Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо иштироки сардори Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии вазорат, роҳбарият ва ҳайати шахсии афсарону кормандон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ ҳайати иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои факултетҳо, дастархони идона, машқҳои ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин гӯшаи ёдгориҳои қадима дидан намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ баҳои баланд доданд.

Сардори Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиа, генерал — майор Азиззода Ҳафиз дар баромади худ аҳли ҳозирин, курсантону хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, саҳми Донишкадаи ҳарбиро дар таълиму тарбияи кадрҳои болаёқату ватандӯст шоиста арзёбӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки ин ҷашн ҳамчун дастоварди таърихии кишвари мо аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гаштааст ва имрӯзҳо дар тамоми минтақа дар сатҳи хеле баланд таҷлил гардида истодааст.

Сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, генерал — майор Сафарзода Хуршед низ дар маърӯзаи худ аз расму оинҳои наврӯзии қадимаи халқи тоҷик ёдовар шуда, ҳамаи афсарону кормандон ва курсантонро самимона таҳният намуд.

Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ — фароғатӣ, ки аз ҷониби масъулини бахши фарҳанги Донишкада омода гардида буд, ҷамъбаст карда шуд






