Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Эълон

Тактикаи ҷангӣ дар шароити кӯҳистон

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
16.07.2021
in Эълон
0
Тактикаи ҷангӣ дар шароити кӯҳистон
0
SHARES
320
VIEWS
Share on Facebook

Бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд ҷузъу томи он вобаста ба таъйиноти навъи қӯшун дар минтақаҳои аҳамияти стратегидоштаи мамлакат ҷойгир карда шуда, дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила тамоми шароити зарурӣ ба хизмат дар пойгоҳи ҳамаи қисму воҳидҳои низомӣ, новобаста аз мавқеи ҷойгиршавиашон фароҳам оварда шудааст.

Ҳайати шахсии қисми ҳарбии 23441-и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар яке аз минтақаҳои баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, аз тамоми имконоту шароити муосири хизматӣ бархурдор мебошанд. Дар ин қисми ҳарбӣ, баҳри пешбурди хизмати масъулиятноки низомӣ, дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҳайати шахсӣ шароит муҳайё буда, он ба хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сатҳу зинаҳо имкон медиҳад, ки вазифаҳои дар наздашон гузошташударо дар хизмати рӯзмарраи худ сарбаландона иҷро намоянд, таҷрибаи баланди касбӣ гиранд, донишу малакаи худро баланд бардоранд ва дар сатҳи зарурии омодабош қарор гирифта, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз ва амнияту ваҳдати пойдори мардуми ин сарзаминро ба таври ҳамешгӣ таъмин намоянд.

Бо ин мақсад ва ҷиҳати такмили донишу маҳорати касбӣ, афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ, тибқи меъёри пешбинигардида, пайваста бо ишораи ногаҳонии санҷишӣ, аз ҷониби масъулини қисми ҳарбӣ бархезонида шуда, ба машғулиятҳои амалии таълимӣ дар шароити кӯҳистон ҷалб карда мешаванд.

Аз рӯйи тартиб ва ташкилу гузаронидани чунин ҷамъомадҳои таълимӣ,  сарбозони ҷалбгардида ба машқу тамринҳо аввалан бо талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор, муносибат бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ шинос карда шуда, баъдан ба пойгоҳҳои таълимии саҳроӣ, ки он рӯз минатақаҳои душворгузару баландкӯҳ муайянгардида буд, раҳсипор карда шуданд.

Фаъолияти ҷангӣ дар кӯҳсор махсусан, тайёрии пухта ва ҳаматарафаи ҳайати шахсӣ, асбобу анҷом, силоҳ ва техникаи ҷангиро талаб менамояд. Аз ин ҷост, ки мувофиқ ба баргузории машғулиятҳои таълимии онрӯза, дар баробари аслиҳаҳои сабуки оташфишони ҷангии вобасташуда ба ҳайати шахсӣ, ҳамчунин аз техникаҳои зиреҳпӯш ва мошинҳои махсус низ истифода карда шуд. Дар воқеъ, истифодаи техникаву мошинҳои махсуси зикргардида ва корбарӣ аз силоҳҳои ҷангии онҳо дар шаротии кӯҳии мамлакати мо, басо ҳам мусоид буда, ҷиҳати омӯзиш, мутобиқгардонии он ба шароити маҳал ва зам намудани роҳу усулҳои нави тактикӣ дар пояи истифодаи ин навъи техникаҳо, пайваста экипажҳои чангии он ба машғулиятҳои саҳроии амалӣ-тактикӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳайати экипажҳоро, ки асосан ронанда ва нишонгирону тирандозон ташкил медиҳанд, онҳо низ дорои қобилияти хуби ҷангӣ ва тактикаи ташкил намудани ҳама гуна амлиёт дар кӯҳистон мебошанд. Зеро, ба қавли худашон зарбаҳои оташини онҳо ҳамеша маҳвкунандаву нобудсози душман мебошад.

Дар ин машгулиятҳои таълимӣ, ки амалан сурат мегирифт, хайати шахсии ҷалбгардида ба он, аз ҳама имкониятҳо, роҳу усулҳо ва аёниятҳову таҷҳизоти дар шароити кӯҳсор ва дашту саҳро лозим, васеъ истифода мебурданд, то ки нозукиҳои мавзеъ ва маҳалли ҷойгиршавиву вобастагардида ба худро дуруст омӯзанд, амалу чораҳои ноаёнкуниро иҷро кунанд ва дар ҳолати зарурӣ бо ишғол намудани мавқеи мудофиавии худ ба ҳама гуна машғулияту амалиёти таълимӣ-ҷангӣ шурӯъ намоянд.

Барои ин, ҳайати шахсиро зарур аст, ки пайваста дар пайи омӯзиши нозукиву махсусиятҳои тактикаи ташкили амалиёт дар шароити кӯҳистон, дараҳои пурмонеаву мушкилгузар ва дигар мавзеъҳои кӯҳӣ бошанд.

Кӯҳистони ҳудуди мамлакати мо, алалхусус баландкӯҳҳои шарқи ҷумҳурӣ, ки дорои талу теппаҳои касногузар, дараҳои пурмонеаву мушкилгузар ва нишебиҳои хафнок мебошад, он ҳар як афсару сарбози тоҷикро водор месозад, ки чолоку тобовар, қатъиву ҷасур бошанд, техникаи кӯҳнавардиро дуруст истифода бурда тавонанд ва пеш аз ҳама, тайёрии махсуси кӯҳӣ дошта бошанд. Зеро, аҳамиятнокии хавф дар кӯҳҳо ва роҳҳои канорагирии онҳо, тавонистани рафъи монеаҳои кӯҳӣ, дар ин маврид истифода бурдани асбобу анҷом ва либоси махсус иҷрои вазифаи ҷангиро дар ҳар вақти мавсими сол ва шабонарӯз таъмин менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳалли кӯҳӣ, шароити хоси иқлими худро дорад. Бо зиёд шудани баландӣ фишори ҳаво, фишори ҷузъии оксиген, ҳамчунин ҳарорати ҳаво низ паст мешавад. Аз ин рӯ, дар кӯҳҳо нисбат ба ҳамворӣ, ҳайати шахсӣ шиддатнокӣ ва пурбории калони ҷисмонӣ ва асабӣ-рӯҳиро ҳис менамоянд.

Рафъи монеаҳои кӯҳӣ, иҷрои давр зада гузаштан ва иҳота кардан, ба ҳадафҳо кушодани оташ аз кунҷҳои гуногуни ҷой, партофтани норинҷакои дастӣ ва дигар амалҳо аз бисёр ҷиҳат аз сифатҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣ-равонӣ ва касбӣ-ҳарбӣ, ки он дар машғулиятҳои тайёрии ҷисмонӣ ва махсус инкишоф ва такмил дода мешавад, вобаста мебошад.

Умуман, ҳайати шахсии ин қисми ҳарбӣ, вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва маҳалли пешбурди хизмати пурмасъули низомии хеш, сатҳи баланди омодагии ҷангӣ ва тайёрии махсуси кӯҳӣ дошта, бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатар ва мубориза бо таҳдидҳои эҳтимолӣ ҳамеша омода мебошанд.

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

 

 

 

 

 

 

Previous Post

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

Next Post

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook