33 — соли дастовардҳои беназир дар роҳи таҳкими қудрати мудофиавии Тоҷикистон азиз, омӯзиши таҷрибаҳои пешқдаам ва омода будан дар таъмини мудофиаи давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум. Ин сипари боэътимод ва таъминкунандаи сулҳу субот, яъне Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сола шуд. Ба ин ифтихори бузург дар ВМ кишвар бо иштироки роҳбарияти вазорат, ҳайати фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказиву Ситоди генералӣ ва дигар меҳмонон ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, генерал — полковник Собирзода Эмомалӣ баромад намуда, доир ба ғамхориву дасгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба низомиёни шарафманди меҳан ёдовар шуд. Тавре қайд гардид, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ на танҳо санаи таърихӣ, балки рамзи ифтихор, масъулият ва садоқат ба Ватан аст. Дар воқеъ, Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва такягоҳи сулҳу субот дар ҷомеа мавқеи устувор дошта, дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳимояи арзишҳои конститутсионӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар ҷараёни чорабинии идона ҳамчунин афсарони Вазорати мудофиа ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ба сухан баромада, атрофи хизматҳои масъулиятноки низомиёни мамлакат ва рушду камоли сипари боэътимоди давлат ибрози андеша намуданд.

Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ, бо фармоиши вазири мудофиаи мамлакат хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ бо раҳматнома, медалу ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, дар ин ҷамъомади танатнавӣ ғолибони мусобиқаи танкронӣ ва дигар чорабиниву мусобиқаҳои ҳарбӣ — варзишӣ ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, бо ҷоми мусобиқа, медал ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Умуман, ба муносибати таҷлили 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ҷумҳурӣ дар ҳама қисму воҳидҳои низомии мамлакат ва бо иқдоми масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор гардида, барои афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, дастурхони идона ороста шуд.






