Ба андешаи олимон тарбия дар тамоми марҳилаҳои тамаддуни башарӣ мақоми волоро соҳиб будааст, зеро сатҳи фарҳангу фазилати аҳли ҷомеа, хосса насли наврасу ҷавони он мақому манзалати худи ҷомеа дар тамаддуни инсоният муайян мегардад.
Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ ба танзим дароварда, дар парастиши анъанаву суннатҳои арзишманди миллати тоҷик ва халқияту миллатҳои дигари Тоҷикистон интихоб ва амалӣ менамояд. Тарбия ҳамчун воситаи ислоҳкунанда ва беҳсозандаи сифатҳои ахлоқии аҳли ҷомеа аз рӯзи пайдоиши ҷамъияти одамӣ то ба имрӯз ҳамқадаму ҳамнафаси башарият мебошад. Дар робита бо мақсаду мароми асли ҷомеа, дар ҳар давру замон вазифаю усул ва тарзи тарбия тағйир меёбад, аммо ҷавҳари аслӣ ва вазифаи асосии он ба роҳи рост ҳидоят кардани мардумон ҳамоно тағйирнопазир боқӣ мемонад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро аз сар гузаронида истодааст, тарбияи насле, ки тақдири минбаъдаи ҷомеаву мамлакат ба он вобаста аст, вазифаи аҳли ҷомеаи навини мо мебошад. Бо саъю кӯшиши Сарвари давлат аҳли ҷомеа ба омӯзиш ва посдории беҳтарин анъанаҳои суннатии ниёгон пардохт, омӯзиши фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои халқи тоҷик ва миллатҳои маскуни кишвар дар маркази диққати тамоми аҳолӣ, бахусус вазорату идораҳо, ташкилоти эҷодӣ, воситаҳои ахбори умум, нашриётҳо ва муассисаҳои таълимию тарбиявӣ қарор доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли маориф таъкид доштанд: “Агар ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи Ватани хеш имрӯз бо масъулият муносибат накунем, ифтихору ғурури миллии мо гирифтори зоҳирпарастӣ шуда, дар доираи ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонем”. Ин муроҷиати Сарвари давлат бори дигар ба ҳамагон, хосса волидайн ва аҳли маорифу зиёро водор месозад, баҳри тарбияи насли бохираду дорои ахлоқи ҳамида бо тамоми истеъдодашон ғайрат намоем.
Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки: “Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ, ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, фидокорӣ, симои зоҳирию маънавӣ, ахлоқи фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад”. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, равнақи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа мебошад. Агар ба баромаду суханрониҳои Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ намоем, мазмуну муҳтавои онро ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми Тоҷикистон ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, тарбияи ватандӯстӣ тақозои замон ва яке аз самтҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат ба шумор меравад.
Тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз қисматҳои таркибии тарбияи ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Дар ин бобат Пешвои миллат хуб гуфтаанд: “Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, кишвар, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, паҳлуҳои истиқлолияташро чандон пуштибонӣ карда наметавонад.”
Мафҳуми ватандӯстӣ ҷанбаҳои гуногун дорад. Он аз дӯст доштани падару модар, бародарону хоҳарон, аҳли оила, мактаб, муаллимон ибтидо гирифта, бо парастидани деҳа, ноҳия, вилоят ва кули кишвар ҳамоҳанг буда, боз ҳам васеътар мегардад. Мафҳуми ватандӯстӣ эҳтироми миллати худ, ҳифзу афзун намудани урфу одат ва фарҳанги миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, ҳифз ва истифодаи самараноку оқилонаи захира ва сарватҳои табииро дар худ ғунҷоиш медиҳад.
Тарбияи ватандӯстӣ ҳамоҳангии ақлу заковат, андеша, ғоя, эҳсос, изтироби рӯҳ ва рафторҳост. Ин масъала алоқаи аз ҳам ҷудонашавандаи ҷомеа, низоми маориф, созмонҳои наврасону ҷавононро дар бар мегирад.
Тарбияи ватанпарастии ҷавонон талаботи марҳилаи кунунӣ буда, амалӣ намудани он то андозае метавонад бетарафии ҷомеаро нисбат ба тақдири ҷавонон рафъ намуда, масъулияти онҳоро дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар гардонад.
Зулфия АҲМАДЗОДА,
омӯзгор