Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
26.03.2022
in Хабар
0
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
233
VIEWS
Share on Facebook

Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги миллӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо мардуми ориёинажод, аз ҷумла, тоҷикон аз он истиқбол менамоянду бо ифтихор аз гузаштагони хеш онро гиромӣ медоранд, имрӯзҳо ҳамчун муждаи сулҳу дӯстӣ ва ҳамдиливу якмаромӣ дар сатҳи ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

Маврид ба зикри хос аст, ки ҳамин гуна тантанаҳои наврӯзӣ дар ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ, муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиа ва дигар ҷузъу томи алоҳидаи ин ниҳоди қудратӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Аз ҷумла, дар пойгоҳи ҷузъу томи Бригадаи ҳамловари десантии Қӯшунҳои зудамали Артиши миллии мамлакат, сухани табрикотии хешро ба муносибати ҷашнгирии ин пайки шодмонӣ ва ҷашнвораи ҷаҳонӣ масъулини роҳбарикунандаи ин навъи қӯшун бо зикри хос аз таърихи ҷашнгирии Наврӯз ва рамзу аркони он оғоз намуда, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани ин ҷашнвораи шукӯҳманди тоҷиконро боиси ифтихору шараф аз фарҳангу тамаддуни безаволи ин миллати куҳанбунёд арзёбӣ карданд. Воқеан, боиси сарфарозист, ки ин мероси фарҳангии ниёгонамон бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 мақоми ҷаҳониро касб намуда, ҳамакунун дар сатҳи байналмилалӣ қайд карда мешавад.

Ҳомиёни марзу буми Ватан, ки баҳри тинҷиву осудагӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумони ин сарзамин дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  кишвар хизмат менамоянд, таъмини амнияти давлату миллат, арҷгузорӣ ба ҳама муқаддасоти давлатӣ ва фарҳангу тамаддуни миллиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш медонанд. Маҳз бо чунин садоқати бепоён ба халқу Ватан хизмат намуда, дар баробари мардуми шарифи ин диёр тамоми ҷашну идҳои миллиро бо тантанҳои хоси низомиён таҷлил менамоянд.

Наврӯз аз ҷумлаи он ҷашнҳои миллии мардуми мо аст, ки сол то сол дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар байни низомиёни Артиши миллии мамлакат бо як рӯҳияи баланди идона ва дӯстдоштани Ватан таҷлил мегардад. Дар майдони сафороӣ қадамзаниҳои низомиён ва пойгоҳи баргузории чорабиниҳои десатчиёни Меҳан бо рамзу ойинҳои хоси наврӯзӣ ба хотири таҷлил аз ин ҷашни бошукӯҳи ҷахонӣ мебошад.

Афсарону сарбозони ҷузъу томи десантӣ бо арҷгузорӣ ба ин ҷашнвораи миллӣ хони наврӯзӣ густурда, онро бо ойинҳои хоси Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва фарорасии баҳори хуҷаста, ки оғози кишту кор ва файзу баракат дар хони мардум аст, оро додаанд.

Сарбозони соҳибзавқу ҳунарманди қисми ҳарбӣ бошанд, бо навозиши асбобҳои мусиқӣ, пешниҳоди сурудҳои ҳаҷвӣ ва саҳанаҳои ҷолибу дилошуби хеш гирди хони наврӯзӣ ва суманак, ки аз рамзҳои хоси ин ҷашн аст, ба ҳозирин хурсандиву болидарӯҳӣ мебахшиданд.

Мусобиқаҳои қаҳрамониву паҳлавонӣ, гуштини миллӣ, бандкашӣ, гузрбардорӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишии монанд ба ин низ аз анъанҳои хоси Наврӯз маҳсуб меёбад, ки сарбозон бо як далериву ҷасурӣ иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар охир, базми васеи фарҳангиро дастаи ҳаваскорони қисми ҳарбӣ бо ҳунари тақлидкории хеш, қироати шеърҳо дар васфи баҳору Наврӯз ва суруду оҳангҳои идонаву ватандӯстона боз ҳам ҷолибу хотирмон гардониданд.

Ҳайати шахсии ҷузъи дигар ин қисми ҳарбӣ бошанд, ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо ташкили чорабинии тантанавӣ, гӯшаи намоишии ҳунарҳои мардумӣ, асбобҳои мусиқӣ, оростани дастархони идона бо ойинҳои хоси Наврӯз ва хӯрокҳои миллӣ истқбол гирифта, бо ҳамхизматони хеш дар базмгоҳи наврӯзӣ хушиву хурсандӣ намуданд.

Кӯдакон ва насли наврас, ки омадани фасли баҳору Наврӯзро аз ҳама бештар интизор мешаванд, он рӯз дар ин базмгоҳи низомиён бо хушҳоливу сарафрозии кӯдаконаи хеш аз фазои тинҷу осудаи Ватани азизамон ва таҷлил аз ҷашни Наврӯзи оламфрӯз, ба афсарону сарбозони десантчии Меҳан саҳнаҳои ҷолиби диққат ва басо ҳам диданибобро пешниҳод намуданд.

Муҳорибаҳои омехтаи намошдодаи онҳо аз бисёр ҷиҳат ҷолиб буд ва он аввалтар аз ҳама, ғуруру ифтихори насли навраси моро нишон медод, ки аз дарси мардонагиву ватандорӣ огоҳ буда, дар ин замина, бо ҳушёрӣ ва далериву тавоноӣ бар камол мерасанд.

Бо мақсади хушҳолии ин дустрӯякон ё худ насли фардои марзу буми аҷдодӣ, ҳамчунин боз ҳам ҷолибу хотирмон ҷашн гирифтани Наврӯзи Аҷам ва то дербоз нақш бастани Наврӯзи низомиён дар хотири иштирокчиёни хурдсоли чорабиниҳои имсолаи наврӯзӣ, десантчиёни фазои тактиикӣ ва як бонуи парашутчии Меҳан аз баландии зиёд бо парашутҳо ба замин ва ё гӯшаи дигар базмгоҳи наврӯзӣ фуруд омаданд.

Воқеан, Наврӯз ҷашни шодиву сурур, бахту саодат, ваҳдату ҳамдилӣ ва муҳаббату самимияти поку беолоиш байни инсонҳо мебошад, ки бо таҳаввулоти табии хеш ва воқеияти раднашвандаи таърихияш дар дили хурду бузург ва ҳар яки фарди ҷомеа маъво гирифта, ҳамасола бо интизориҳои зиёд ва бо шукӯҳу шаҳомати ягона ҷашн гирифта мешавад.

Боқӣ ШАРИФЗОДА

Previous Post

НАВРЎЗИ БОСТОН ДАР ОЙИНИ НИЗОМИЁН

Next Post

ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ

ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook