Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Муҳтарам намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Мардуми Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо имрӯз сиюмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии худро, ки самараи даврони истиқлоли Ватани маҳбубамон мебошад, дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоянд.
Ин санаи таърихӣ ва ҳамчунин, Рӯзи сарҳадбононро ба мардуми шарифи тоҷик, тамоми сарбозону афсарони далеру шуҷои Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ба ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ самимона табрик мегӯям.
Мехоҳам бо ифтихору сарфарозӣ иброз намоям, ки дар тӯли сӣ соли сипаришуда марзбонони мо қарзи фарзандии худро дар ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан – Модар ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо шуҷоату далерӣ иҷро намуданд ва ин рисолати хешро ҷавонмардона идома дода истодаанд.
Ҷойи ифтихор аст, ки барои тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим мафҳумҳои «замин», «марз» ва «Ватан» аз ҷумлаи унсурҳои муқаддас ва ҳаётан муҳим будааст.
Марздориву марзбонӣ барои тоҷикон ба ҳадде азизу пурарзиш будааст, ки ҳатто фарзандони худро бо ифтихор Марздору Марзбон ном мегузоштаанд.
Масалан, насабномаи пешвои мазҳаби аҷдодии мо Имоми Аъзам нишон медиҳад, ки номи бобокалони ӯ Марзбон будааст.
Ин ном на танҳо гувоҳи тоҷик будани Имом Абӯҳанифа ибни Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон мебошад, балки баёнгари то чӣ андоза арзишманд будани ин мафҳум дар миёни тоҷикон аст, ки гузаштагони пири мазҳаби мо ҳанӯз дар асри ҳафтум номи фарзанди худро Марзбон гузоштаанд.
Аксари фарзандони қаҳрамону ҷоннисори халқи тоҷик, мисли Муқаннаъ, Шерак, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳову садҳо нафари дигар дар тӯли давраҳои гуногуни таърихи тоҷикон барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ муборизаву ҷоннисорӣ кардаанд.
Яъне ҳимояи Ватан ва марзу буми он аз азал дар тору пуди миллати сарбаланди мо сиришта шудааст.
Чунонки борҳо изҳор доштаам, мо Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии худро дар давраи ниҳоят ҳассосу мураккаби таърихи кишвар, бидуни таҳкурсиву шароити одитарину зарурии моддиву техникӣ, яъне амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем.
Яъне дар он айём мо на афсар доштем, на шароит барои ҷой кардани хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон ва на силоҳи ҷангиву техникаи ҳарбӣ.
Мо маҷбур будем, ки ин мушкилотро дар муддати бисёр кӯтоҳ бартараф намоем.
Дар он солҳои ноорому фоҷиабор ба афсарону сарбозони Қӯшунҳои навтаъсиси сарҳадӣ зарур буд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимояи осудагиву оромии давлат ва ҳифзи марзҳои тӯлонии кишварро таъмин намоянд.
Онҳо дар зарфи се даҳсола аз имтиҳону озмоишҳои вазнин, хусусан, дар солҳои аввали ташаккулёбии давлатдории миллиамон бо матонат ва далериву мардонагӣ гузаштанд ва собит карданд, ки ба ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, марзу буми сарзамин ва оромиву суботи давлату ҷомеа қодир мебошанд.
Қӯшунҳои сарҳадии мо аз аввали рӯзҳои таъсисёбӣ то имрӯз ҳамчун сохтори муназзаму муҷаҳҳаз дар хатти пеши муқовимату мубориза бар зидди қочоқи силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ қарор доранд.
Мо имрӯз бо ифтихор иброз менамоем, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба неруи тавонои ҳифзи марзҳои Ватан табдил ёфтаанд.
Тайи сӣ сол хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз қочоқчиён ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар хатти сарҳад зиёда аз 27 тонна маводи мухаддир, 1316 мил силоҳ ва 318 ҳазор адад муҳиммоти ҷангии гуногунро мусодира кардаанд.
Бо дарки аҳаммияти махсуси неруҳои сарҳадбон Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ доир ба фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ ва омодасозии мутахассисони касбӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.
Бахусус, бунёду азнавсозии иншооти сарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарҳадбонон яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар ин самт ба шумор мерафт.
Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ тадриҷан ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонида шуд ва ин кор бомаром идома дорад.
Ҳоло дар қаламрави кишвар 35 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ, 5 гузаргоҳи ҳавоӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан, 25 гузаргоҳи автомобилӣ ва 1 гузаргоҳи дарёӣ фаъолият дорад.
Аз ин шумора 25 гузаргоҳи сарҳадӣ дорои мақоми байналмилалӣ ва 10 гузаргоҳ дуҷониба мебошад.
Дар давоми панҷ соли охир дар ташкили фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Ҳоло барои фаъолияти муътадили мақомоти давлатии назорати хатти сарҳад ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ тамоми шароити зарурӣ ва муосир фароҳам оварда шудааст.
Солҳои охир бо иқдомоти Ҳукумати мамлакат ва дастгирии шаҳрвандони ватандӯст шароити қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳо ба талаботи замон мувофиқ гардонида, 120 дидбонгоҳи нав бунёд ва даҳҳо дидбонгоҳи сарҳадӣ таъмиру таҷдид карда шуданд.
Танҳо соли 2023-юм 75 иншооти сарҳадӣ бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат бунёд ва ба истифода дода шуд.
Умуман, дар зарфи сӣ сол барои Қӯшунҳои сарҳадӣ 505 иншоот бунёд карда шуд, ки ҳамаи онҳо бо шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Яъне имрӯз барои марзбонон тамоми шароити мусоиди пеш бурдани хизмат, зиндагӣ, машқу таҳсил, истироҳат ва варзиш муҳайё мебошад.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки дар ин кор саҳми соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ низ бисёр арзишманд аст ва бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин барномаи миллӣ саҳм гузоштанд, миннатдорӣ баён мекунам.
