Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

Суханронӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.08.2022
in Хабар
0
Иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
0
SHARES
228
VIEWS
Share on Facebook

Рафиқон генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозон!

Ҳамаи шумо – фарзандони далеру шуҷои Ватани маҳбубамонро ба ифтихори Рӯзи десантчиён ва 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми десантӣ самимона табрик мегӯям.

Десантчиёни тоҷик ҳамчун яке аз сохторҳои муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли кишварамон ва сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки таърихномаи начандон тӯлонӣ, вале пур аз саҳифаҳои шуҷоату далерӣ доранд, фаъолияти худро соли 1993 дар марҳалаи ниҳоят мураккаби давлатдории навини халқи тоҷик ҳамчун ниҳоди асосии ҳимоякунандаи сохти конститутсионӣ ва таъминкунандаи тамомияти арзии мамлакат оғоз кардаанд.

Мо хуб дар ёд дорем, ки қисму воҳидҳои ҳарбии Артиши миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор доштанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ барои таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо шароити зарурӣ таъмин кардани онҳо тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонид, то ин ки Артиши миллӣ, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба неруи воқеан муосир ва ҳомии истиқлолу озодии давлати тоҷикон, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии орому осудаи мардуми тоҷик табдил дода шаванд.

Неруҳои десантӣ дар ибтидо ҳамчун баталёни алоҳида ташкил карда шуданд ва баробари фароҳам гардидани имконият дар заминаи ин баталён Бригадаи 7-уми алоҳидаи ҳамлаовари десантӣ дар ҳайати панҷ баталён таъсис дода шуда, бо техникаи ҷангӣ ва силоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид ва ба ҳайати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил карда шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз зиёда аз 95 фоизи афсарони бригадаи мазкурро мутахассисони сатҳи баланди касбӣ – хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар ташкил менамоянд.

Ба зиммаи бригада иҷрои вазифаҳои махсусан муҳимми ҷангӣ вогузор гардидаанд, яъне десантчиён вазифаҳои вазнин, махсусан муҳим ва масъулиятнокро ба уҳда доранд.

Бо дарназардошти ин ва барои дар шароити кӯҳӣ омода намудани десантчиён дар мавзеъҳои гуногуни кишвар машқгоҳу марказҳои таълимӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва инфрасохтори муосир ташкил карда шудаанд, ки ҳоло десантчиён дар онҳо малакаву маҳорати худро дар самти анҷом додани амалиёти ҷангӣ дар шароити гуногун, аз ҷумла дар минтақаҳои душвору баландкӯҳ сайқал медиҳанд.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки десантчиёни Тоҷикистон рисолати касбӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди давлату миллат то ба имрӯз содиқона ва сарбаландона иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва амнияти шаҳрвандони кишвар ҷасорату корнамоиҳои зиёд нишон додаанд.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Бригадаи десантӣ тайи 25 соли мавҷудияти ин сохтори низомӣ дар бисёр амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки бо дасисаву дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехостанд вазъи кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд, қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карданд.

Дар ҷараёни муҳорибаҳо ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ даҳҳо нафар афсарону сарбозони неруҳои десантӣ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳаргиз аз ёди мо фаромӯш нахоҳад шуд.

Ҳукумати мамлакат хизмати содиқонаи ҳайати шахсии Бригадаи десантиро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва то ба ҳол зиёда аз 40 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Хотирнишон менамоям, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бо ҷоннисорӣ, ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории фарзандони содиқи Ватан, аз ҷумла десантчиёни далеру шуҷоъ ба даст омадааст ва ҳимояи он имрӯз ҳамчун вазифаи масъулиятноку бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.

Хусусан, вазъи ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ, маҳорату малакаи касбӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.

Бахусус, десантчиён бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо гузошташуда рисолати муқаддас ва масъулияти махсус мебошад.

Шумо — афсарону сарбозони шуҷои Ватан бояд ба хотири иҷрои масъулият ва вазифаи худ, пеш аз ҳама, интизоми қатъии низомӣ ва риояи бечунучарои талаботи ойинномаҳои ҳарбиро таъмин намоед ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон доим омода бошед.

Бори дигар ҳамаи шумо — десантчиёни далеру шуҷои кишвар ва муҳофизони Ватани азизамонро ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантӣ ва Рӯзи десантчиён самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ҷодаи хизмати бошарафатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!

prezident.tj

Previous Post

Иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Next Post

МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ — ВАРЗИШИИ “ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНОН”

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ — ВАРЗИШИИ “ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНОН”

МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ - ВАРЗИШИИ “ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНОН”

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook