Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАДБИРҲОИ МУҲИМ ДАР САМТИ БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ АҚИБГОҲӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
31.01.2024
in Хабар
0
ТАДБИРҲОИ МУҲИМ ДАР САМТИ БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ АҚИБГОҲӢ
0
SHARES
114
VIEWS
Share on Facebook

Ҷамъомади методӣ-таълимии афсарони соҳаи ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии тобеи марказ, навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томи алоҳидаи низомӣ аз ҷониби ҳайати роҳбарикунадаи самти ақибгоҳи Вазорати мудофиа дар сатҳи баланд ташкилу гузаронида шуд. Ҳадаф аз ташкилу баргузории ин ҷамъомадро афсарони масъули соҳа, пеш аз ҳама иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъминоти моддиву маишии хизматчиёни ҳарбӣ, баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандони соҳаи ақибгоҳ оид ба ташкили таъминоти ақибгоҳӣ дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг ва самарнок истифода бурдани заминҳои хоҷагии ёрирасони назди қисмҳои ҳарбӣ арзёбӣ намуданд.

Ин аст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкилу гузаронидани машғулиятҳои таълимии ба ҷамъомад пешбинигардида, дар пойгоҳи моддӣ-техникии яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Душанбе, тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои пешбурди хизмати ақибгоҳӣ дар шароити саҳро фароҳам оварда шуда, масъулин рафти машғулиятҳои амалии афсарони соҳаро дар хаймаҳои саҳроӣ, ки дохили он фарогири ошхонаву нонпазхонаи саҳроӣ, анбору сардхонаҳо, нуқтаи таъминоти моддиву маишӣ ва дигар нуктаҳои зарурии хизматӣ дар самти ақибгоҳӣ буд  роҳандозӣ намуданд.

Дар ҷараёни машғулиятҳо таъмини навъҳои техникаҳои ҳарбӣ бо сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ низ дар нуқтаҳои таъминоти сӯзишворӣ дар шароити саҳро, ҳангоми иштирок дар машқҳои ҳарбӣ ва зимни иҷрои дигар вазифаҳои хизмативу ҷангӣ нишон дода шуд. Қайд гардид, ки назорати сифат ва дурусту сарфакорона истифода бурдани сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва моеъҳои махсус аз вазифаҳои аввалиндараҷаи афсарони самти ақибгоҳ маҳсуб ёфта, ҳангоми кор бо онҳо риояи талаботи бехатарӣ ҳатмӣ мебошад.

Афсарони ин самти фаъолият дар Артиш, натанҳо таъмин намудани ҳайати шахсӣ бо хӯрока, молу амволи шайъӣ ва таъминоти моддиву техникиро бар ӯҳда доранд, балки онҳо дар қисми ҳарбӣ, машқгоҳи низомӣ ва дар ҳам гуна вазъият барои риояи қоидаҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва ҳифзи муҳити зист низ масъул мебошанд. Аз ин ҷост, ки дар рӯзи дуюми баргузории ҷамъомад дар пойгоҳи Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии  Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тарзи дурусти захира намудан ва нигоҳдории молу маҳсулоти кишоварзӣ, маводи озуқаворӣ ва  амволи шайъӣ нишон дода шуд.

Афсарони оид ба таъминоти ақибгоҳи ҷузъу томи ҳарбӣ дар таҳияи нақшаҳои омодагии ҷангӣ, тайёрӣ ва сафарбарии низомӣ иштирок намуда, иҷрои онро аз рӯйи таъиноти хизматии хеш ба роҳ мемонанд. Зеро, дар вазъияти ҷанг ва ҳангоми ҳар гуна таҳдидҳои эҳтимолӣ низ онҳо вазифаи таъминоти моддиву техникии ҳайати шахсӣ ва пеш аз ҳама ба ҷойи таъйиншуда интиқоли ҳама гуна молу амволи шайъӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро бар ӯҳда доранд. Аз ин рӯ, зимни ҷалб гардидан ба чунин ҷамъомадҳои таълимӣ афсарони соҳибтаҷрибаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиа ба масъулини соҳа бо дарназардошти пешрафти замон ва навовариҳои илмиву техникӣ усулҳои муассири таълимиву таҷрибавиро кор мегиранд, то ки афсарони самти ақибгоҳи қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар ҳама ҳолат барои иҷрои бомуваффақонаи ӯҳдадориҳои масъулиятноки дар наздашон гузошташуда омода бошанд.

 Боқӣ ШАРИФОВ

 

Previous Post

САЙҚАЛИ ТАҶРИБАИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

Next Post

СОЛИ ПУР АЗ КОМЁБӢ БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
СОЛИ ПУР АЗ КОМЁБӢ БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ ҲАРБӢ

СОЛИ ПУР АЗ КОМЁБӢ БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook