Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.02.2024
in Хабар
0
ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
0
SHARES
139
VIEWS
Share on Facebook

“Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир–терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд”. Ин порчаест, аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамасола дар доираи ироаи Паём ва иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муҳайё намудани шароитҳои хуби таълимӣ ва ҳам хизмативу майишӣ ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат ба ҳар як афсару сарбоз боис мегардад, ки қисмҳои низомӣ дар доираи меъёри муқарраргардида ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ бунёду азнавсозӣ шуда, иқтидори мудофиавии мамлакат боз ҳам афзун гардад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати пешгирифтаи иқтисодии роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти созандагиву бунёдкориҳо ва анҷоми корҳои сохтмонӣ, барои пешбурди хизмати рӯзмарраи низомиён ва майишату фароғати онҳо, дар давоми ин солҳо як қатор  бинову иншооти аҳамияти ҳарбӣ дошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар ин замина тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд:

“Ҳукумати мамлакат дар доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод. Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад”.

Воқеан, Ҳукумати Тоҷикистон новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир ва бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд. Зеро, масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар аҳамияти мубраму муҳим пайдо кардааст.

Дар ин раванд солҳои охир барномаи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон марҳала ба марҳала амалӣ гардида истодааст, ки мақсад аз он таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо аслиҳа ва воситаҳои техникии муосири ҳарбӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзмарраи хизматӣ барои муҳофизони Ватан мебошад.

Дар робита ба пурзӯр намудани Артиш, боз ҳам баланд бардоштани омодагии ҷангии он ҳамзамон тақвият бахшидани қудрати мудофиавии давлат аз вазифаҳоест, ки доимо дар маркази диққати Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри татбиқи амалии ин ҳадафҳо ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Артиши миллӣ, зимни ҷамбасту натиҷагирӣ аз бурду бохт ва фаъолият Вазорати мудофиа дар соли 2023-юм, шиореро, таҳти унвони “Таъмини амнияти миллату давлат ва ҳифзи марзу буми Ватан рисолати касбии мост” қабул намуданд ва дар ин радиф аз генерал то сарбози қаторӣ азм доранд, ки давоми соли равон тибқи нақша-чорабиниҳои тарҳрезигардида дар самтҳои болозикр корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ОМОДАГИИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН БА ҶАШНИ КАСБӢ

Next Post

МУАРРИХ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУАРРИХ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

МУАРРИХ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18.01.2026
МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

16.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

16.01.2026
ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook