Ҳамватанони азиз!
Дар ибтидо сокинони сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Лахш ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон, ки барои мардуми мо рӯзи воқеан таърихиву тақдирсоз ва ҷашни муқаддасу бузург ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.
Барои дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқона ба хотири пешрафти Ватан, инчунин, истиқболи самимӣ арзи сипос менамоям.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Ватани азизамон пайваста рушду тараққӣ карда, дар натиҷаи ғамхориву таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Лахш ба таври бесобиқа ободу зебо гардида истодаанд.
Масалан, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1,7 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
Аз ҷумла ҷиҳати пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 425 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардидаанд.
Тайи 33 соли сипаришуда барои сохтмону таъмир ва таҷҳизонидани мактабҳо, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бунёду таҷдиди роҳҳо, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ амалӣ карда шудааст.
Ҳоло татбиқи боз 4 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо 14 миллион сомонӣ азхуд гардидааст.
Дар ин давра дар ноҳия маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 362 миллион сомониро ташкил дода, даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар 15 соли охир бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба сокинони эҳтиёҷманди ноҳия 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби низоми бонкӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ 288 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки 271 миллион сомонии он қарзҳои хурд мебошанд.
Аз 114 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия Лахш барои солҳои 2021 – 2025, ки барои беҳсозии шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудаанд, танҳо 66 лоиҳа ба маблағи 48 миллион сомонӣ ё 30 фоиз амалӣ гардидааст.
Бо дарназардошти он ки барои татбиқи пурраи 48 лоиҳаи дигари барнома вақти кам боқӣ мондааст, ҳолати мазкур нигаронкунанда мебошад.
Бинобар ин, зарур аст, ки кор дар самти ҷалби бештари сармоя тақвият бахшида, доир ба татбиқи барномаи зикршуда ва лоиҳаҳои банақшагирифташуда чораҳои муассир андешида шаванд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду таҷдиди 124 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар 45 иншоот ё 36 фоизи нақша ба анҷом расонида шудаанд.
Мо имрӯз санги асоси бунёди қасри фарҳангро бо 450 ҷойи нишаст, инчунин, шуъбаи маорифи ноҳияро гузоштем ва дастур додем, ки сохтмони ҳар ду иншоот дар муддати ду сол ба анҷом расонида шавад.
Инчунин, бо мақсади дастрасии беҳтари аҳолӣ ба оби босифати нӯшокӣ дар маркази шаҳраки Ваҳдат хатти иловагии обрасонӣ барои 500 хоҷагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар деҳаи Сарипули деҳоти Истиқлол аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар майдони 10 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки дар шароити ноҳияи дурдасти кӯҳистон иқдоми нек ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин, дар маркази шаҳраки Ваҳдат корҳои мумфаршкунӣ ва чароғонкунӣ иҷро гардида, симои шаҳракро боз ҳам зебо намудаанд.
Бовар дорам, ки бо ҳамкории аҳолӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша корҳои сохтмону ободкорӣ дар иншооти пешбинигардида сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Лахш дар шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, ба хотири фардои боз ҳам ободу осуда сарҷамъона заҳмат кашида истодаанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ андешидаи Ҳукумати мамлакат, хусусан, дар зарфи солҳои охир рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таъмин ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Лахш хеле беҳтар гардида истодааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо дар ҳудуди ноҳияи Лахш 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои барқарорсозии соҳаи энергетика, сохтмони хатти интиқоли барқ ва иқтидорҳои иловагии истеҳсоли неруи барқ ба маблағи умумии беш аз 50 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.
Барои раҳоӣ намудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои зиёд амалӣ гардидаанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳияҳои водии Рашт 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст.
Аз ҷумла дар ин самт дар ҳудуди ноҳияи Лахш 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 960 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи он бунёди 255 километр роҳ ва 15 пул амалӣ гардидааст.
Дар натиҷа танҳо дар 6 моҳи соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 7 фоиз ва мусофиркашонӣ 18 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш сол ба сол рушд карда, бо зиёд гардидани майдони кишти зироатҳо, боғҳои нав ва саршумори чорво истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфтааст, ки ин дар навбати худ, ба зиёд шудани ҷойҳои кории нав мусоидат намудааст.
Бо мақсади боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани сокинон, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ солҳои 1995 – 1997 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ба сокинони ноҳияи Лахш 1450 гектар замини корам ҷудо карда шуда буд.
Илова бар ин, бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар солҳои охир 330 гектар заминҳои нав аз худ гардида, 5,3 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ таъмиру барқарор ва 825 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Соли 2023 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 435 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар 2,8 баробар, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 4,8 баробар ва маҳсулоти чорвопарварӣ 16 фоиз зиёд мебошад.
Дар 33 соли соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Лахш майдони кишти картоша 3,4 баробар, сабзавот 4,8 ва боғҳо 5,7 баробар зиёд гардидааст.
Картошкапарварӣ ва боғдорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва даромадноки ноҳия ба ҳисоб рафта, манбаи таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо картошка ва меваи аз лиҳози экологӣ тоза, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Ҳаҷми истеҳсоли картошка дар соли 2023-ум 93 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Хотирнишон менамоям, ки дар ноҳия имконияти то 200 ҳазор тонна афзоиш додани истеҳсоли картошка мавҷуд буда, бо роҳи баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба ин нишондиҳанда расидан мумкин аст.
Вале тибқи таҳлилҳо дар 33 соли соҳибистиқлолӣ ҳосилнокии зироати картошка дар ноҳия аз 210 то 173 сентнер аз ҳар гектар кам шудааст.
Дар ин давра, чорводорӣ дар ноҳия ба таври назаррас рушд ёфтааст, аммо истеҳсоли гӯшт дар муқоиса бо давраи аввали соҳибистиқлолӣ 27 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳа зарур аст, ки доир ба ислоҳи вазъи зикршуда чораҳои мушаххас андешанд.
Бояд гуфт, ки рушди соҳаи саноат дар ноҳияи Лахш асосан аз соли 2010 таъмин гардида, соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10 миллион сомониро ташкил додааст.
Корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 4,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад.
Имрӯз дар ноҳия ҳамагӣ 8 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки аз он 3 корхона дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ таъсис ёфтааст.
Таъкид месозам, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.
Зеро дар сафари қаблӣ хотирнишон карда будам, ки имкониятҳои ноҳия дар самти коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, мева, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, косибӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, тақвияти фаъолияти заршӯйии хусусӣ зиёд мебошанд.
Вале маълум гардид, ки масъулин дар ин самт чораҷӯӣ накардаанд.
Ҳатто истеҳсоли либоси мактабӣ дар ноҳия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, сатҳи таъминнокии он аз ҳисоби истеҳсоли худӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 7 фоизро ташкил додааст.
Ин дар ҳолест, ки бо ташкили коргоҳҳои дӯзандагӣ ҳам хонандагони мактабҳои ноҳияро бо либоси мактабӣ таъмин намудан ва ҳам барои занону духтарони хонашин садҳо ҷойи корӣ муҳайё кардан мумкин аст.
Бо дарназардошти захираву имкониятҳои бузурги ноҳия зарур аст, ки роҳбарияти ноҳия ва вазорату идораҳои дахлдор доир ба бартараф кардани камбудиҳои зикршуда тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ҳамеша ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Лахш 38 бинои нави таълимӣ барои беш аз 8 ҳазор хонанда бунёд шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар баробари дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат саҳми сокинони бонангу номус ва маорифпарвари ноҳияи Лахш низ назаррас мебошад.
Масалан, дар азнавсозиву таҷдиди бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дар деҳаи Майдонтерак барои 650 хонанда, ки имрӯз ба истифода дода шуд, соҳибкори маҳаллӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳияи Лахш, ки дар чунин корҳои хайру савоб саҳм мегузоранд, миннатдории худро баён менамоям.
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани соҳаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳамеша диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар 735 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия, аз ҷумла 25 нафар дар соли 2024 тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанӯз як қатор камбудиҳо, аз ҷумла норасоии синфхонаҳо, таъмирталаб будан ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани муассисаҳои таълимӣ, фарогирии нокифояи муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон ба назар мерасанд.
Дар ноҳия 8 муассисаи таълимӣ таъмирталаб буда, 4 муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон ҳамагӣ 11,5 фоизро ташкил медиҳад, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати маориф ва илм бояд барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маорифи ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли зиё ва фаъолон бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасоз диққати ҷиддӣ диҳанд ва ба онҳо барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтарин муҳайё созанд.
Мо бояд ба ҷавонону наврасон, яъне фарзандонамон моҳият ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем, то онҳо ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат ва огоҳу донишманд ба камол расида, дар оянда ба Ватан, давлат ва халқи худ содиқона хизмат кунанд.
Ман андешаҳои худро дир ба ин масъалаҳо чанд рӯз пештар дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш муфассал баён намудам.
Таъкид менамоям, ки иҷрои дастуру супоришҳои додашуда аз ҷониби роҳбарону масъулон, омӯзгорон, падару модарон ва фаъолони ноҳияи Лахш низ ҳатмӣ мебошад.
Ҳамчунин, зарур аст, ки доир ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои соҳаи тандурустии ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Зеро ман борҳо иброз дошта будам ва бори дигар такрор менамоям, ки саломатии миллат – боигарии давлат мебошад ва ҳамаи кору фаъолияти мову шумо аз саломатӣ вобастагии зиёд дорад.
Эътимоди комил дорам, ки сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Лахш минбаъд низ ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии Тоҷикистони азизамон дар амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он саъю талош мекунанд.
Бори дигар сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 33-солагии истиқлоли Ватани маҳбубамон табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, сулҳу осоиш ва комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша хушбахту сиҳатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!
prezident.tj