Яъне соҳибкорони мо акнун аз сатҳи кумаку хайрияҳои маҳдуд баромада, дар ҳимояи марзу буми Ватан низ саҳм мегузоранд.
Таъмини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаи ҳарбӣ низ сол ба сол беҳтар ва маблағгузорӣ ба ин мақсад мунтазам зиёд шуда истодааст.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҷасорату далерӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамеша арҷ мегузорад ва ҳамасола онҳоро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои низомӣ сарфароз мегардонад.
Дар муддати сӣ сол 500 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 2000 оилаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шуда, раванди беҳсозии шароити зисти сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома дода мешавад.
Субҳи имрӯз ҷиҳати бунёди 7 бинои 16-ошёна барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ санги асос гузошта шуд.
Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон шуҷоату фидокорӣ ва хизматҳои шоёни фарзандони бонангу номуси Ватанро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷони худро аз даст додаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Бо дарназардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадиро зарур аст, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмат, омода намудани кадрҳои ҷавон ва таъмини ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти махсус мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарону сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар фаъолияти роҳбарият ва ҳайати фармондеҳӣ мебошад.
Масъалаи омода кардани мутахассисони огоҳу донишманд ва сарбозону афсарони забондонро махсус таъкид менамоям.
Зеро ҳар рӯз тавассути роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба Тоҷикистон меҳмонону сайёҳони зиёд ворид мешаванд ва шумораи онҳо сол ба сол афзуда истодааст.
Баробари дохил шудан ба қаламрави мамлакат аввалин касе, ки онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, маҳз сарҳадбон мебошад ва ин ҳолат дар ташаккули тасаввуроти аввалини онҳо дар бораи кишвар ва миллати мо хеле муҳим аст.
Ҳамзамон бо ин, таъкид бояд кард, ки муҳимтарин масъала дар ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ риояи бечунучарои ойинномаҳои ҳарбӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ мебошад.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва содиқу ватандӯст, хусусан, кадрҳои сарҳадбон эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Тайи сӣ соли сипаригардида, дар маҷмӯъ, беш аз 3500 нафар ҷавонон донишкадаҳои олии сарҳадиро дар дохил ва хориҷи кишвар хатм намуда, ҳоло дар Қӯшунҳои сарҳадӣ содиқона хизмат карда истодаанд.
Ҳоло дар донишкадаҳои олии сарҳадии дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз 800 нафар ҷавонони мо таҳсил доранд.
Бо вуҷуди ин, таъкид менамоям, ки тадбирҳои то имрӯз андешидашуда, бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъи минтақа ва ҷаҳон, моро қонеъ гардонида наметавонанд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадор карда мешаванд, ки корро дар самти мукаммал гардонидани ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо кадрҳои баландихтисос боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Дар ин раванд, зарур аст, ки дар заминаи Донишкадаи олии сарҳадӣ курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда, шумораи ҳарчи бештари афсарон ба ин курсҳо фаро гирифта шавад.
Ҳамчунин, бо дарназардошти талаботи замонаи пешрафти техникаву технологияҳо ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисосе, ки қобилияти истифодаву идора кардани таҷҳизоту воситаҳои навтарини сарҳадбониро дошта бошанд, бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза ниҳоят мураккаб буда, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, ба ҷомеа ва давлатдории мо низ бетаъсир намемонанд.
Вазъи ҷаҳонро, инчунин, торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ мураккабу пешгӯинашаванда гардонида истодааст.
Дар чунин вазъияти печида масъулияти ҳамаи сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, марзбонон даҳчанд меафзояд.
Онҳо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошанд ва омодагии худро ҳамеша дар сатҳи баланд нигоҳ доранд.
Дар баробари ин, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадиро зарур аст, ки ҳамкории худро бо ҷузъу томҳои марзбонӣ таҳким бахшида, барои устувории хатти сарҳади давлатӣ чораҳои муштараки ҳамоҳангшударо амалӣ созанд.
Дар шароити баамаломадаи кунунӣ корро тавре ба роҳ бояд монд, ки аз сарбози қаторӣ сар карда, то афсарони баландрутба бояд дорои сатҳу салоҳияти баланди касбӣ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқ бошанд.
Марзбонони далеру шуҷои мо бояд хуб дарк намоянд, ки хизмати содиқона ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, инчунин, ҳимояи марзу буми он мероси гаронбаҳои аҷдоди сарбаланди мо ба ҳисоб меравад.
Ҳимояи амнияти давлат, оромиву суботи ҷомеа ва зиндагии осудаву заҳмати созандаи ҳар як шаҳрванди мамлакат рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандиву ҷавонмардонаи ҳар як низомӣ, аз ҷумла сарҳадбонон мебошад.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳар як хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ садоқати худро ба Ватан – Модар бо хизмати шоиста, такмили пайвастаи донишу малакаи касбӣ, маданияти баланди шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии солим, зиракиву ҳушёрӣ, ҷасорату далерӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз ҳама боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат собит менамояд.
Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки шумо – марзбонони шуҷоъ – дар ҳифзи марзу буми Ватан ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон рисолати сарнавиштсоз доред.
Ба шумо дар иҷрои ин рисолати басо мушкил, вале бошарафу пурифтихор барори кор мехоҳам.
Бори дигар ҳар яки шумо – муҳофизони шуҷои марзу буми Ватан ва ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба ифтихори сисолагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, хонаи обод, иродаи қавӣ ва хизмати бошарафона орзу менамоям.
Ҷашн муборак, ҳомиёни далеру шуҷои марзҳои Ватан!
prezident.tj