Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
06.11.2024
in Хабар
0
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРӢ
0
SHARES
174
VIEWS
Share on Facebook

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлил аз 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиа тибқи қавоиди доимии низомиён бо ворид намудани Парчами давлатӣ, Байрақи ҷангӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, намоянда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии ин ниҳоди қудратӣ ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иштирок намуданд.

Роҳбарияти Вазорати мудофиа ва намояндаи Суди конститутсионӣ зимни баромади пурмӯҳтавои хеш зикр карданд, ки раванди таҳияи Конститутсияи нав пас аз баргузории иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид, ки он ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз роҳи пешрафти ояндаи халку давлатро дар тӯли даҳсолаҳо муайян кард.

Дар ин радиф қайд карда шуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муқаддасоти миллӣ, мавқеи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муҳимтарин самтҳои рушди ҷомеа, мавқеи забон дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва дигар самтҳои ҳаётан муҳими ҷомеа хеле равшан инъикос ёфтааст.

Бо ёдовари аз рӯзу лаҳзаҳои солҳои аввали Истиқлоли миллӣ қайд карда шуд, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар кишвар афсарону сарбозони тоҷик ҷоннисорӣ намуда, барои таҳким ва пойдории сулҳ дар ҷумҳурӣ  саҳми арзанда гузоштанд. Илова бар ин, зикр гардид, ки тартиби фаъолият, танзими хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ низ мувофиқ ба талабот ва дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ изҳор карда шуд, ки мо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ин вазифаи муқаддаси худро минбаъд низ бо ҳисси ифтихор ва масъулияти баланд аз Ватану ватандорӣ адо хоҳем кард.

Дар охир иштирокчиёни чорабинӣ қабули Кониститутсияро як санаи бисёр муқаддас, пурифтихор ва сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлоли миллӣ арзёбӣ намуда, ҳама хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони ин марзу буми аҷдодиро бо ин санаи муҳим табрику таҳният карданд.

Маврид ба зикр аст, ки ба муносибати  таҷлил аз 30-юмин солгарди Кониститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷузъу томи навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва умуман дар пойгоҳи дигар сохтору идораҳои зертобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ низ конфронсҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА “ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭҶОДИ МЕХАНИЗМҲОИ САМАРАНОКИ АМНИЯТИ САРҲАДӢ-МАРҲАЛАИ КУВАЙТИ РАВАНДИ ДУШАНБЕ”

Next Post

СУХАНРОНӢ ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СУХАНРОНӢ ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СУХАНРОНӢ ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МУСОБИҚАИ БИСЁРҲАРБА  БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

МУСОБИҚАИ БИСЁРҲАРБА БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

15.02.2026
МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА»

МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА»

15.02.2026
ҲАНГОМИ ТАРИҚИ БАРНОМАҲОИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ» СОХТАНИ АКСҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СОҲАИ НИЗОМӢ, РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ОИННОМАҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҲАТМИСТ!

ҲАНГОМИ ТАРИҚИ БАРНОМАҲОИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ» СОХТАНИ АКСҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СОҲАИ НИЗОМӢ, РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ОИННОМАҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҲАТМИСТ!

15.02.2026
23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.02.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook