Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ — ҶИЛАВГИРӢ АЗ ХАРОҶОТИ ЗИЁДАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.05.2024
in Хабар
0
ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ — ҶИЛАВГИРӢ АЗ ХАРОҶОТИ ЗИЁДАТӢ
0
SHARES
285
VIEWS
Share on Facebook

Анъана ва ҷашну маросим ҳамеша муносибатҳои иҷтимоиро танзим намуда, тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамоянд ва ҳаёти иҷтимоии одамонро рангин мегардонанд.

Ҳамзамон анъана ва ҷашну маросим дар ҳамфикрӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии миллат аҳамияти муҳим доранд.

Мутаассифона, дар тули қарнҳо ба анъана ва ҷашну маросими кишварамон тағйироти зиёд ворид шуданд, ки боиси исрофкорию хароҷоти беҳуда ва воситаи худнамоишдиҳию шуҳратпарастии баъзе аз афрод гардиданд. Анъана ва ҷашну маросим, мисли ҷашни зодрӯз, маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста (гаҳворабандон, мӯйсаргирон, хатнасур ва ғайраҳо), тӯйи домодию арӯсӣ (фотиҳа, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, қудоталбон, домодталбон ва ғайраҳо), маросими дафну азодорӣ (ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «чил» ва ғайраҳо), маросими ҳаҷ (ҳоҷиталабон, ҳоҷизиёрат ва ғайраҳо), рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон як низоми муайян надоштанд ва ба буҷаи ҳар як хонавода хароҷоти зиёди молиявӣ ва молиро ворид месохтанд.

Ҳарчанд баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз анъана ва ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзоёни хонавода, хешовандон ва аҳли маҳалла онҳоро сермасраф баргузор менамоянд. Ҳамзамон як бахши зиёди аҳолӣ ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории анъана ва ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии мардуми шарифи Тоҷикистон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Соли 2017 ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад. Пас аз таҳлили ҳисоботи расмӣ, маводи илмӣ-таҳқиқотии дастрас ва мушоҳидаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки қабули ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ натиҷаҳои мусбат додааст. Ботадриҷ расму оинҳои нолозиму хурофотпарастонаи зараровар аз байн мераванд, маблағҳои зиёд ба манфиати мардум сарфа мегарданд, харҷи мардум барои баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим то дараҷае коҳиш меёбад.

Аз ҳама муҳим, сол аз сол сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поён рафта, вазъи зиндагонии иҷтимоии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҳоло ҳар як нафаре, ки барои гузаронидани анъана ва ҷашну маросим имконияти молиявӣ ва моддӣ надорад, бе хиҷолатмандӣ ба талаботи ин қонун такя ва ишора карда метавонад. Имрӯз аксарияти кулли шаҳрвандон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” истиқбол менамоянд ва ботадриҷ зиёдаравию исрофкориҳо дар баргузории анъана ва ҷашну маросим аз байн меравад.

Мутаассифона, имрӯз дар Тоҷикистон нафарон ва хонаводаҳое кам нестанд, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя ва иҷро намекунанд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон 419 ҳолати вайрон намудани қонуни мазкур сабт шудааст.

Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза зарур аст, ки мутахассисони соҳа, зиёиён, рӯҳониён, омӯзгорон ва ҳуқуқшиносон бо воситаҳои гуногун мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба аҳолӣ фаҳмонанд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки риоя ва иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, ташкили зиндагии шоиста ва сазовори аҳолӣ аҳамияти бузург дорад.

Фирӯз Миров,

устоди ДМТ

Previous Post

ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ БОИСИ АФЗОИШИ ҶАВОНПИСАРОНИ ИХТИЁРӢ

Next Post

ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАХСИ СОЛИМФИКРИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАХСИ СОЛИМФИКРИ ҶОМЕАИ МУОСИР

ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАХСИ СОЛИМФИКРИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook