Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАКМИЛИ МАЛАКАИ КАСБӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.07.2024
in Хабар
0
ТАКМИЛИ МАЛАКАИ КАСБӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ
0
SHARES
98
VIEWS
Share on Facebook

Афсарони сохтори идории Вазорати мудофиа, ҷузъу томи зертобеи он ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зимни ҷамъбасти ҳар як давраи омӯзишӣ ба машғулияту ҷамъомадҳои методӣ-таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Чунин як ҷамъомад бо иштироки сардорони ситоду муовинони онҳо, афсарон оид ба сафарбарии ҷузъу том, намояндагони хадамоти қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбии қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии ин ниҳоди қудратии кишвар доир гардид.

Зимни иштирок дар ин гуна ҷамъомадҳо афсарони соҳа вобаста ба рушди илми ҳарбӣ, навгониҳои соҳаи низомӣ дар замони муосир, навовариҳо дар фаъолияти корӣ ва пеш аз ҳама авзои ҳарбӣ-сиёсии минтақаву ҷаҳонро бо ҳам мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳанд. Муҳтаво ва ҳадафи асосии ҷамъомади методӣ-таълимии навбатӣ низ аз ҳамин гуна мавзӯву машғулиятҳо иборат буд.

Қобили қайд аст, ки афсарони масъули ситод дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг вазифаҳои муҳим ва ҳам масъулиятноки низомиро бар уҳда доранд. Аз ин ҷост, ки донишу малакаи касбии худро пайваста дар самти ташкил ва дар сатҳи зарурӣ идоракардани ҷузъу том, омодагии ҷангиву сафарбарии қӯшунҳо, ташкили хизмати қаровуливу тартиботи дохилӣ, риояи интизоми ҳарбӣ ва ахлоқию рӯҳияи ҳайати шахсӣ ва иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои дар наздашон буда, такмилу тақвият мебахшанд.

Бо ин мақсад, дар ҷамъомади навбатӣ низ мавзӯи машғулиятҳои афсарони масъули вобастаи ситод, ки дар ҳайати гурӯҳҳо дар синфхонаву нуқтаҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба омӯзишу баҳрабардории он фаро гирифта шуда буданд, асосан банақшагириву тайёрӣ ва идораи ҷузъу томро дар замони осоишта, ҳолатҳои дигари зарурӣ ва таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ дар бар мегирифт.

Ҳангоми натиҷагирӣ аз машғулиятҳои таълимӣ, ки бо иштироки сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардид, дар рафти он зикр карда шуд, ки мо бояд бо таҳлил ва хулосабардорӣ аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир дар фаъолияти хизматии худ масъулияти баланди корӣ нишон дода, дар маҳалли хизмат назорати дурусти ҷобаҷогузориву нигоҳдории силоҳу техникаҳои ҳарбиро мувофиқи талаботи мавҷуда ба роҳ монем, ҳолати корӣ ва омодабошии доимии онҳоро назорат намуда, дар ин замина, вазифаи асосии худ, яъне хизмати содиқона баҳри ҳифзи марзу буми кишварро дар мадди аввал ва ҳадафи асосии худ қарор диҳем. 

Б. ШАРИФОВ

Previous Post

ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ ОМӮЗИШӢ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ

Next Post

ОМОДАГӢ БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОМОДАГӢ БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ

ОМОДАГӢ БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook