Дар партави сиёсати сулҳҷӯёна ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи 29 – умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ бо як қатор хизматчиёни низомии гарнизони Суғд суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд.
Ҳадаф аз вохурии навбатӣ таҳкими ҳисси ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои сулҳу субот, боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии низомиён арзёбӣ мешавад.

Зимни мулоқоти судманд бо афсарону сарбозони ҷузъу том ва қисму воҳидҳои ҳарбии ҳудуди гарнизони Суғд роҳбарияти мақомоти назоратӣ аз таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба низомиёни кишвар бо хушнудӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар мо бояд баҳри дифои Ватан тамоми донишу таҷриба ва малакаи касбии худро истифода намоем.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист роҳи рушди устуворро пеш гирифта, дар самти бунёди давлатдории навин ба дастовардҳои арзанда ноил гардад.
Артиши миллӣ, ки ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ мебошад, вазифаи муқаддаси худро дар роҳи ҳифзи Истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат садоқатмандона иҷро менамояд.
Маҳз дар шароити имрўза Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун мактаби тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба миллат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ хизмат менамояд. Ҳар як сарбоз ва афсар бо адои хизмати содиқона ба халқу Ватан на танҳо вазифаи шаҳрвандии худро иҷро мекунад, балки дар таҳкими сулҳу оромии ҷомеа саҳми арзишманд мегузорад.

Зимни боздид аз шароити буду бош ва мулоқоту вохӯриҳо бо хизматчиёни ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки имрўз ҳар як хизматчии ҳарбӣ бо эҳсоси баланди масъулият ва Савганди садоқат ба Ватан, барои ҳифзи Истиқлолият ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат омодагии сатҳи баланд дорад.
Риояи қонунуният, интизоми ҳарбӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ аз масъалаҳои дигари суҳбат буд.


Ҳангоми шиносоӣ бо шарту шароит ва вазъи табобату солимгардонӣ дар шифохонаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар гарнизони Суғд, ба ин муассисаи табобатии низомӣ як адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ бо ҳама таҷҳизоти лозимаи тиббӣ тақдим карда шуд.


Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондўстонаи Пешвои миллат барои афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ва бошандагони Мактаб – интернат барои кўдакони ятим ва бепарастори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон дастархони идона ороста шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки чунин суҳбату вохӯриҳо аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, боиси рӯҳбаландӣ ва ифтихори ватандории сарбозон ва ятимону бепарасторон мегардад.







