Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАНЗИМ-ҲИМОЯ АЗ МАНФИАТҲОИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.02.2024
in Хабар
0
ТАНЗИМ-ҲИМОЯ АЗ МАНФИАТҲОИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ
0
SHARES
196
VIEWS
Share on Facebook

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рӯзгор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бе чуну чаро ин қонунро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст.

Дар ҳаёт татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангӯйӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонуни болозикр айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад.

Пӯшида нест, ки тоҷикон дар тӯли таърих ба як қатор дастовардҳои моддию маънавӣ, фарҳангофаринӣ, маърифатбунёдӣ дар ҷаҳон шуҳратёр гардидаанд. Манзур аз ин мақола эҳёи расму русуми аҷдодӣ дар доираи фарҳанги миллӣ аст, ки нақши созандаи он дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор додааст. Чункӣ фарҳанг ифодагари рӯҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар ҳалқу миллат аст, дар навбати худ муҳофизаткунандаи муҳит низ мебошад.

Нақши ин қонун дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум беназир аст, ҳарчанд ки натиҷаҳо назаррас аст, зарурияти такмил додани ин қонун тақозои замон аст. Танзим падидаи иҷтимоию фарҳанги миллӣ буда, риояи ин қонун дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми меҳнатқарин ва заҳматпеша иқдоми наку мебошад.

Дар ҳар давру замон низ вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ба сиёсати ҷомеа, давлату давлатдорӣ вобастагӣ доранд. Дар ин радиф пандҳои ахлоқии Бузургмеҳр айни муддаост, ки рӯзе аз ӯ пурсидаанд: «Чаро дӯстон ба осонӣ душман мегарданду душманон бо машаққат дӯст мегарданд?» Бузургмеҳр ҷавоб дод: «Чунки сӯхтан осон аст, сохтан мушкил аст, шикастан осон аст, пайвастан мушкил аст. Маблағ сарф кардан осон аст, маблағ ёфтан мушкил аст».

Хулоса, кори аз ҳама мушкил эҷод кардану обод кардан аст. Он паҳлӯҳои фаъолияти инсонро унсур меноманд, ки дар муддати дуру дарози таърихӣ тавассути мушоҳида, таҷриба, донишу хирад ва заковати инсон ба вуҷуд меоянд, ҳамчунин фарҳанг ном бурда мешаванд. Бинобар ин, муҳимтарин унсурҳои фарҳанг забон, хату алифбо, асотир, мазҳаб, анъанаҳо, расму оин, санъат ва ғайраҳо мебошанд.

Унсурҳои фарҳанг таърихи қадима доранд, ки онҳо ҷавҳари фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳое мебошанд, ки аз насл ба насл гузашта, ташаккул ёфта, нерӯву хирад, меҳру муҳаббатро ба худ касб намуда, таҷассумкунандаи таърих ва маърифату маданияти халқҳо гардидаанд.

Фарҳангҳо якранг нестанд, чунки дар тӯли таърихи инсоният аз насл ба насл гузашта, ба фарҳангҳои наслҳои гуногуни ҷаҳон бархӯрда, омезиш меёбанд, маҳз дар ана ҳамин бархӯрдҳо заифию бузургии худро дармеёбанд.

Дар тӯли таърих аз ҷониби истилогарони аҷнабӣ бисёр кӯшишҳои аз байн бурдани забон, адабиёт, фарҳанг, илм, маориф, санъат ва умуман ҳувияту худшиносии миллати тоҷик ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо миллати озодандешу ободкори мо ҳамаи мадду ҷазр ва тӯфонҳои харобкори зиндагиро бо нерӯйи созандаи худ паси сар карда, аз имтиҳони пуршиддати таърих шарофатмандона гузашт ва имрӯз бо сарварии Пешвои худ ба бунёди як ҷомеаи воқеан миллӣ камар бастааст ва умед аст, ки мо дар ҳама ба комёбиҳо муваффақ хоҳем шуд.

Бобишо ДАВЛАТОВ,

подполковник

Previous Post

МАШВАРАТИ КОРӢ

Next Post

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook