Ҷамъомади бошукуҳи ҷашнӣ, ба муносибати таҷлил аз 28-умин солгарди Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат, чун ойини доимии низомиён, бо ворид намудани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ оѓоз карда шуд, ки дар он ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорони Артиши миллӣ ва дигар меҳмонон ширкат доштанд.
Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур, вазири мудофиаи мамлакат генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо маърўзаи табрикотӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, он бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат рушду нумуъ ёфтааст.
Дар ҷамъомад, инчунин вобаста ба марҳилаҳои тайнамудаи Артиш қайд карда шуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои Истиқлоли миллӣ, озмоишҳои сахту сангинро пушти сар карда, рисолати касбии худро иҷро карда тавонистанд ва таҳти роҳнамоии Пешвои миллат ба як нерўйи пурзўру тавоно табдил ёфта, ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Бо итминони комил иброз гардид, ки имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо омодабошии доимии ҷангӣ қодир аст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи хешро вобаста ба ҳифз ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, муҳофизати манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандонро адо менамояд. Ва дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар қадамҳои устувор мегузорад.
Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ, чанд тан аз хизматчиёни ҳарбии сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ низ суханронӣ карда, оид ба дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, бурду бохти низомиёни мамлакат ва рушду камоли Артиши миллӣ дар тўли ин солҳо ёдовар шуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони ин марзу буми аҷдодиро табрику таҳният намуданд.
Дар охири ҷамъомад, як қатор хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ, барои хизматҳои шоёни таҳсинашон дар назди халқу Ватан ва дар самти ба даст овардани муваффақиятҳои соҳавӣ, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиа, бо Раҳматнома, медалу Ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
полковник