Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
05.09.2025
in Хабар
0
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
81
VIEWS
Share on Facebook

Муҳтарам генералҳо ва афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Гвардияи миллӣ!

Чорабинии ботантанаи имрӯза ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ дар арафаи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бинобар ин, кулли хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин, собиқадорони Гвардияи миллиро ба муносибати ҷашни бузурги истиқлоли давлатӣ ва рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллӣ, яъне санаҳои воқеан таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва дар иҷрои масъулияти пуршарафи касбӣ, яъне ҳимояи амнияту оромии ҷомеа, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва манфиатҳои давлату миллат муваффақият ва барори кор орзу менамоям.

Гвардияи миллӣ воҳиди махсуси дорои иқтидору имкониятҳои муосир ва омодабошии баланд буда, дар ташаккули низоми мудофиавии мамлакат нақши муҳим дорад.

Он бо мақсади ҳимояи истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар, иштирок дар муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин, барои иҷрои дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти мамлакат гузошта мешаванд, таъсис дода шудааст.

Гвардияи миллӣ мисли дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи барои кишвар бениҳоят вазнину ҳассос ва дар заминаи як бригадаи таъиноти махсус таъсис дода шуд.

Ҳайати шахсии ин ниҳоди ҳарбӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат роҳи хеле душвору сангин, вале пуршарафро сипарӣ карда, номи пурифтихори гвардиячиро бо ҷасорату ҷавонмардӣ ва хизмати содиқона ба давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ҳифз намуд.

Ҳоло Гвардияи миллӣ, ки мо онро ҳамчун рамзи давлатдории навини миллӣ ва бо дарназардошти нишонаҳои таърихи гузаштаи миллати тоҷик таъсис додем, ба як сохтори қудратманди ҳарбии таъиноти махсус табдил ёфтааст, ки ин дар навбати худ, яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии кишвар ва амнияти давлату ҷомеа мебошад.

Афсарону сарбозони гвардия то имрӯз вазифаҳои касбии худро ҳамчун кафили суботу оромии ҷомеа сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Фаъолияти сисолаи Гвардияи миллӣ собит месозад, ки ин сохтори ҳарбӣ ҳоло ба мактаби омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ба давлату миллат содиқу вафодор мубаддал гардидааст.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз хизмат дар сафҳои он мояи ифтихори ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Хотиррасон менамоям, ки хизматчиёни ҳарбии гвардия дар солҳои бисёр ҳассосу тақдирсози ҳаёти халқамон паҳлу ба паҳлу бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, таъмин намудани сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштанд.

Шуҷоату мардонагии гвардиячиёни тоҷик идомаи корнамоиву фидокории ҳазорон нафар родмардони сарзамини аҷдодиамон мебошад, ки хизмат кардан ба марзу бумро рамзи нангу номус, рисолати ҷавонмардонаву ватандӯстона ва хизмат ба падару модар медонистанд.

Зеро ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамчун омили муҳимми тарбияи ватандӯстӣ ва рукни асосии ҷавонмардӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст.

Таъкид месозам, ки хизматчиёни ҳарбии гвардия ва умуман ҳамаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дорои малакаву дониши мукаммал, интизоми қатъии ҳарбӣ, сатҳи баланди касбият, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва намунаи ибрати садоқату ватандорӣ бошанд.

Илова бар ин, онҳо вазифаи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон дар сурате сарбаландона иҷро карда метавонанд, ки мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру қимати истиқлолу озодӣ ва дигар арзишҳои неки миллиро амиқан дарк намоянд.

Фарзандони бонангу номуси Ватан – хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки тавоноии давлат ва устувории пояҳои давлатдорӣ аз ғайрату матонат ва хизмати содиқонаи онҳо, аз ҷумла ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вобаста мебошад.

Ин масъулияти бузургро танҳо тавассути риояи қатъии оинномаҳои ҳарбӣ, сатҳи баланди маҳорату маърифатнокӣ ва маҳорату салоҳияти касбӣ, инчунин, зиракии сиёсӣ ва иродаи мустаҳкам ба ҷо овардан мумкин аст.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани қобилияти мудофиавии мамлакат, касбият ва омодагии ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ дар самти таъминот бо техникаву таҷҳизот ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ ва хизмати онҳо ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ масъулияти ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ торафт зиёд мегардад.

Зарур аст, ки ба хотири муқовимат ба таҳдиду хатарҳои зикршуда фаъолияти ҳайати фармондеҳиву ситодии сохторҳои низомии кишвар ва ҳамкории ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшида шавад.

Дар робита ба ин, роҳбарияти Гвардияи миллиро зарур аст, ки риояи бечунучаро ва ҳатмии қонуният, тақвияти корҳои сиёсиву тарбиявӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳоро таъмин намоянд.

Ман ба садоқату шуҷоати шумо – гурдони далери Ватан, нангу номуси ватандорӣ ва ғайрату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибихтиёр эътимоди комил дорам ва бо итминон изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи пурифтихори худ ва қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан ва халқи тоҷик сарбаландона мебароянд.

Бори дигар ҳамаи шумо – муҳофизони далеру ҷасури Ватанро ба ифтихори ҷашни бузурги истиқлол ва 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо тандурустӣ, иродаи мустаҳкаму рӯҳи қавӣ ва барои Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ ва пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Ҷашни муқаддаси 34-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ муборак, фарзандони далеру шуҷои Ватан!

president.tj

Previous Post

ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook