБУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСОИЛИ ОБ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.05.2023
in Хабар
0
ТАШАБУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСОИЛИ ОБ
0
SHARES
507
VIEWS
Share on Facebook

Вақте дар мавриди сарвати бебаҳо-об андеша меронем, бомаврид аст, бо андешаҳои Сарвари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ташаббускори иқдомҳои муҳими зиёди  башардӯстона, аз ҷумла дар мавриди об навиштаҳоямонро оғоз бахшем, ки пайваста зикр месозанд: “Бояд ҳамагон дарк намоянд, ки қимати об аз қимати нафту газ, ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар нест”. Воқеан, ташаббусҳои наҷибу арзишманди Роҳбари давлати Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ бобати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, аз як ҷониб бешак мояи ифтихори сокинонамон бошанд, аз дигар ҷониб далолат ба он мекунанд, ки дар саргаҳи иқдомҳои муҳим қарор доштани кишвари азизамон-Тоҷикистон дар мавриди он аз ҳар ҷониб асоси воқеӣдоранд…

Мояи ифтихормандӣ ва дар ин баробар шукргузориамон аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони об мебошад ва ин дар шароите, ки қисмати бузурги сокинони сайёра ба ин неъмати бузург- ба оби ошимиданӣимрӯз ниёз доранд. Танҳо овардани ин далел кифоя аст, ки кишварамон на танҳо аз ин неъмати бебаҳои табиат фаровон аст, балки аз ҷиҳати миқдори чашмаҳои шифобахш дар ҷаҳон ҷойи намоён  ва миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ мақоми авваларо ишғол менамояд. Тибқи маълумоти расмӣбештар аз 230 чашмаҳои шифобахш дар кишвар мавҷуданд. Ҳанӯз дар замони худ мутафаккири бузургамон Сино дар қатори дигар воситаҳои муолиҷа обро омили муҳими нигоҳдории саломатӣмуайян намуда буданд. Аксарияти чашмаҳо, ки дар таркибашон аз 1 то 50 намакҳои ҳосилшуда доранду аҳамияти табобатиро доро мебошанд, дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла Хоҷа-обигарм, Гарчашма, Ҳисор, Исфара, Ҳавотог, Чубек, Яхшикӯл, Помир, Панҷ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамасола ҳазорон нафар аз кишварҳои мухталиф баҳри табобат ба оби шифобахши “Зумрат” меоянду оби “Зулол” имрӯз машҳури ҷаҳониён гаштааст. Дар ин баробар Тоҷикистон дорои зиёда аз 7000 пиряхҳо, 150 кӯли гуногунҳаҷм ва обанборҳои зиёд мебошад.

Воқеан, хонандагони рӯзномаи бонуфузи низомиёни кишвар аз ташаббуси навбатии Роҳбари давлатамон  хуб огаҳӣ доранд. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард  ва  тавре дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон зикр намуданд, “…Қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад…”.

Тавре ҳамагон огаҳанд,  ин панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд, ташаббуси Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025-ум дар идомаи ташаббусҳои зиёди дигари башардӯстона иқдоми муҳими дигари Сарвари маҳбуби давлатамон буда, аҳамияти баланди сатҳи ҷаҳониро доро мебошад. Агар аз диди мутахассисони соҳа ба масъала назар андозем, масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар шароити имрӯза масъалаи муҳим маҳсуб меёбад, зеро имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим, обхезию мушкилоти экологӣ, масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ чӣ дар сатҳи дар минтақа ва чӣ дар сатҳи ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад. Тавре шоҳидем, солҳои охир таъсири офатҳои табиӣбоз бам афзуда, захираҳои обии пиряхҳо торафт кам шуда истодаанд. Аз рӯйи маълумоти мутахассисону коршиносон зиёда аз се миллиард аҳолии олам дар беш аз 80 мамлакат аз дастрасӣба оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанду беш аз 7 миллион сокинон ҳар сол аз истеъмоли обҳои ифлосу ғализ ба ҳалокат мерасанд.  Пешбинии нохушонае вуҷуд дорад, ки дар давоми ду-се соли оянда аз се ду ҳиссаи аҳолӣба мушкилоти норасоии оби тоза дучор мешаванд. Пешбинии дигаре ҳаст, ки то соли 2030 сатҳи истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ20-30 фоизро ташкил хоҳад дод. Ии ҷо сухани табиатшиноси рус Р. Ризниченкоро мисол овардан саривақтиву бомаврид аст: «Вақте мерасад, ки одамон барои оби нӯшокӣба қули Сарези Тоҷикистон, ки обаш покиза ва мусаффост, рӯй меоранд…

Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол инҷониб бо ташаббусҳои наҷибу арзишманди хеш дар сатҳи ҷаҳонӣбобати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ барномаҳои мукаммалу мушаххас пешниҳод месозанду аз минбару музокироти сатҳи олӣ пайваста барои ҳалли мушкилоти марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон таклиф, ташаббус, вазифа ва нақшаҳои асоснок пешниҳод намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра ба ҳамкорию ҳамбастагии доманадор даъват менамоянд. Роҳбари маҳбуби давлатамон бешубҳа пешоҳанги ҳаллу фасли масоили об ва проблемаҳои экологии сайёра мебошанд.

Дар мавриди истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ«Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025-ум иқдоми муҳиму муфид маҳсуб ёбад, муташккаилона идома доштани татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор солҳои 2018-2028» албатта моро хушдор медиҳад, ки тадбирҳои судманд дар мавриди ҳалли мушкилоти об ба сомон хоҳанд расид. Воқеан, ин ҷо бомаврид аст, аз моҳияту ҳадафҳои Қатъномае, ки дар мавриди   “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об” қабул гашт, ёдовар шавем. Қатънома асосан масъаҳои зеринро фаро мегирад:

-рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳамзистӣ;

-роҳандозӣва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор;

-тавсеаи ҳамкорӣ ва ширкат дар ҳамаи сатҳо барои мусоидат ба татбиқи  вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об;

-такмили умумии ташаккул ва интишори дониш оид ба об, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин;

-бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули ширкат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи  ҳадафҳо ва  вазифаҳои марбут ба захираҳои об…

Ҳамин тавр, аз таҳлилҳои боло метавон хулоса намуд, ки об захираи бузург,  омили муҳими  ҳаёт дар сайёраи замин, сарчашма ва манбаи ҳаёт, асоси зиндагӣ, саломатӣ ва зебоӣ, мӯъҷизаи беҳамто ва неъмати гаронбаҳои табиат мебошад. Тавре таҷрибаи таърихӣ низ нишон медиҳад, тамаддуну фарҳангҳои машҳури ҷаҳонии ҳиндуориёӣ, Хуросони бузург (Мовароуннаҳр, Афғонистон ва Эрон), Чину Бобул (Байнаннаҳрайн), Мисри қадим, Юнону Рими бостон ва дигар манотиқи олам ҳама дар ҷавори руду дарёҳои бузург, соҳили баҳру уқёнусҳо ба вуҷуд омадаанду инкишоф ёфтаанд ва ҳамеша ҳамин тавр хоҳад монд.

Биологҳо, табибон, зироаткорон, физикҳо, геологҳо, ҳар яке вобаста ба соҳаи худ оиди аҳамияти об андешаҳои арзишманд  доранд. Дар идома боз бомаврид аст зикр созем, ки барои дастрас намудани об дар зарфи 50 соли охир 21 муҳорибаҳои бузург ва 507 маротиба муҳорибаҳои гуногун  ба вуқӯъ пайвастааст.

Воқеан,  тибқи таҳлил олимон нақши об дар рушди тафаккур ва беҳдошти муносибатҳои иҷтимоӣ хело калон аст, олимону донишмандони намоёни зиёди сатҳи ҷаҳонӣдар ин маврид тадқикотҳои зиёди ҷолиби илмӣ анҷом дода, хулосаҳояшонро пешкаши аҳли ҷомеа намудаанд. Аз ҷумла, донишманди намоён, муҳаққиқ ва обшиноси машҳури Япония Масару Емото дар мавриди аҳамияти об чунин менависад: «Модоме ки беш аз 70 дарсади бадани инсонро об ташкил медиҳад, мебояд мусбатнигариро, ки бадан, шуур ва тафаккури инсонро зебо мегардонад, инкишоф дод ва аз бадгуфторию бадрафтори ҷиҳати солимнигоҳдории бадан ва муҳити зист ҳазар кард…»

Ба андешаи донишмандонамон, «Наҷоти об аз ифлосшавӣ наҷоти ахлоқу фарҳангу зиндагист…». Пас, дар шароити имрӯза, дар асри XXI — асри тағйирёбии иқлим, дар шароите, ки обхезию мушкилоти экологӣ, масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар минтақа ва ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад, дар қатори тамоми сокинони сайёра мо-тоҷикистониён лозим аст, ки обро чун сарвати муқаддасу бебаҳо ҳифз намоем. Дар баробари ифтихомандӣ аз ташаббусу иқдомҳои арзишманд ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили об дар амал барои татбиқи ин ҳадафҳо дар амал талош варзем.

Истифодаи оқилонаи ин сарвати арзишманди табиат вазифаи ҳар як нафар аст.

Дониёр ШАРИФОВ,

афсар-омӯзгори калони Сикли тайёрии умумиҳарбии 

Кафедраи ҳарбии ДТҶТ  ба номи С.Раҳимов,

 подполковник

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Previous Post

КОРРУПСИЯ-ЗАРБА БА РУШДИ ДАВЛАТ

Next Post

САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОНИ МЕҲАН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОНИ МЕҲАН

САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОНИ МЕҲАН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook