Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷавонон субъекти асосии ташаккули оила ва равандҳои демографӣ мебошанд. Ин барои интихоби суръат ва самти воридшавии ҷавонон ба ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ имконият фароҳам меорад. Маҳз ҳамин вазъият асоси фаъолияти навоварона, саҳми эҷодии он ба пешрафти ҷамъият мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон 1,2 миллиард ҷавонони аз 15 то 24-сола зиндагӣ мекунанд, ки 16 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 70% -и аҳолии кишварро ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳад, ки ин аз нерӯйи бузурги иҷтимоӣ будани ҷавонон дар ҷомеаи мо шаҳодат мекунад.
Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон- дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол буда, умеду такягоҳи давлат мебошанд. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар давра ба давра тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Аз ҷумла, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, барои баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа ва барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар яки он дар ҳаёти ҷавонони кишвари мо нақши созанда дорад.
Инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон” қабул гардиданд, ки барои татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ доир ба тарбияи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватанпарастии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам мустаҳкам намудаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша доир ба баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳанд. Зеро, дар шароити муосир таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобаста буда, ин ду соҳаи муҳим дар рушди ҳаёти ҷавонони кишвар бевосита нақши муассир дорад.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ барои тарбияи мутахассисони сатҳи гуногун ва дорои таҳсилоти олӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Масалан, то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба 60, миёнаи касбӣ ба 84 ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41 расида, шумораи умумии донишҷӯён 218,1 ҳазорро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, шумораи донишҷӯён, магистрон, аспирантҳо ва докторантҳо, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, зиёда аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд .
Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки дар замони Истиқлол барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад моҳи феврали соли 1998 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёна ва олӣ ва моҳи марти соли 1998 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои донишҷӯёни ҷавон таъсис дода шуд, ки дар соҳаи илм ва техника, инчунин дар пешрафти кишвар муваффақиятҳои намоён ба даст оварда шуд.
Бо мақсади таҳкими сатҳи ҷаҳонбинӣ ва дониши назариявии хонандагону донишҷӯён ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмунҳои гуногун баргузор мегардад. Аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад, ки ин барои ташаккули фарҳанги техникӣ ва дониши касбии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.
Баргузории озмуни «Илм-фурӯғи маърифат», ки доираи фарогириаш васеъ буда, шурӯъ аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро дар бар мегирад, барои татбиқи 20-солаи рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ва баланд гардидани сатҳи дониши хонандагон дар ин самт муфид ва зарур арзёбӣ мешавад.
Тавре ки медонем, тайи чанд соли охир дар ҷумҳурӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Бояд ёдовар шуд, ки синну соли иштирокчиёни озмун гуногун буда, дар маҷмӯъ барои ҷалби доираи васеи хонандагон ба китобхонӣ, хусусан, китобҳои бадеӣ ва назм мусоидат менамояд. Натиҷаҳои озмун нишон медиҳанд, ки сол аз сол теъдоди иштирокчиён зиёд ва сатҳи дониши онҳо баланд гардида, шумораи китобхонҳо меафзояд.
Қобили зикр аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар нақши ҷавонон дар рушди соҳаи маориф назаррас буда, ҳамасола бо дастгирӣ ва пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Аз ҷумла, дар рушди соҳаи маориф ва бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот, балки бо заҳматҳои созандаю ташаббусҳои ободгаронаашон пайваста мақоми ҷавонони кишварро баланд бардошта, саҳми худро гузоштаанд.
Бо мақсади он, ки саҳми ҷавонони кишвар дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа боз ҳам тақвият ёбад, дастгирӣ ва раҳнамоӣ намудани насли наврас ва ҷавон барои ҳар як шахси дорои таҷрибаи кофӣ дошта шарт ва зарур мебошад. Зеро, инсон то ба дараҷаи фаъолияти комил расидан ба таҷрибаву муваффақиятҳои гузаштагон ниёз дорад. Ҷаҳони муосир, ки бо равандҳои мухталиф пеш рафта истодааст, ба ҷавонон бетаъсир намемонад. Барои дар шароити хуб ва созгор, ҳамчунин, ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ будани ҷавони муосир моро зарур аст, ки ҳамқадами замон бошему ҳамаҷониба ҷавононро дастгирӣ намоем. Аз ин рӯ, имрӯз пеш аз ҳама такмили дониши сиёсии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо хеле зарур аст. Бевосита ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки донишҳои сиёсии хешро такмил диҳанд ва аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ дур бошанд, то ин ки худ ва миллату давлати хешро ҳифз карда тавонанд.
Аз гуфтаҳои боло хулосае бармеояд, ки имрӯз барои ташаккули худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавон дар ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Тадбирҳое, ки дар ин самт аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ, хусусан, дар самти маориф андешида мешаванд, бешубҳа барои татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарбияи ҷавон мусоидат хоҳанд кард.
С. АБДУЛЛОЕВА,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон