Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ТАБИБОНИ НИЗОМӢ-ОФИЯТБАХШИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
18.08.2021
in Хабар
0
ТАБИБОНИ НИЗОМӢ-ОФИЯТБАХШИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ
0
SHARES
76
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахшида ба Рӯзи табибон

Тану ҷисми солим ва рӯҳи қавию бенуқсон муҳимтарин арзиш барои инсон дар зиндагӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин асно барои офиятбахшӣ ва солимии рӯҳу тан дар ҷомеаи муосир пизишкон амал мекунанд, ки барои табобату муолиҷаи эҳтиёҷмандон аз худ саҳми босазое мегузоранд.

Дар ҳайати сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиаи мамлакат, Раёсати тибби ҳарбӣ, дардмонгоҳи низомӣ, госпиталҳои ҳарбӣ ва нуқтаҳои тиббӣ амал менамоянд, ки табибони низомӣ бо азму иродаи қавӣ дар самти муолиҷаву офиятбахшии беморон ва сари вақт расонидани ёрии аввалия ба ҳоҷатмандон аз худ саҳми арзанда мегузоранд.

Соли  1993 дар ҳудуди гарнизони Душанбе нахустин шифохонаи ҳарбӣ, ё худ Госпитали марказии ҳарбии Вазорати мудофиа таъсис дода шуд, ки он аз шуъбаҳои статсионарӣ ва ёрирасон иборат мебошад. Илова бар ин, соли 1995 дар ҳудуди гарнизони Суғд ва соли 2014 бошад, дар вилояти Хатлон низ госпиталҳои ҳарбӣ бунёд карда шуданд.

Тайи солҳои охир бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо назардошти беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар дар муассисаҳои табобатии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ба хусус, дар госпиталҳои ҳарбӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису муоинавӣ боз ҳам хубтару беҳтар гардида, табибони низомӣ бо ифтихору сарфарозӣ аз ин касби пуршарафи хеш, ки ворисони арзандаи Синои бузург маҳсуб меёбанд, пайваста пайи табобату муолиҷаи дардмандонанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар асрҳои 20 ва 21, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешрафту тараққиёти илми тиб ва инкишофи техникаву технологияи навини ташхису муоинавӣ, ба комёбиву муваффақиятҳои назарраси соҳавӣ ноил гардид. Вале дар баробари тараққиёти ин соҳа, пизишкони замони муосир тайи солҳои охир бо авҷи бемориҳои наве дучор мешаванд, ки барои кашф кардану табобат намудани чунин маризиҳо, онҳо ба монеаву мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Дар баъзе ҳолат, зимни муоинаву ташхис ва муолиҷаи ашхоси гирифдори бемориҳои сироятӣ, бо вуҷуди эҳтиёткорона амал намудан, ҷони худро дар хатар мегузоранд. Зеро дар чунин ҳолатҳо, аз эҳтимол дур нест, ки бемории сироятӣ, пеш аз ҳама, ба ҷисму ҷони худи табиб асар намояд.

Далели ин гуфтаҳо, пайдоиши бемории нави сироятии Ковид-19 мебошад, ки ин маризии бисёр хавнок тамоми сайёраро дар ҳолати ғафлат дарёфта, сахт такон дод, ки дар ин асно ягон муассисаи соҳаи тандурустии ҷаҳон дар самти пешгирӣ аз паҳншавӣ ва роҳи табобати ин вабои аср омода набуд.

Бо пайдоиш ва паҳн гардидани бемории нави коронавирус, табибони низомии Вазорати мудофиа низ дар баробари дигар ҳамкасбони худ дар давраи хурӯҷи ин беморӣ ва то кашфу истеҳсоли ваксинаҳои зидди Ковид-19, тамоми кӯшишу талошҳои хешро ба он равона намудаанд, ки ҳадалимкон хизматчиёни ҳарбиро аз мубталои ин беморӣ эмин нигоҳ доранд.

Дар воқеъ, пизишкони ҳама самту соҳаҳо, ба хусус, табибони низомӣ дар фаъолияти кории хеш масъулияти ниҳоят вазнинро бар дӯш доранд, зеро онҳо бо ҷисму ҷони одамон даст ба коранд ва барои офият бахшидани ҳар як шахси бемор низ рӯҳану ҷисман азият мекашанд. Чунин табибон аслан онҳое мебошанд, ки касби худро дӯст медораду аз рӯйи виҷдону масъулият рисолати хешро барои расонидани кӯмаки беғаразонаи тиббӣ ба ҳоҷатмандон дареғ намедоранд. Албатта, ҳар шахс дар симои чунин табибони соҳибкасбу офиятбахш, ҳамрози мушфиқу меҳрубон, ҳамдилу ғамхори дардмандон, муҳофизони Ватан ва ҳимоятгарони рӯҳу танро дида, аз онҳо сипосгузор мешаванд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот, полковник

Previous Post

ТАБИБОН БА ХУД ДАРДУ БА МО ДАРМОН БАХШАНД

Next Post

Мубориза бо терроризм дар партави суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Мубориза бо терроризм дар партави суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Мубориза бо терроризм дар партави суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj