Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

«СУРУДИ САРБОЗ» ИСТЕЪДОДҲОРО ДАРЁФТ МЕКУНАД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.02.2021
in Хабар
0
«СУРУДИ САРБОЗ» ИСТЕЪДОДҲОРО ДАРЁФТ МЕКУНАД
0
SHARES
417
VIEWS
Share on Facebook

Мусаллам аст, ки ҳамасола дар арафаи Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати мудофиа фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» байни қисмҳои ҳарбии Вазорати мазкур гузаронида мешавад. Ҳамзамон, ҳадаф аз гузаронидани озмуну чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ тарғиби ҳаматарафаи хизмати ҳарбӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.

Ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳо ва муассисаҳои Вазорати мудофиа фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» баргузор гардид. Дар оғози озмун полковник Абдусаттор Шоҳиён-муовини Вазири мудофиа зикр намуд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ҳамасола байни қисмҳои ҳарбӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳо, тарғиби хизмати ҳарбӣ ва тарбияи ватандўстии хизматчиёни ҳарбӣ гузаронида мешавад, ки дар фарҷоми чорабинии мазкур ғолибон бо мукофоти моливу пулӣ қадрдонӣ мегарданд.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаю чорабиниҳои Вазорати мудофиа қабл аз таҷлили 28-умин солгарди Артиши миллӣ дар байни қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизонҳои Душанбе ва Хатлон фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» баргузор гардид. Ифтитоҳи он дар «Кохи афсарон» доир шуда, баъдан дар толори қисми ҳарбии 02615 «г» идома ва ҷамъбаст гардид.

Вобаста ба ҳунару маҳорати ҳар яке аз қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо аъзои ҳакамон баҳогузорӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  солҳои 2019-2021-умро «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар озмуни зикргардида низ яке аз мавзўъҳои асосӣ тарғиби сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буд. Сарбозоне, ки бо садоқаташон ҳомии халқу Ватани азизи хеш мебошанд, бо руҳияи баланди ҳарбӣ барои баланд бардоштани фарҳангу санъат ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда доранд, дар озмуни хуб ҳунарнамоӣ карданд.

Дарвоқеъ, сарбозону курсантон аз иҷрои шартҳои озмун баромаданд. Ҳамчунин, дастаҳои ҳаваскори қисму воҳидҳои низомӣ маҳорату малакаи хуби санъаткорӣ, рақсу сурудхонӣ нишон дода, аз уҳдаи навохтани асбобҳои мусиқии мардумӣ сарбаландона баромаданд. Мазмуну мундариҷаи хори умумӣ, хониши бадеӣ ва суруди яккаи  иштирокчиёни озмун дар руҳияи ватандўстӣ, садоқат ба Ватан ва аз Савганди ҳарбӣ иборат буд. Беҳтарин шеърҳои ватандўстӣ ва дар васфи модару Тоҷикистони азиз садо доданд. Саҳначаҳои ҳаҷвӣ низ ба фаъолияти афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ алоқамандӣ доштанд.

Бояд қайд намуд, мазмуну мундариҷаи рўзнома ва суратрўзномаҳои деворие, ки ба озмун пешниҳод шуда буданд, аслӣ ва ба ҳаёту фаъолияти қисмҳои ҳарбӣ, ҷуъзу томҳо ва муассисаҳои Вазорати мудофиа алоқамандӣ дошта,  доир ба ҳаёту фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ маълумот дода шуд.

Аъзои ҳакамоне, ки ба чорабинии мазкур ҷалб гардида буданд, чунин баҳогузорӣ намуданд:

Беҳтарин дастаҳои ҳаваскор: ҷойи аввал қисми ҳарбии-02615, ҷойи дуюм қисми ҳарбии-09001, ҷойи сеюм қисми ҳарбии-87740.

Беҳтарин хори умумӣ:ҷойи аввал қисми ҳарбии-07033, ҷойи дуюм, қисми ҳарбии-08010, ҷои сеюмро ду қисми ҳарбӣ, 09001 ва 07017 ишғол сохтанд.

Беҳтарин хониши бадеӣ: ҷойи  аввал насиби қисми ҳарбии-02615, ҷойи дуюм, қисми ҳарбии-09002,ҷойи сеюм, қисми ҳарбии-10040.

Беҳтарин суруди якка: ҷойи аввал насиби  қисми ҳарбии-52403, ҷойи дуюм, қисми ҳарбии-13483, ҷойи сеюмро қисмҳои ҳарбии-08145 ва 13003 ишғол намуданд.

Беҳтарин рақси якка: ҷойи  аввал қисми ҳарбии-87740, ҷойи дуюм, қисми ҳарбии-13483, ҷойи сеюм қисмҳои ҳарбии-08145 ва 12019.

Беҳтарин саҳначаи ҳаҷвӣ: ҷойи аввал қисми ҳарбии-13003, ҷойи дуюм қисми ҳарбии-41008, ҷойи сеюм, қисмҳои ҳарбии-13483 ва 07017.

Беҳтарин тақлидкорӣ: ҷойи аввал, қисми ҳарбии-09001, ҷойи дуюм қисми ҳарбии-02615, ҷойи сеюм қисмҳои ҳарбии-08010 ва 16772.

Беҳтарин навозандагӣ: ҷойи аввал қисми ҳарбии-07033, ҷойи дуюм қисмҳои ҳарбии-09001 ва 02615, ҷойи сеюм қисмҳои ҳарбии-09002 ва 07017.

«Беҳтарин рўзномаҳои деворӣ: ҷойи  аввал қисми ҳарбии-02615, ҷойи дуюм қисмҳои ҳарбии-10040 ва 08145, ҷойи сеюм қисмҳои ҳарбии-16772 ва 87740.

«Беҳтарин суратрўзномаҳои деворӣ: ҷойи  аввал қисми ҳарбии-08145, ҷойи дуюм қисми ҳарбии-06870, ҷойи сеюм қисмҳои ҳарбии-07033 ва 09002 ишғол намуданд..

Ғолибон ва дастаҳои ҳаваскоре, ки дар озмуни зикршуда фаъолона  иштирок намуда, ҳунарнамоӣ карданд, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиа бо туҳфаҳои моливу пулӣ ва ифтихорномаву раҳматнома сарфароз карда шуданд.

Previous Post

ЯКЕ АЗ АВВАЛИН ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ

Next Post

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БА САВГАНДИ ХУД СОДИҚАНД !

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БА САВГАНДИ ХУД СОДИҚАНД !

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БА САВГАНДИ ХУД СОДИҚАНД !

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook