Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАБИБОН БА ХУД ДАРДУ БА МО ДАРМОН БАХШАНД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
17.08.2021
in Хабар
0
ТАБИБОН БА ХУД ДАРДУ БА МО ДАРМОН БАХШАНД
0
SHARES
544
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

— Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.
Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед…».

Иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба

Рӯзи табибон дар соли 2020

 

ТАБИБ АЗ НИГОХИ ЗАКАРИЁИ РИЁЗӢ.

Ӯ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?

Донишманди тоҷик, Муҳаммад Закариёи Розӣ чунин гуфтааст:«Касе, ки худро ба хизмати тиб мебахшад, аввало бояд босаводу фурӯтан ва мардумдӯст, бомулоҳиза ва дурандеш бошад. Мақсади ҳалли ҳар масъаларо комилан бифаҳмад. Табиби накӯманиш дорои ахлоқи ҳамидаву шоиста буда, ҳавоси хешро ром мекунад, аз пулпарастиву мансабҷӯйӣ рӯ метобад. Бар замми ин, ӯ бибояд шифогари закию доно бошад».

ҶОННИСОРИИ ТАБИБОН

Донишмандон бар ин назаранд, ки «табиб бояд чашмони уқоб, дасти нарми занона, ақли мор ва дили шер дошта бошад». Охири  соли 2019 ва ибтидои соли 2020, ки бемории коронавирус дар сатҳи ҷаҳон доман паҳн намуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар эҳсос намуд, ки воқеан, нақши табибон дар замони муосир муҳиму назаррас буда, маҳз ин қишри ҷомеа метавонанд, бо хости Офаридгор беморонро аз дами марг наҷот дода, ба онҳо умри дубора бахшанд. Албатта, дар шароити кунунӣ мавзӯи маргу мир гапи дигар аст ва дар фарҷом оид ба ин масъла ишора хоҳем кард. Беш аз ду сол аст, пандемияи коронавирус, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, дар баробари дигар табибони соҳа, бори дигар масъулияти табибони соҳаи низомии кишварро бештар намуд. Агар мунсифона баҳо диҳем, дар ин ду соле, ки бемории коронавирус дар ҷаҳон хурӯҷ намудаву мардумро ба таҳлука овард, заҳматҳои шабонарӯзии табибон, ба назди зану фарзанд нарафтани онҳо,  азхудгузаштанҳову бо Фариштаи марг даст ба гиребон шуданашон шоиситаи таҳсину офарин аст. Хусусан, табибони низомии кишвар барои гирифтор нашудани хизматчиёни ҳарбӣ ба коронавирус, роҳҳои пешгирии ин беморӣ ва солимии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷоннисорӣ карданд.

МАСЪУЛИЯТИ ТАБИБОНИ НИЗОМӢ

Дар ҳама давру замон табибони соҳаи низомӣ масъулияти бештарро доштанд ва имрӯз низ он масъулият даҳчанд гардидааст. Ба ин маънӣ, ки дар арсаи олам паҳн гардидани бемориҳои гуногуне, ки ба ҷони инсонҳо таҳдид мекунад, рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Албатта, тавре зикр гардид, пас аз бемории коронавирус дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заҳматҳои табибон ва манзалати онҳо боло бурда шуд. Вале табибони низомӣ дар ҳолати осоишта ва ҷанг масъулият бузургро бар дӯш доранд. Гузашта аз ин, чандин табибони низомӣ дар майдонҳои набард ҳангоми иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон ба ҳалокат расидаанд. Возеҳу равшан аст, ки табибони низомӣ ҳомиёни Ватан, ҷавонмардоне, ки барои пос доштани Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ ҷоннисорӣ менамоянд, талош меварзанд. Тавре зикр гардид, табиби низомӣ пеш аз ҳама, ба ҳама беморон шифо мебахшад, саломатии муҳофизони Ватан-сарбозону афсаронро бақарор намуда, онҳоро боз дубора ба майдонҳои набард мефиристад, ки масъулияти бузургро талаб менамояд.

Аз суҳбат бо табибони низомӣ бар меояд, ки пас аз барқарор шудани саломатии ҳар хизматчии ҳарбӣ онҳо худро хушбахт эҳсос намуда, пайваста барои роҳу усули нави табобат кардани замони муосир ҷаҳд менамоянд.

ХОТИМА

Сафедӣ рамзи покӣ ва муҳаббати холису  самимист. Шояд ба ҳамин далел шири модарон сафеду поку  беолоиш аст.  Дар воқеъ,  онҳое, ки хилъати сафедро ба бар мекунанд, табиатан нафарони поку нексириштанд. Ба қавли Қутбӣ Киром: «Чун ният пок асту дил по касту пок аст орзу».

Дар ҷаҳони муосир, ки 18-уми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии табибон таҷлил карда мешавад, он  ба зодрӯзи поягузори илми тиб, фарзанди фарзонаи тоҷик-Абӯалӣ ибни Сино рост меояд. Ҳамон Синое, ки  бо шуҳратёр гардидану ба илми тиб асос гузоштанаш аксарияти халқияту миллатҳо аз ӯ ифтихор намуда, иддао доранд, ки Сино аз онҳост. Он Синое, ки ҳар қавму қабилаву миллат аз худ медонад, баҳси дигар аст. Зеро, собит шудааст, ки Сино тоҷик аст ва ҳеҷ осораш ба забони бархе аз ҳамсоякишварҳоямон, ки иддао доранд, эҷод нагардидааст.

Меоем сари мақсад. Онҳое, ки дар ду соли охир, ки наздикону пайвандони хешро аз даст додаанд,шояд бар ин назаранд, ки аз дасти табибон коре наомад, ҷони азизонашонро харида натавонистанд. Натавонистанд, ки бо Фариштаи марг даст ба гиребон шаванд…Чунин инсонҳо набояд фаромӯш созанд, ки асосгузори илми тиб,    Абӯалӣ ибни Сино гуфта буд:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Заҳмату талошҳои табибон дар пешгирӣ ва бартараф сохтани бемории коронавирус шоёни таҳсин аст. Месазад гуфт, ки ин қишри ҷомеа пайваста талош меварзанд, ки ҷомеа солим бошад. Табибони низомӣ бошанд, барои барқарор намудани сиҳатии хизматчиёни ҳарбӣ заҳмати шабонарӯзӣ кашида, рисолати касбиашонро анҷом медиҳанд,ки боиси сарфароист.

Мусаллам аст, ки табиб будан ҳам боиси ифтихор аст ва ҳам дар замони муосир яке аз соҳаҳоест,  хатарноку пурмасъулият. Аз ин рӯ,  аз фурсати мавҷуда истифода намуда, ҳамаи онҳое, ки чунин роҳи мушкилу заҳматталабро интихоб намуданду барои барқарор намудани саломатии инсонҳо камари ҳиммат бастаанд, ҷашни касбиашонро шодбош гуфта, барояшон сиҳатмандиву дарозумрӣ ва саодати рӯзгорро орзумандем.

 

Азимҷон БАДАЛОВ,

 капитан

Previous Post

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- НЕЪМАТИ БЕБАҲО        

Next Post

ТАБИБОНИ НИЗОМӢ-ОФИЯТБАХШИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАБИБОНИ НИЗОМӢ-ОФИЯТБАХШИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

ТАБИБОНИ НИЗОМӢ-ОФИЯТБАХШИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj