Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАКМИЛИ МАҲОРАТ-ОМОДАГӢ ДАР НАБАРД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
16.01.2024
in Хабар
0
ТАКМИЛИ МАҲОРАТ-ОМОДАГӢ ДАР НАБАРД
0
SHARES
177
VIEWS
Share on Facebook

Тақвият бахшидани донишу малакаи касбии низомиён, такмили маҳорати соҳавӣ ва сайқал додани таҷрибаи пешқадам дар самти пешбурди хизмати шабонарӯзии ҳайати шахсӣ ин ҷорӣ намудани роҳу усулҳои наву муосири омӯзишӣ дар фаъолияти рӯзмарраи ҷузъу том маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ҳамасола вобаста ба давраҳои якум ва дуюми омӯзишӣ дар Қуваҳои Мусаллаҳ, бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо ва командирони сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ ҷамъомаду машғулиятҳои мухталифи назариявӣ ва амалии саҳроӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Бо ҳамин тартиб, ҷамъомади методӣ-таълимӣ бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии ин ниҳоди қудратӣ давоми 2 рӯз дар пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳ ва машқгоҳи “Фахробод”-и вилояти Хатлон ташкилу ба роҳ монда шуд.

Ҳадаф аз баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ ин пеш аз ҳама дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, таҷрибаомӯзӣ аз ҳамдигар ва баланд бардоштани масъулият ва сайқали донишу малакаи иштирокчиёни онро дар бар мегирифт. Яъне мароми асосӣ ин ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо, мувофиқ намудани ҳудуди тамоми шаҳракҳои ҳарбӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеъу нуқтаҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи оинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Рӯзи дуюми машғулиятҳои методӣ-таълимӣ дар машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон идома ёфт. Дар чунин ҷамъомадҳои таълимӣ вобаста ба мавзӯъҳои муҳими соҳавӣ ҳар дафъа талаботи нав ва навовариҳои зиёде ворид карда мешавад. Зеро авзои пуртазоди ҷомеаи муосир, низомиёни ҳама зинаҳоро ба он водор менамояд, ки донишу малака, маҳорати касбӣ ва таҷрибаи соҳавии худро дар мубориза бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мутобиқ намоянд.

Аз ин рӯ дар чунин ҷамъомаду машғулиятҳои назариявию амалии саҳроӣ роҳу усулҳои омодагии сафарбарӣ ва марҳилаҳои тайёрӣ ба он, тарзи идора намудани ҷузъу том дар маҳалли амалиёт, мутобиқ намудани вазъи рӯҳӣ-равонии ҷанговарон ҳангоми набард, омӯзишу аз бар намудани мавзеву минтақаи ҷуғрофӣ, тартиби бурдани хизмати қаровулӣ, ҷобаҷогузории наряди шабонарӯзӣ, роҳандозӣ намудани тадбирҳои муҳим дар самти ҳимояи шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва дигар мавзуоти марбут, ки ба сатҳи омодагии ҳамаҷонибаи низомиён мусоидат мекунад, мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ вобаста ба давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар як сол ду маротиба гузаронида мешаванд. Барои гузаронидани чунин машғулиятҳои намунавии методӣ-таълимӣ ҳар як фармондеҳи навъи қӯшун, командирони қисмҳои низомӣ ва афсарону сарбозони вобастаи ҷузъу том, бо кӯмаку дастгирии роҳбарият ва хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа тамоми кӯшишу ғайрати хешро ба он равона мекунанд, то дар муддати як моҳе, ки барои тайёрӣ ба даври навбатии омӯзишӣ пешбинӣ мешавад, тамоми шароитҳои зарурии таълимӣ муҳайё гардад.

Ҳамин тариқ,  қабл аз натиҷагирӣ намудани ҷамъомади 2-рӯзаи методӣ-таълимӣ иштирокчиёни он аз фанҳои гуногуни ҳарбиву ҷисмонӣ, тарзи идора намудани ҷузъу том, воҳидҳои ҳарбӣ, омодабошии ҷангӣ ва оид ба дигар мавзӯҳои соҳавӣ дар назди афсарони масъули Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ санҷиш супурданд.

Дар охири ҷамъомад ва зимни натиҷагирӣ аз машғулиятҳои методӣ-таълимӣ, муовинони вазири мудофиа доир ба дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба низомиёни кишвар сухан гуфта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, иҷрои саривақтии ҳама вазифаву ӯҳдадориҳои хизматӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, волоияти қонун, ривоҷ бахшидани соҳаи ақибгоҳӣ, бунёди заминаҳои хуби моддӣ-таълимӣ, фароҳам овардани шароитҳои хуби маишиву таълимӣ ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ иштирокчиёни ҷамъомадро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

полковник

Previous Post

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯҲО»

Next Post

КОРРУПСИЯ-МОНЕА БА СУБОТУ ОРОМИИ МАМЛАКАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КОРРУПСИЯ-МОНЕА БА СУБОТУ ОРОМИИ МАМЛАКАТ

КОРРУПСИЯ-МОНЕА БА СУБОТУ ОРОМИИ МАМЛАКАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook