Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
18.10.2024
in Мақола
0
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА
0
SHARES
313
VIEWS
Share on Facebook

Қобили тазаккур аст, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур изҳори назар намуда, ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳо медиҳанд.

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии худро ҳанӯз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) мегирад. Зеро дар моддаи 43-и он пешбинӣ гардидааст, ки: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Минбаъд, раванди таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зерқонунӣ, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997, №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006, № 94 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарчашма мегирад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ҳамзамон, барномаҳои давлатӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд, амали саривақтӣ буда, барои тақвияти масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҷиҳати дар тафаккури онҳо эҷод намудани дарки бошуурона ва ҳисси баланди садоқат ба Ватан, хизмати фидокоронаю беғаразона ба халқу Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбубамон, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгонамон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус, терроризму экстремизм,  ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад

Қобили зикр аст, ки қабули чунин қонун дар миқёси давлатҳои пасошӯравӣ аввалин мебошад, зеро то ба ҳол дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳо ин масъала дар сатҳи қонуни ягона танзими худро наёфтааст. Танзими ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷумҳуриҳои болозикр қисман дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ танзим гардидаанд

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Дар моддаи аввали Қонуни болозикр мафҳуми ватандӯстӣ оварда шудааст, ки тибқи он ватандӯстӣ-муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан аст.

Воқеан, падидаи ватандӯстӣ ифодакунандаи эҳсосоти гарм, яъне ҳолати рӯҳии инсон, муҳаббати вай нисбат ба Ватан, арзишҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин хиссиёт, одатан дар шахс аз оила ва мактаб ба вуҷуд меояд ва ҳангоми аз тарафи давлат қабул кардани барномаю стратегия ва қонунҳо барои огоҳӣ доштан ва такмилу муқовимат нишон додан бар зидди ҳамагуна таҳдиду амалҳои номатлуб бедор карда мешавад.

Мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ бошад, мувофиқан ба Қонуни номбурда, ҳамчун-фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳо) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст, пешбинӣ гардидааст.

Қобили қайд аст, ки меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” на танҳо ба мақомоти давлатию шахсони мансабдори онҳо, балки ба ҳар як наврасу ҷавон, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансубият, барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти ватандорӣ паҳн мегардад.

Ҳамзамон, дар Қонуни болозикр мафҳумҳои Ватан, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳисси шаҳрвандӣ ва ғайраҳо оварда шудааст.

Бо эътимоду эҳтироми хосса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро мебояд, ки қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии хешро барои ҳифзи Истиқлолияти Тоҷикистони комилан орому озод равона сохта, барои эҳёи ғояву арзишҳои миллӣ-ватандӯстӣ, дарки баланди онҳо, ташаккули худшиносии миллӣ, такмили ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватани азизамон равона созем. Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: “… ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.”

 

Ҷумабек РУСТАМЗОДА,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

 

Previous Post

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook